Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар дод, ки маркази зилзила дар 32-километрии шимолу шарқи шаҳри Хоруғ (Вилояти Мухтори Кӯҳистиони Бадахшон) аст.
Ба иттилои манбаъ, шиддати заминларза дар марказаш 5 дараҷаи Рихтер ва дар шаҳри Хоруғ 3-4 дараҷаро ташкил дод.
Дар бораи талафоти ҷониву хисороти дигар гузориш нарасидааст.
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст.
Ҳар сол дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.
Бар асари заминларзаи моҳи марти соли 2023 садҳо кас дар Тоҷикистон зарар диданд.