Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Беш аз ҳафт миллион сомонӣ." Зарари сел дар ноҳияи Фархор


Фархор, моҳи майи 2024
Фархор, моҳи майи 2024

Зарари сел дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон беш аз ҳафт миллион сомонӣ ҳисоб шудааст. Сел рӯзи 25-уми май дар ин ноҳия даҳҳо хонаро вайрон кард ва сабаби саргардонии чандин оила шуд.

"Зарари расида 7 миллиону 333 ҳазору 388 сомонӣ ҳисоб шудааст. Ин рақамро мақомоти ноҳия доданд," -- гуфт Ҷамшед Маҳмадзода, сардори Идораи ҳолатҳои фавқулода дар Хатлон, рӯзи 14-уми июн ба Радиои Озодӣ.

Маҳмадзода дар идома гуфт, барои бунёди 36 хонае, ки дар ноҳияи Фархор пурра зарар дидааст, ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода пешниҳоди худро фиристоданд. "Умед дорем, ки баъди пурра тоза кардани минтақа аз гил ба сохтмони онҳо оғоз мекунанд," -- афзуд ӯ.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ҳамзамон барои 200 хоҷагие, ки дар натиҷаи омадани сел зарар дида, дар хонаашон обу гил ворид шуда буд, ду даъфа ёрии ғизоӣ расонда шудааст

Дар Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Хатлон гуфтанд, зарари сел ва офатҳои дигари табиӣ дар ҳудуди вилоят имсол беш аз 27 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст.

XS
SM
MD
LG