Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии 3 паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон


Дар шаҳри Челябински Русия мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи дзюдо бо ширкати беш аз 700 варзишгар аз 110 кишвар ҷараён дорад.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи дзюдо, ки рӯзи 25-уми август дар шаҳри Челябински Русия шурӯъ шуд, беш аз 700 варзишгар (мардону занон) аз 110 кишвар ширкат доранд. Дар сабқати инфиродӣ мардону занон барои 14 маҷмӯи медалҳо (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) мубориза мебаранд. Инчунин сабқати дастаӣ барои ду маҷмӯи медалҳо баргузор мешавад. Мусобиқа то рӯзи 31-уми август идома хоҳад кард.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 9 варзишгар шомиланд: Каъбатулло Аминов (60 кг), Расул Абдушарифов (66 кг), Самандар Қаландаров (66 кг), Саидмухтор Расулов (73 кг), Фарход Раҳимов (81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг), Саидҷалол Саидов (90 кг), Дадахон Қурбоналиев (100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг).

Рӯзҳои 25-ум ва 26-уми август паҳлавонони тоҷик Каъбатулло Аминов, Расул Абдушарифов ва Самандар Қаландаров дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни худ ширкат карданд, вале аз ҳаққи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.

Баъди натиҷагирии ду рӯзи мусобиқа дар Челябинск дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби ду медали тилло ва ду нуқра пешсаф аст.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон

Мардон
60 кг

1. ГАНБАТ Болдбаатар (Муғулистон)
2. МУДРАНОВ Беслан (Русия)
3. ПАПИНАШВИЛИ Амиран (Гурҷистон)
3. ТАКАТО Наохиса (Ҷопон)

66 кг
1. ЭБИНУМА Масаши (Ҷопон)
2. ПУЛЯЕВ Михаил (Русия)
3. ХАН-МАГОМЕДОВ Камол (Русия)
3. ЗАНТАРАЯ Георгий (Украина)

Занон
48 кг
1. КОНДО Ами (Ҷопон)
2. ПАРЕТО Паула (Аргентина)
3. БУШАР Амандин (Фаронса)
3. ЛАБОРДЕ Мариа Селиа (Куба)
52 кг
1. КЕЛМЕНДИ Майлинда (МФД)
2. ЧИТУ Андреа (Руминия)
3. КУЗЮТИНА Наталя (Русия)
3. МИРАНДА Эрика (Бразилия)

Мувофиқи барномаи мусобиқа рӯзи 27-уми август мардон дар вазни то 73кг, занон дар вазни то 57 кг, 28-уми август мардон дар вазни то 81 кг, занон дар вазни то 63 кг, рӯзи 29-уми август мардон дар вазни то 90 кг, занон дар вазни 70 ва 78 кг, рӯзи 30-юми август мардон дар вазни то 100 кг ва беш аз 100 кг, занон дар вазни беш аз 78 кг рақобат мекунанд. Сабқати дастаӣ рӯзи якшанбе, 31-уми август, барпо мегардад.

XS
SM
MD
LG