Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони "Соли оила". Баъд аз Солҳои оби тоза, тамаддуни ориёӣ ва Имоми Аъзам


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Мақомот ва сокинони Тоҷикистон, ки то кунун "Соли тамаддуни ориёӣ", "Соли бузургдошти Имоми Аъзам" ва... "Соли оби тоза"-ву рушди футболро ҷашн гирифтаанд, имсол аз одоби оиладорӣ ва никоҳу талоқ хоҳанд гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон -- раиси ҷумҳури Тоҷикистон 3 феврал бо судури фармон дар бораи таъини соли 2015 ба унвони “Соли оила” пешниҳоди қаблияшро расмӣ кард. Ӯ рӯзи 23 январи соли ҷорӣ ҳангоми ироаи паём ба парлумон бо ишора ба маърифати пасти оиладорӣ ва никоҳҳои хешутаборӣ гуфта буд, соли 2015 “Соли оила” эълон гардад.

Дар оғози фармони нави президент, ки аз ду банд иборат мебошад, гуфта шудааст, ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои хонаводагист. Баъдан, ҳукумати Тоҷикистон муваззаф шудааст, дар муҳлати як моҳ барои иҷрои ин фармон “чораҳои зарурӣ андешад”.

Ҳоло мақомот нагуфтаанд, барои “Соли оила” чӣ барномаву маъракаҳоро дар назар доранд, аммо баъд аз садо додани пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон дар шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон тақрибан ҳар рӯз суҳбатҳо дар бораи оиладорӣ ва никоҳҳои хешутаборӣ пахш мегардад.

Вокуниши сокинон ба эълони "Соли оила":

"Соли оила"... чӣ медиҳад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми имсолаи худ ба парлумон, инчунин, пешниҳод карда буд, дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ одоби оиладорӣ ба роҳ монда шавад. Ҷаноби Раҳмон дар ин суханронияш никоҳи хешутаборӣ байни мардумро барои ҳифзи хонавода дар кишвар зиёнбор дониста ва аз ҷумла ба 18 ҳазор кӯдаки маъюб дар кишвар ишора карда буд, ки аксари онҳо ба қавли ӯ, “ҳосил”-и никоҳҳои хешутаборӣ будаанд.

Ӯ аз мақомоти зирабти кишвар хост, дар ҳамкорӣ бо ҷомеа ин масъаларо омӯхта ва ба ҳукумат тарҳи қонунеро ҳам пешниҳод намоянд.

Тибқи омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар соли 2014 дар Тоҷикистон тақрибан 25 ҳазору 500 кӯдак ва навраси маъюб будаанд, ки 35 дарсадашон аз ҷуфтҳои ба ҳам хеш ба дунё омадаанд. Ба гуфтаи табибон, 40 дарсади кӯдакони то яксола ва аз ҷумла кӯдаконии маъюбе, ки дар Тоҷикистон яксола нашуда мефавтанд, аз модароне ба дунё меоянд, ки бо писари хола, амма ва ё ягон хеши дигари ҳамхуни худ издивоҷ кардаанд.

Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон аз эълони “Соли оила” истиқбол карда ва умед доранд, дар ин муддат талоқи навхонадорон низ коҳиш хоҳад ёфт. Ба иттилои онҳо, танҳо дар соли 2014 дар Тоҷикистон беш аз 9 ҳазор зан аз ҳамсарони худ талоқ гирифтаанд ва ин рақам назар ба як соли аз он пеш 1000 маврид бештар будааст. Кумитаи кор бо занон бо анҷоми як пажӯҳиш коста будани фарҳанги оиладорӣ ва хушунат дар хонаводаро аз омилҳои аслии фурӯпошии хонаводаҳо медонад.

Тоҷикистон то кунун чандин солро ба шахсиятҳову мушкили кишвар бахшида, маъракаҳои мухталифро доир кардааст. То ин дам дар Тоҷикистон аз “Соли тамаддуни ориёӣ”, “Соли оби тоза”, “Соли бузургдошти Имоми Аъзам”, “Соли рушди футбол” ва “Соли илму технология” таҷлил шудааст.

XS
SM
MD
LG