Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду бозӣ ва ду шикасти Англия дар Ҷоми ҷаҳон-2014


Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Бразил шаби гузашта шоҳиди се бозӣ буд, ки дар ин миён ҷолибтарин сабқат байни дастаҳои Уругвай ва Англия сурат гирифт.

Луис Алберто Суарес, бозигари дастаи Уругвай дар оғози ҳафтаи дувуми Ҷоми ҷаҳонӣ дар Бразил, ду бор дарвозаи Англияро кушод то Уругай бо натиҷаи 2:1 англисҳоро дар гурӯҳи чаҳорум шикаст диҳад. Суарес, ки бозии ҷолибе ироа кард, пас аз ҷароҳат бардоштанаш нишон дод, ки амалан Англияро дар маърази хатари хайрбод бо Ҷоми ҷаҳон қарор додааст.

Дар гурӯҳи чаҳорум ҳар се дастаи Костарико ( 3 гол зада 1 гол хӯрда), Италия (2-1) ва Уругвай (3-4) ҳоло се имтиёзӣ доранд. Англия (2-4) танҳо як бозии дигар дорад, ки тайи он баъд аз чаҳор рӯз дар баробари Коста-Рико қарор мегирад.
Дар рӯзҳои оянда Италия ҳам бо ҳар ду тими Коста-Рико ва Уругвай рӯбарӯ мешавад. Барои роҳхат ба марҳилаи баъдӣ, англисҳо танҳо ба чизе шабеҳи мӯъҷиза ниёз доранд ва дар ғайри он рафтани онҳо ба даври баъди бисёри мушкил шудааст.

Луис Суарес, ки дар пирӯзии Уругвай дар баробари Англия нақши аслӣ дошт, худ дар дастаи "Ливерпул"-и Англия бозӣ мекунад ва чанд моҳи гузашта бинобар ҷароҳат бардоштан, дар бозиҳо ширкат накарда буд. Ассошиэйтед пресс ҳунарнамоии Англия дар Ҷоми ҷаҳонии 2014 дар Бразилро бадтарин тайи беш аз ним қарни гузашта номидааст.

Дар рақобатҳои шаби гузашта, Ҷопон ва Юнон бо бозии бидуни гол, бозии на чандон ҳаяҷонангезро ба намоиш гузоштанд. Дастаи Соҳили Оҷ (Кот-д'Ивуар) низ бо ду гол аз Колумбия шикаст хӯрд. Дар гурӯҳи савум Колумбия бо шаш имтиёз дар садри ҷадвал аст. Дастаи Соҳили Оҷ (Кот-д'Ивуар) се итиёз ва Ҷопон ва Юнон як имтиёзӣ доранд. Дар ду бозии боқимондаи ин гурӯҳ, Колумбия бо Ҷопон ва Юнон бо Соҳили Оҷ сабқат мекунанд.

Имшаб Италия бо Коста-Рико рақобат мекунад ва сипас дар гурӯҳи панҷум Фаронса бо Шведсария ва Гондурас ва Эквадор ба ҳам дидор мекунанд. Дар ин гурӯҳи низ ҳар ду тими Фаронса ва Шведсария бо се имтиёзӣ дар садри ҷадвал ҳастанд ва Гондурас ва Эквадор ҳанӯз имтиёзе надоранд.
XS
SM
MD
LG