Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як духтари 15-соларо дар Қирғизистон беш аз як моҳ ғуломи ҷинсӣ кардаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон Ҷамила Чаманбоева аз мақомоти ин кишвар даъват кардааст, барои риояи ҳуқуқи духтари 15-солае, ки беш аз як моҳ дар шаҳри Уш дар ғуломии ҷинсӣ қарор дошт, чора андешанд.

Намояндаи ҷабрдида Ҷаҳонгир Сайфуллоев ба рӯзноманигорон гуфтааст, духтарро латукӯб карда, таҳдид ба қатл мекардаанд.

"Ӯро маҷбур мекардаанд, ки дар ивази пул бо мардҳои гуногун амалҳои маҳрамона анҷом диҳад", - изҳор доштааст Сайфуллоев.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи онҳое, ки нисбат ба духтар амалҳои хушунатомез анҷом додаанд, дар ҳоли ҳозир дар озодӣ ҳастанд.

Ваколатдори ҳуқуқи инсони Қирғизистон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он кишвар даъват кардааст, ки дастандаркорони ин ҳодиса муайян ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

XS
SM
MD
LG