Холид Задрон, сухангӯйи Идораи пулиси "Толибон" дар Кобул, сабаби таркишро минае донист, ки "дар дохили як мусофирбари хурд гузошта шуда буд".
Ба қавли ӯ, таҳқиқи ҳодиса сар шудааст.
Сокинон бо гузоштани аксу наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ иддао карданд, ки эҳтимол теъдоди ҷонбохтагон зиёд аст.
То кунун ҳеч гурӯҳе масъулияти таркишро бар уҳда нагирифтааст.
Дар гузашта гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти чунин ҳамлаҳоро, бахусус дар Дашти Барчӣ, ки дар онҷо бештар мардуми ҳазора зиндагӣ мкекунанд, пазируфта буд.