Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мусовӣ ва ду бохти мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон

Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии Далер Каёсов дар доираи омодагиҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар мусобиқаи байнулмилалӣ, ки рӯзҳои 18-24-уми феврал дар шаҳри Ҳирошимаи Ҷопон баргузор шуд, се бозӣ анҷом дод.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи «Prayer for Peace; Hiroshima International Youth Soccer Games» дар Ҳирошима дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Ҷопон, Тоҷикистон, тими музофоти Ҳирошима (U-18) ва Академияи «Санфречче Ҳирошима» (U-18) ширкат доштанд.

Футболбозони навраси тоҷик бозиро бо Академияи «Санфречче Ҳирошима» бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дода, аз мунтахаби наврасони Ҷопон бо ҳисоби 0:1 ва аз дастаи музофоти Ҳирошима бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуданд.

Иштирок дар ин мусобиқа барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 буд, ки дар Арабистони Саудӣ доир мегардад.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ футболбозони навраси тоҷик бо дастаҳои мунтахаби Тайланд (5-уми май), Мянмар (9-уми май) ва Арабистони Саудӣ (12-уми май) рақобат хоҳанд кард.

Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон Далер Каёсов гуфт, “ҳадафи мо ҳадди ақал аз гурӯҳ баромадан ва роҳ ёфтан ба Ҷоми ҷаҳон-2026 аст.»

Дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 шонздаҳ даста ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудааст:

Гурӯҳи «А»: Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Тайланд, Мянмар

Гурӯҳи «B»: Ҷопон, Индонезия, Чин, Қатар

Гурӯҳи «C»: Кореяи Ҷанубӣ, Яман, Ветнам, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

Гурӯҳи «D»: Узбекистон, Австралия, Ҳиндустон, Кореяи Шимолӣ

Пас аз натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври чорякниҳоии мусобиқа роҳ меёбанд. Ҳамаи иштироккунандагони 1/4 финал ба мусобиқаи қаҳрамонии наврасони ҷаҳон-2026, ки моҳи ноябр дар Қатар доир мегардад, роҳхат мегиранд.

XS
SM
MD
LG