Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳринисо: "Занони зиндонӣ ба мо бегона ва аз ҷомеа дур нестанд"

Дар зиндони шаҳри Норак бештар аз 500 зану духтар нигаҳдорӣ мешаванд
Дар зиндони шаҳри Норак бештар аз 500 зану духтар нигаҳдорӣ мешаванд

Ҳайате ба раҳбарии вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён рӯзи чоруми март ба дидори занони зиндонӣ ба шаҳри Норак рафтаанд. Ҷое, ки бештар аз 500 зану духтар нигаҳдорӣ мешаванд ва дар байни онҳо занони обистан, бо тифлони хурд ва пиразанон ҳам ҳастанд. Шоир Меҳринисо Бобобекова, узви ин ҳайати расмӣ, рӯзи 9-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дидани занон паси панҷара бисёр сахт буд.

Меҳринисо Бобобекова: "Яке аз занон гуфт, “зиндон, агарчӣ қасри забарҷад ҳам бошад, зиндон аст”. Агар гӯем, ки занҳо дар ҳолати бад буданд, нодуруст аст, вале ҳамаашон бо рӯҳи шикаста буданд. Мо он ҷо тақрибан панҷ соат будем, фақат гиристем. Онҳо ҳам гиря карданд, мо ҳам гиря кардем. Аз дасти мо ҳам чизе намеояд, ки ба онҳо кумак кунем. Эшон ҳам аз мо чизе хоста наметавонистанд. Мо бо онҳо суҳбат кардем. Ин қадар душвор буд, ки мо ба онҳо чӣ гуна муроҷиат кунем ва чӣ гӯем. Ман шеър хондам аз модару зану ватану аз ҳолати инсону сабру фурӯтанӣ ва чунин ҳарфҳо. Онҳо ҳам дар баромадҳои худ аз мо ҳамин қадар хоҳиш карданд, ки “агар шафқат шавад, ба мо озодӣ дода шавад”… Ҳолати Рухшона Ҳакимова хеле аҷиб буд, рости гап, ман хеле гиристам."

Радиои Озодӣ: Бо Рухшона Ҳакимова, хабарнигори зиндонӣ, суҳбат карда тавонистед?

Меҳринисо Бобобекова: "Бале, як ман не, ҳама суҳбат кардем. Бо Рухшона аз чӣ хотир? Аз он хотир, ки ӯ озод буд, камера (дастгоҳи наворбардорӣ) дар дасташ буд, ҳар куҷо мерафт, акс мегирифт. Ҳолаташ хуб буд. Бо ҳамон қомати баланд, рухсораи зебо, бо ҳамон матонату ҷасорате, ки дар чеҳраи ӯ ҳувайдо буд. Ман пештар ӯро надида будам, аксҳояшро дида будам. Вақте дидам, ӯро шинохтам. Худамро дар ҳолати ӯ тасаввур кардам, рости гап, бароям хеле сахту сангин буд."

Видеоро дар инҷо бинед:

Занони зиндонии тоҷик хостаанд, онҳоро афв кунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Радиои Озодӣ: Вазъи дигар зиндониҳоро чӣ гуна дарёфтед?

Меҳринисо Бобобекова: "Беш аз 500 нафар дар он ҷо буданд. Гумони ман ин ки беморгуна набуданд, ман онҳоро хеле шикаста дарнаёфтам, аммо зиндон – зиндон аст. Ҳамеша дар як ҳолате будам, ки мо ҳоло аз ин ҷо ба берун мебароем, вале ин занҳо дар ин чор девор мемонанд. Яъне худро чӣ гуна эҳсос мекунанд? Ҳамчун зан, рости гап, ман то имрӯз ба худ омада наметавонам, ки чаро чунин аст? Лекин бе қонун ҳам намешавад. Вақте қонун вайрон шуд, албатта, онҳоро ҳамин хел бе гуноҳу бе ҳеч чиз бурда дар он ҷо ҳабс накардаанд. Яъне чизе будааст. Инро, албатта, ман қазоват карда наметавонам. Қазоват ба ҳамон шахсоне аст, ки ҳукм мебароранд, қазоват ба онҳое аст, ки онҳоро аз ҳаққи озодӣ маҳрум мекунанд. Яъне ҳамин чизҳо барои ман хеле дарднок буд."

Радиои Озодӣ: Ба фикратон, рафтани шумо аз ҷониби онҳо чӣ гуна пазируфта шуд?

Меҳринисо Бобобекова: "Ман то дидор ҳолати онҳоро дигаргуна тасаввур мекардам. Вақте онҳо суҳбат кардаву ашк мерехтанду дили худро холӣ мекарданд, диданд, ки мо ҳам ашк мерезем, яъне онҳо ба мо бегонаю аз ҷомеа дур нестанд. Онҳо ба ҷомеа нолозим нестанд. Онҳо ҳам мисли мо ҳаққу ҳуқуқ доранд. Мо, ки мардуми мусалмон ҳастем, ба қисмату тақдир тан медиҳем. Яъне қисмату сарнавишти онҳо чунин будааст. Он ҷо иброз доштам, ки “бузургтарин инсонҳо ҳам аз зиндон гузаштаанд ва баъдан ба қуллаҳои баланди зиндагӣ расидаанд. Шояд ҳам дар байни шумо инсонҳое бошанд, ки дар оянда ба қуллаҳои баланд расанд. Ин ҷо озмоишгоҳ аст, ҷои андеша аст, ки шумо бинишинед ва ба дарки зиндагӣ бирасед, ки чаро чунин аст?” Агар воқеан ҳам гунаҳкор бошанд, шояд андеша кунанд. Онҳое, ки худро гунаҳкор эҳсос намекунанд, ба сарнавишти худ тан медиҳанд. Фикр мекунам, ки рафтани мо ба дидори хоҳарону модарони мо, зарур буд, чун он ҷо занҳои калонсол ҳам буданд, занҳои ҳомила, занҳое бо фарзандонашон буданд, занҳое бо аробачаҳои кӯдакона буданд. Ман дидам, ки зиндонбонҳо ҳам ашк мерехтанд, онҳо ҳам намехоҳанд, ки занҳо дар зиндон бошанд. Бо меҳрубонӣ мегуфтанд, “мо “Шоҳнома”-хонӣ мекунем”. Занҳо ҳунар меомӯзанд: дӯзандагӣ, ороишгарӣ, қаннодӣ. Онҳо аз ин ҷо бароянд ҳам, дар кӯча намемонанд, яъне ҳунареро азхуд мекунанд."

Радиои Озодӣ: Ба фикри шумо, ҳосили ин мулоқот чӣ буда метавонад?

Меҳринисо Бобобекова: "Ин мулоқот бо супориши сарвари давлат барпо шуд ва вазир ҳам шояд аллакай ба он кас гуфтанд, ки вохӯрӣ чӣ гуна гузашт. Ман умедворам, фикр мекунам, ки сарвари кишвар як иқдоми хеле бузургро дар арафаи 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон ба даст мегиранд ва шояд на ҳамаашон, лекин қисми зиёдашон аз зиндон озод карда мешаванд. Ба фикри ман, ҳеч кас бояд дар зиндон набошад. Инсон худро бе ин ҳам гирифтори зиндагӣ мебинад, лекин ором нафас мекашад дар иҳотаи дӯстону азизонаш. Агар аз ин ҳам маҳрум шавад, ба фикрам барои инсон бисёр сахт аст. Орзу дорам, ҳеч кас зиндонӣ набошад, ҳатто душмани инсон ҳам."

XS
SM
MD
LG