Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захмиёни амалиёти Хоруғ дар бемористонҳои Душанбе


Пизишкони бемористони Қарияи Боло гуфтанд, аз 12 нафар захмӣ якеашон ҷон додааст.


Куллияи маҷрӯҳон, ки афсарону сарбозон, ки синнашон ҷавон аст, дар бинои 5 бемористони Қарияи Боло мавриди муроқибати пизишкон қарор доранд.

Ба гуфтаи пизишкони ин бемористон афсарону сарбозон дорои ҷароҳатҳои мухталиф ҳастанд.

Ҳамзамон тибқи мушоҳидаи хабарнигори РО неруҳои амниятӣ бинои 5-и бемористони Қарияи Болоро таҳти назорати шадиди амниятӣ қарор дода ва вуруд ба онро контрол доранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулони вазорати тандурӯстиии Тоҷикистон низ дар сӯҳбат бо РО гуфтанд, ки аз субҳ ба бемористонҳои асосии шаҳр, назири Қарияи Боло, шумораи 5 ё «Медгородок» ва «Скорий» дастур додаанд, то куллия пизишкон ва утоқҳои ҷароҳҳӣ барои қабули беморон омода бошанд.



Захмиён дар бемористони низомии Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:23 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG