Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги Фатҳиддин деҳаи Зарнисорро мотамзада кард


Сокинони деҳаи Зарнисор дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ду рӯз аст, ки мотам доранд.

Хабари ҳалокати фоҷеабори Фатҳиддин Қурбонбекзода, сокини 28-солаи деҳа дар суқути ҳавопаймои ширкати “Аэрофлот” аҳли маҳалларо мотамзада кардааст.

Ҷасади Фатҳиддинро дар зодгоҳ наздиконаш, аз ҷумла ҳамсараш интизоранд. Фарзанди яксолааш бехабар аз он аст, ки дигар падарашро намебинад. Фатҳиддин Қурбонбекзода аз ҷумлаи 41 нафар қурбонии садамаи ҳавопаймои ширкати “Аэрофлот” мебошад, ки шоми 5 май дар фурудгоҳи Шереметово суқут кард.

“Мегуфт, ба командировка меравад”

Фахриддин Қурбонбекзода, амаки Фатҳиддин мегӯяд, бо гузашти ду рӯз то ҳол хабари фавти ӯро ба падару модараш нарасонидаанд. Волидони марҳум фишори баланд доштаанд ва шунидани ин хабар метавонад вазъашонро бадтар кунад.

Фатҳиддин фарзанди калонӣ буд. Амаки Фатҳуддин рӯзи 8-уми май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷиянаш барои кор аз Маскав ба Мурманск парвоз дошт, ки ба фалокат дучор шуд.

Ӯ гуфт: “Се рӯз пеш аз ҳодиса телефонӣ гап задем. Гуфт, ки аз командировка омадем, ду-се рӯз дам мегирем, боз командировка меравем. Ду-се рӯз истода рафтанд, ки ҳамин ҳодиса шуд.

Фатҳиддин Қурбонбекзода
Фатҳиддин Қурбонбекзода

​Ба гуфтаи амаки Фатҳиддин Қурбонбекзода, ӯ давоми қариб даҳ соли ахир дар Русия ҳамчун челонгар кор мекард. Фатҳиддин дар ҳар 7-8 моҳ як маротиба ба Тоҷикистон меомад ва барои кор боз дубора ба Русия мерафт.

Аз Фатҳиддин Қурбонбекзода як писари яксола дар Тоҷикистон ва як тифли дигар дар Русия ятим монд. Муҳоҷири тоҷик ҳамроҳ бо бародар ва апааш дар Русия мезист.

Наздикони ӯ аз мақомоти тафтишотии рус фаҳмидаанд, ки ҷасади ӯро аз миёни дигар ҷасадҳо шинохта натавонистанд ва бар асоси ташхиси ДНК ҳуввияташро маълум мекунанд.

Нишасти изтирорӣ дар Шереметево

Ба фалокат дучор шудани ҳавопаймо дар фурудгоҳи “Шереметово” бисёриҳоро дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон таконзада кард.

Ҳавопаймои ширкати "Аэрофлот" баъди қариб ним соати бархостан дубора ба фурудгоҳи “Шереметово” нишасти изтирорӣ анҷом дод. Аммо дар лаҳзаи фуруди изтирорӣ ҳавопаймо оташ гирифт ва Фатҳиддин Қурбонбекзода ҳамроҳ бо 40 нафари дигар ҷон дод.

Ҷамолиддин Сулаймонов, раиси деҳаи Зарнисори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯяд, аз сокинони деҳа дар Русия даъват карданд, ки дар интиқоли ҷасади Фатҳиддин Қурбонбекзода кӯмак расонанд. Сулаймонов гуфт, то ҳол касе ҷуръат ҳам намекунад, ки хабари шумро ба падару модараш расонад.

Ба гуфтаи Сулаймонов, ба падару модари муҳоҷири ҳалокшуда танҳо гуфтаанд, ки ӯ дар садамаи ҳавопаймо ҷароҳат бардошт ва зери назорати табибон аст. Фатҳиддин Қурбонбекзода ягона шаҳрванди Тоҷикистон дар миёни қурбониёни садамаи ҳавопаймо дар “Шереметово” аст.

​Ширкати "Аэрофлот" гуфт, ҳангоми нишасти изтирорӣ муҳаррики ҳавопаймо оташ гирифтааст. Ҳавопаймо бо мушкили фаннӣ ё техникӣ ба фурудгоҳи "Шереметево" баргаштааст. Дар оғоз гуфта мешуд, ки садама сабаби фалокат шудааст.

Мақомоти тафтишотии Русия дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз карда ҳодисаро таҳқиқ доранд. Тибқи гузоришҳои ахири расонаҳои русӣ, фарзияи қобили эътимоди тафтишот феълан иштибоҳи ҳавонавардон мебошад.

Ба навиштаи нашрияи “Коммерсант”, мақомоти тафтишотӣ иштибоҳҳои эҳтимолии ҳавонавардон, аз қабили фуруд омадан бо суръати баланд ва бидуни сӯхтани сӯзишвории ҳавопаймо, сарфи назар кардан аз афтодан ба маҳалли раъду барқ ва ғайраро таҳқиқ доранд.

Ҳамчунин тафтишот амалкарди масъулини хадамоти заминиро низ таҳқиқ дорад, ки мумкин аст саривақт натавонистанд ба ҳодиса бархӯрди муносиб кунанд.

XS
SM
MD
LG