Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аргентина Ҳолландро заду Месси - Роббенро


Тими футболи Аргентина, ки бар тими Ҳолланд аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 4-2 ғолиб шуд, ба бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар Бразил роҳ ёфт.

Бозии дувуми ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 байни дастаҳои Аргентина ва Ҳолланд шаби панҷшанбе, 10-уми июл, дар варзишгоҳи шаҳри Сан-Паулу баргузор шуд.

Нимаи авали бозӣ бо каме бартарии футболбозони Аргентина гузашт, вале вазъиятҳои хавфнок ба вуҷуд оварда нашуд ва ҳисоб боз нагашт. Дар 45 дақиқаи нимаи дувуми дидор ҳолландиҳо аз рақибонашон паст наомаданд ва ҳатто дар охири замони асосии бозӣ имкони хуби голзанӣ доштанд. Замони изофӣ низ ғолибро муайян накард ва ҳисоб 0-0 монд. Тақдири бозӣ аз рӯи задани силсилаи зарбаҳои 11-метра, яъне пеналтӣ ҳал шуд.

Тӯбро баъди аввалин зарбаи ҳолландӣ Рон Влар дарвозабони аргентиниҳо Серхио Ромеро баргардонд. Аммо аргентиниҳо тӯбро бехато ба ҳадаф мерасонданд. Вале Уэсли Снейдер, бозигари Ҳолланд, зарбаи севумро ба нишон расонида натавонист. Боз ҳам Ромер маҳорати баланд намоиш дод. Пас аз зарбаи чорум ва нишонраси аргентиниҳо силсилаи пеналтӣ пешакӣ хотима ёфт ва мунтахаби Аргентина бо ҳисоби 4-2 пирӯз шуд ва ба финал баромад.

Футболбозони Аргентина рӯзи якшанбе дар бозии ниҳоӣ бо мунтахаби Олмон рақобат мекунанд. Рӯзи шанбе Ҳолланд барои ҷойи севум бо Бразил мубориза хоҳад мебарад.

Ҳолланд - Аргентина 0:0, замони асосӣ – 0-0, аз рӯи пеналтӣ - 2:4.

Мунтахаби Ҳолланд: Силессен, де Врей, Влар, Мартинс Инди (Янмат, 46), Кюйт, Н. де Йонг (Класи, 62), Вейналдум, Блинд, Снейдер, ван Перси (Хунтелар, 96), Роббен.
Мунтахаби Аргентина: Ромеро, Сабалета, Гарай, Демичелис, Рохо, Энсо Перес (Паласио, 81), Маскерано, Биглия, Месси, Лавесси (М. Родригес, 101), Игуаин (Агуэро, 82).

Дар ҷараёни бозӣ ба бозигарон Мартинс Инди (45), Демичелис (49) ва Хунтелар (105) огоҳӣ дода шуд.

XS
SM
MD
LG