Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уфти эътибори Тоҷикистон дар рейтинги "Пешбурди тиҷорат"


Мавқеи Тоҷикистон дар гузориши тозаи пешбурди тиҷорат ва ё Doing Business, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии моли таҳия шудааст, ду зина пойин рафтааст.

Тоҷикистон дар гузориши тозаи пешбурди тиҷорат ва ё Doing Business, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва IFC - Корпоратсияи байналмилалии молӣ таҳия шудааст, аз ҷойгоҳи қаблии хеш ду зина пойин рафтааст. Аз ҷойи 141-уми соли гузашта ба ҷойи 143-юм дар миёни 189 кишвар.

Мақоми ҳар кишвар дар ин гузориш аз рӯйи 10 шохис -- сабтиноми корхона, иҷоза гирифтан барои сохтмон, дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ, дастрасӣ ба нерӯи барқ, сатҳи андозбандӣ ва монанди инҳо муайян мешавад. Се нишондод -- низоми бақайдгирӣ, ҳимояи сармоя ва имконияти муфлис эълон шудан сабаб гаштаанд, ки ҷойгоҳи Тоҷикистон поин афтад.

Ба навиштаи гузоришгарони Doing Business сабтиноми корхонаҳо дар Тоҷикистон боз ҳам мушкилтар шуда ва кас барои он бояд панҷ давраи ҳуҷҷатгузориро аз сар гузаронида, 33 рӯзашро сарф кунад.

Мақоми Тоҷикистон инчунин аз руи банди ҳимояи сармоягузорон як радда поин рафтааст ва ба нишондоди гузоришгарон дар Тоҷикистон эҳтимоли ба додгоҳ кашонидани саҳҳомон ҳанӯз баланд аст. Ба таъкиди гузоришгарон, дар Тоҷикистон ҳамчунин муфлис эълон кардани ширкат хеле душвор аст ва ба ҳисоби миёна барои пардохтнопазир эълон кардани ширкат як солу ҳафт моҳ сарф мешавад, ки зиёд аст.

Бояд гуфт Тоҷикистонбо кумаки созмонҳои байналмилалӣ лоиҳаи «Равзанаи ягона»-ро роҳандозӣ мекунад, ки мақсадаш содда кардани раванди ба қайдгирии корхонаҳо аст.

Кристофер Миллер
Кристофер Миллер
Аммо Кристофер Миллер, роҳбари IFC дар Тоҷикистон мегуяд сабаби поин рафтани мавқеи Тоҷикистон ба талаби нави Кумитаи андоз бастагӣ дорад: «Поин фаромадани мавқеъи Тоҷикистон аз мақоми 141-ум то 143-юм дар қиёс бо 189 натанҳо ислоҳоти худи Тоҷикистон, балки реформаҳои амалишуда дар дигар кишварҳоро низ инъикос мекунад. Тоҷикистон аз рӯи нишондоди беҳбуди дастрасӣ ба қарз натиҷаҳои хуб нишон дод, кишвар ҳамчунин бюрои қарзиро дар ин муддат созмон дод. Аммо натиҷаи нишондоди оғози тиҷорат аз мақоми 77 то ба 88 поин рафт. Ин поинравӣ ба тасмими нави Кумитаи андоз бастагӣ дорад, ки барои сабти номи корхона ризоияти иловагӣ талаб мекунад.»

Одатан мақомоти Тоҷикистон ба ҳар гуна раддабандиҳои созмонҳои байналмилалӣ аз паси панҷа менигаранд ва онҳоро дар нисбати Тоҷикистон нодилонаву беасос мехонанд. Вале ба фарқ аз дигар раддабандиҳои созмонҳои байналмилалӣ ба гузориши солонаи Doing Business бештар эътимод доранд ва арзёбиҳои онро дар қиёс бо дигар гузоришҳои байналмилалӣ ҷиддӣ мегиранд.

Ба ин далел коршиносон мегуянд, мақомоти Тоҷикистон ба машварату пешниҳодҳои гузоришгарони Doing Business ҷиҳати гузаронидани ислоҳот дар кишвар гӯш медиҳанд ва дар натиҷаи ин гузориш чанд соҳаи соҳибкорӣ ислоҳ шудааст.

Собир Вазиров, иқтисоддони Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд: «Дар гузоришҳои қаблии Doing Business душвор будани дастрасии соҳибкорон ба сарчашмаҳои молӣ ва қарзи бонкӣ таъкид карда мешуд. Имсол тавре мебинем аз руи ин банд мавқеъи Тоҷикистон 23 зина боло рафтааст.»

Зимнан мавқеъи Тоҷикистон аз рӯи нишондоди андозбандӣ дар гузориши Doing Business як зина боло рафтааст, чунки Тоҷикистон дар соли охир Кодекси нави андозро қабул ва роҳандозӣ кард.

Мавқеъи Тоҷикистон дар ин раддабандӣ миёни кишварҳои Осиёи Миёна ба истиснои Узбакистон аз ҳама пойин аст. Узбакистон дар ин гузориш ҷои 146-ум ва Қазоқистону Қирғизистон ҷойҳои 50 ва 68-умро ишғол кардаанд. Гузориш вазъи Туркманистонро ба далели баста буданаш инъикос намекунад. Дар миёни кишварҳои ИДМ Гурҷистон дар ин раддабандӣ аз ҳама пешсаф буда, дар ҷои 8-ум ва ҷумҳурии шӯравии собиқ Литва дар мақоми 17-ум ва Латвия дар ҷои 24-ум қарор доранд.

Аз ин қабл дар раддабандии «Озодиҳои иқтисодӣ дар ҷаҳон» Тоҷикистон дар миёни 151 давлати дунё ҷои 128-умро соҳиб шуд ва дар радифи кишварҳое қарор гирифт, ки дар онҳо «камтарин озодии иқтисодӣ» мавҷуд аст.

Гузориши «Озодиҳои иқтисодӣ дар ҷаҳон», ки рӯзи 18-уми сентябри соли ҷорӣ аз сӯи Пажӯҳишгоҳи Фрейзери Канада пахш гардид, бори аввал Тоҷикистонро ба ин раддабандӣ ворид карда буд. Тибқи ин раддабандӣ, Тоҷикистон дар миёни ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ аз ҷиҳати озодиҳои иқтисодӣ кишвари аз ҳама ноозод эътироф шудааст.

Гузориши Doing Business, ки мизони соддагии пешбурди тиҷоратро дар 189 кишвари ҷаҳон чен мекунад , аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилаллии молӣ аз соли 2005 ҳар сол нашр мешавад ва як навъ роҳнамои соҳибкорону сармоягузорони байналмилалӣ ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG