Як ширкати хориҷӣ, ки дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе масъулияти сабти номи мусофирон, яъне регистратсияро ба дӯш дорад, корро қатъ намуда, мунтазири он аст, ки фурудгоҳ пули онҳоро пардохт кунад. Ҳамин манбаъ меафзоянд, ки сар аз 23 ноябр ширкати швейтсарии “Заман АГ” корро мутаваққиф намудаву ҳоло регистратисияи мусофирон, ки қаблан ба таври автоматӣ сурат мегирифт, дастӣ иҷро мешавад. Яъне корти парвози мусофирон ва корти бори онҳо дастӣ навишта мешавад. Ба қавли ин ширкат, яке аз сабабҳои таъхири парвозҳо ҳам маҳз ҳамин таъхир дар регистратсияи мусофирон будааст.
Дар як сӯҳбати телефонӣ бо масъули ширкати “Заман АГ” Маркус Нидерҳаусер, ки дар қароргоҳи ширкат дар Швейтсария қарор дорад, хостем, ки ин хабарро шарҳ диҳад. Маркус Нидерҳаусер дар сӯҳбат бо Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт:
- Бале, сар аз 23 ноябр мо системаро мутаваққиф кардем ва фурудгоҳ маҷбур аст, номнависии корти мусофирону бору бағоҷи онҳоро дастӣ иҷро кунад. Вале мо мехоҳем ба кор баргардем. Ду сол инҷониб корамон хуб буд, вале ҳаққи заҳмати мо низ набояд фаромӯш шавад. Ман намедонам, ин мушкил аз куҷо сар задааст, вале ҳалли он муҳим аст.
Маркус Нидерҳаусер гуфт, ҳаҷми қарзи пардохтношударо фош карда наметавонад. Аммо тибқи иттилои Озодӣ, сухан аз боби пардохти даҳҳо ҳазор доллар меравад.
Тавре мусофирони шикоят мекунанд, ахиран илова ба мушкили ҷараёни сабтиноми мусофирон масъалаи таъхир дар интиқоли бори онҳо низ дар миён будааст. Мусофирон мегӯянд, ки ҷараёни бозпас гирифтани бор аз ҳавопаймо ва баргардонидани он ба мусофирон гоҳо то як соат идома мекунад. Маркус Нидерҳаусер мегӯяд, ки ин мушкил ба худи фурудгоҳ бастагӣ дошта ширкати “Заман АГ” танҳо бо мусофироне кор мекунад, ки ба сафар мебароянд. Вале Нидерҳаусер мегӯяд, агар аз ин ширкат дархост шавад, ки масъулияти бозгардони бори мусоиронро бар душ бигиранд, ин ширкат ҳозир аст ин амалро низ анҷом диҳад. Радиои Озодӣ талош дорад, ки вокуниши мақомоти фурудгоҳи Душанберо ба ин даъво базудӣ дастрас кунад.