Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоби Ятимов ва сухангӯи президент ба узвияти Академияи илмҳо


Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон
Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон

Саймуъмин Ятимов – раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Абдуфаттоҳ Шарифзода – сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон узви вобастаи Академияи илмҳо интихоб шуданд. Даври ниҳоии интихобот рӯзи 14-уми июл баргузор шуда, ба қавли мақомот, дар маҷмуъ 105 нафар барои 42 курсии академикӣ, узви вобаста ва пайвастаи Фарҳангистони улум рақобат карданд.

Довталаб на камтар аз се забонро бидонад. Бо интернету шабакаҳои иҷтимоӣ кор кунад ва даҳ сол собиқаи докторӣ дошта бошад. Инчунин, пешниҳод кардем, ки озмун тариқи пинҳонӣ ва пӯшида нагузарад.

Қаблан раҳбарияти Академияи илмҳо гуфт, ки шоми ҷумъа натиҷаи ин интихобот дастраси хабарнигорон мешавад. Аммо субҳи шанбеи 15-уми июл Фарҳод Раҳимӣ, раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо қарори маҷлиси умумӣ натиҷаи пурраи интихобот рӯзи душанбе эълон хоҳад шуд.

Ӯ гуфт, ин муқаррароти Академияи илмҳои Тоҷикистон аст: "Рӯзи душанбе, баъд аз тасдиқи рӯйхати интихобшудагон дар ҷаласаи раёсати Академияи илмҳо ба шумо тамоми иттилоъро медиҳем. Ҳамчунин, қоидаҳои нави интихоби академикҳо ва аъзои вобастаро муаррифӣ хоҳем кард."

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон

Бо ин ҳол, Фарҳод Раҳимӣ дар сӯҳбати бидуни микрофон номи чанд нафари пирӯз дар ин интихоботро ба забон овард. Аз ҷумла ӯ гуфт, ки Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон тавонистаанд, аъзои вобастаи Академияи илмҳо шаванд. Ҳарчанд Фарҳод Раҳимӣ дар бораи узвияти Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон, чизе нагуфт, худи ӯ дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ пазируфта шуданаш ба узвияти Академияи илмҳоро тасдиқ кард.

Ба иттилои раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон, Рустам Қудратов, узви Маҷлиси Намояндагон, Ҷӯрабек Назриев, донишманди тоҷик ва чанд нафари дигар натавонистаанд миқдори зарурии овозҳоро барои интихоб ба узвият ва симати академикӣ ба даст биоваранд.

Ҷӯрабек Назриев
Ҷӯрабек Назриев

Ҷӯрабек Назриев рӯзи 15-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "интихобот чандон шаффоф набуд” ва дар ҷараёни он "бозиҳое сурат гирифт”. Ӯ изҳор дошт, ки “гуфтаниҳои зиёд дорад ва ҳатман бо Радиои Озодӣ дар ин бора муфассал сӯҳбат хоҳад кард”. Дар ҷавоб ба ин савол, ки оё мехоҳад аз натиҷаи ин интихобот шикоят бибарад, Ҷӯрабек Назриев гуфт, “чӣ суд аз он ки шикоят мебарӣ, ё не? Аммо дар ин бора гуфтаниҳои зиёде дорам.”

Ҷумъахон Алимӣ, донишманди дигари тоҷик, мегӯяд, дар даври ниҳоӣ ба далели қабул нашудани чанд пешниҳодаш, аз ҷумла дар мавриди шаффоф гузаштани овоздиҳӣ, аз идомаи рақобат даст кашид. Ӯ рӯзи 15-уми июл гуфт, яке аз пешниҳодҳояш ин буд, ки бояд синни довталабони симати академикӣ, узви вобаста ва пайвастаи Фарҳангистони улум набояд аз 63 боло бошад.

Ҷумъахон Алимӣ
Ҷумъахон Алимӣ

“Дувум инки довталаб на камтар аз се забонро бидонад. Бо интернету шабакаҳои иҷтимоӣ кор кунад ва даҳ сол пеш аз довталабӣ унвони докториро гирифта бошад. Инчунин, пешниҳод кардам, ки озмун ба тариқи пинҳонӣ ва пӯшида нагузарад. Бигзор дар вебсайти расмии Академия як суроғаи махсус боз шавад ва ҳамаи аҳли зиёву донишмандон ҳаққи баҳогузорӣ ба довталабонро дошта бошанд. Баъдан меёърҳо низ дақиқ шаванд, ки ба кӣ ва барои чӣ овоз медиҳанд”, - афзуд ӯ. Алимӣ гуфт, беш аз 20 пешниҳодашро президенти Академияи илмҳо пазируфта, вале гуфтааст, ки онҳоро дар интихоботи оянда, яъне се сол баъд роҳандозӣ мекунанд.

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон низ гуфт, тасмим гирифтаанд, ки минбаъд меъёрҳои қабули аъзои навро соддатар карда, бидуни расмиёт, яъне баргузории ҷаласаҳо интихоб кунанд. Ба гуфтаи вай, минбаъд меъёри асосии интихоби аъзои нави Фарҳангистони улум ба теъдоди омодашудаи шогирдон, соҳиб шудан ба патентҳо ё ихтироъҳо ва истифодаи онҳо дар иқтисодиёт, нашри матлабҳо дар маҷаллаҳои хориҷӣ дониста мешаванд.

Академияи илмҳои Тоҷикистон, ниҳоди муҳими илмӣ дар кишвар, бояд дар сафи худ 22 академик ва 37 узви вобаста дошта бошад. Ба қавли Фарҳод Раҳимӣ, интихоботи феълӣ дар пайи фавти бархе аз аъзои Фарҳангистони улуми Тоҷикистон сурат гирифтааст ва интихоботи оянда баъди се соли дигар баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG