Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар Челябинск бе медал монданд


Дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон дар шаҳри Челябински Русия паҳлавонони тоҷик бе медал монданд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон, ки бо ширкати беш аз 700 варзишгар аз 110 кишвар дар шаҳри Челябински Русия аз 25-ум то 31-уми август идома кард, дар сабқати инфиродӣ мардону занон барои 14 маҷмӯи медалҳо (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) мубориза бурданд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 9 варзишгар шомил буд. Вале онҳо дар рақобатҳои инфиродӣ ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.

Каъбатулло Аминов дар нахустин қувваозмоии худ дар вазни то 60 кг бар Филипп Китадал (Бразилия) ғолиб омад, вале дар даври баъдӣ аз Минг Йен Тсаи (Тайван) мағлуб гашт. Расул Абдушарифов, Самандар Қаландаров (ҳарду – 66 кг) ва Саидмухтор Расулов (-73 кг) бошанд, дар аввалин рақобатҳо мутаносибан аз Давид Газарян (Арманистон), Себастян Сеидл (Олмон) ва Энрико Парлати (Италия) шикаст хӯрданд.

Инчунин Фарҳод Раҳимов (-81 кг) дар даври аввал аз Валерий Думиника (Молдова) мағлуб гардид. Саидҷалол Саидов дар вазни -90 кг дар даври аввал бар Наиф Мазиу аз Арабистони Саудӣ дастболо шуд, вале баъдан аз Ноэл Ван Т Энд аз Ҳолланд ноком гашт.

Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) баъди ду пирӯзӣ бар Доменик Вензингер (Швейтсария) ва Азамат Бектурсунов (Қирғизистон), дар даври севум қувваозмоиро ба Кирилл Денисов (Русия) бохт.

Боз ду гуштигири дигари тоҷик, ки рӯзи 30-юми август рақобат карданд, дар даври аввал ба нокомӣ дучор шуданд. Дадахон Қурбоналиев дар вазни то 100 кг аз Дмитрий Березний (Украина) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) аз Андрей Брейбарт (Олмон) шикаст хӯрданд.

Дзюдочиёни тоҷик дар сабқати дастаӣ дар даври аввал аз мунтахаби Куба шикаст хӯрданд.

Баъди натиҷагирии шаш рӯзи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Челябинск дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби чор медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ ғолиб шуд. Фаронса (2-1-4) дар ҷойи дувум ва Бразилия (1-1-2) дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон

Мардон

-60 кг
1. ГАНБАТ Болдбаатар (Муғулистон)
2. МУДРАНОВ Беслан (Русия)
3. ПАПИНАШВИЛИ Амиран (Гурҷистон)
3. ТАКАТО Наохиса (Ҷопон)
-66 кг
1. ЭБИНУМА Масаши (Ҷопон)
2. ПУЛЯЕВ Михаил (Русия)
3. ХАН-МАГОМЕДОВ Камол (Русия)
3. ЗАНТАРАЯ Георгий (Украина)

-73 кг
1. НАКАЯ Рики (Ҷопон)
2. ХОНГ Кук Хён (Кореяи Шимолӣ)
3. МОГУШКОВ Муса (Русия)
3. СКВОРСОВ Виктор (Имороти Муттаҳидаи Араб)

-81 кг
1. СРИКИШВИЛИ Автандили (Гурҷистон)
2. ВАЛУА-ФОРТЕ Энтони (Канада)
3. НИФОНТОВ Иван (Русия)
3. ПИЕТРИ Люк (Фаронса)

-90 кг
1. ИЛИАДИС Илиас (Юнон)
2. ТОТ Кристиан (Маҷористон)
3. ЛИПАРТАЛИАНИ Варлам (Гурҷистон)
3. ВОПРОСОВ Кирилл (Русия)

- 100 кг
1. КРПАЛЕК Лукаш (Ҷумҳурии Чех)
2. АРМЕНТЕРОС Хосе (Куба)
3. ФРЕЙ Карл-Ричард (Олмон)
3. РЕМАРЕНКО Иван (Имороти Муттаҳидаи Араб)

+100 кг
1. РИНЕР Тедди (Фаронса)
2. ШИЧИНОХЕ Рю (Ҷопон)
3. САИДОВ Ренат (Русия)
3. СИЛВА Рафаэл (Бразилия)

Занон

-48 кг
1. КОНДО Ами (Ҷопон)
2. ПАРЕТО Паула (Аргентина)
3. БУШАР Амандин (Фаронса)
3. ЛАБОРДЕ Мариа Селиа (Куба)
-52 кг
1. КЕЛМЕНДИ Майлинда (МФД)
2. ЧИТУ Андреа (Руминия)
3. КУЗЮТИНА Наталя (Русия)
3. МИРАНДА Эрика (Бразилия)

-57 кг
1. УДАКА Нае (Ҷопон)
2. МОНТЕЙРО Телма (Португол)
3. ПАВИА Аутомне (Фаронса)
3. ВЕРХАГЕН Санни (Ҳолланд)

-63 кг
1. АГБЕГНЕНУ Кларисса (Фаронса)
2. ГЕРБИ Ярден (Исроил)
3. ТАШИРО Мику (Ҷопон)
3. ТРСТЕНЯК Тина (Словения)

-70 кг
1. АЛВЕАР Юри (Колумбия)
2. НУН ИРА Карен (Ҷопон)
3. КОРТЕС АЛДАМА Оникс (Куба)
3. КЛИШ Катаржина (Полша)

-78 кг
1. АГУИАР Майра (Бразилия)
2. ТЧЕМЕО Эдрю (Фаронса)
3. ХАРРИСОН Кейла (ИМА)
3. ВЕЛЕНСЕК Анамари (Словения)

+78 кг
1. ОРТИЗ Идалис (Куба)
2. АЛТЕМАН Мария Суелен (Бразилия)
3. АНДЕОЛ Эмили (Фаронса)
3. ТАЧИМОТО Мегуми (Ҷопон)

Мувофиқи барномаи мусобиқа рӯзи 31-уми август сабқати дастаӣ барпо мегардад.

XS
SM
MD
LG