Муҷассмаро дар рӯзи равшан ба хок яксон карданд, вале ин мансабдорони ҳукумати маҳаллӣ шарҳ надод, ки чаро муҷассама маҳз дар арафаи ҷашни 70-солагии Пирӯзӣ бар фашизми Олмон аз байн бурда шуд.
Баландии ҳайкал 10 метр буда, дар пояи он пайкараи 3-метрии сарбози мусаллаҳе дида мешуд.
Дар пояи муҷассама ҳамчунин ба забони русӣ “Шаъну шараф ба сарбозони Ангрен. Ба хотираи шаҳидони озодӣ ва истиқллоияти Ватани мо” навишта шуда буд.
Муҷассама рӯшзи 19-уми март баъд аз нимирӯзӣ вайрон карда шуд. Даҳҳо нафар аз сокинони шаҳр шоҳиди тахриюи он гаштанд, мегӯяд яке аз ширкаткунандагони воқеа. Ба гуфтаи ӯ, одамон хашмгин буданд, ки ҳайкал дар рӯзи равшан ва пеши чашми мардум ба хок яксон гардид.
“Одамон аз ин иқдоми ғайримунтазира дар ҳайрат буданд”, -- мегӯяд яке аз шоҳидони воқеа.
Ёдгорӣ дар маркази Ангрен, дар ҷое барафрошта шуда буд, ки сокинони маҳаллӣ онро “Ҳалқа” меномиданд ва ин муҷассама ба хотираи онҳое бахшида мешуд, ки дар Ҷанги ҷаҳонии дувум ҳалок шудаанд. Онро 9 майи соли 1970 ба муносибати 25-солагии Рӯзи Ғалабаи Артиши Шӯравӣ сохта буданд.
Ба гуфтаи сокинони шаҳр, солҳои охир муҷассама нигаҳбонӣ ва парасторӣ намешуд.
“Дар паҳлуи муҷассама биноҳои бузурге барои баргузории ҷашнҳо ва фаввораҳоро сохта буданд, -- мегӯяд як сокини шаҳр ва меафзояд, -- лавҳае дар ин ҷо давраҳои Шӯравиро ба ёд меовард.
Шаҳри Ангрен, ки номаш вайроншудаи “Оҳангарон” аст, дар 78-километрии ҷанубу шарқи Тошканд, пойтахти Ӯзбакистон яке аз марказҳои саноати ангишткании ин кишвар ба шумор меравад.