Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони Саудӣ ҳаққи ронандагиро ба даст оварданд. ВИДЕО


Занони Арабистони Саудӣ ҳаққи ронандагӣ дар ин кишварро ба даст оварданд. Расонаҳои давлатии Арабистони Саудӣ рӯзи 26-уми сентябр гуфтанд, ки дар ин бора ҳукми подшоҳ Салмон бин Абдулазиз содир шудааст.

Вазорати умури хориҷии Амрико аз ин тасмим истиқбол карда ва онро қадами бузурге дар масири дуруст хондааст.

Арабистони Саудӣ танҳо кишвари ҷаҳон буд, ки дар он занон ҳаққи ронандагӣ надоштанд. Ба гузориши хабаргузориҳо, ин қонун аз моҳи июни соли 2018 амалӣ мешавад.

Тайи солҳои ахир масъалаи мамнӯъияти ронандагии занон дар Арабистони Саудӣ яке аз масъалаҳои чолишбарангез буд ва дар ин муддат талоши занон барои нодида гирифтани ин мамнуият борҳо хабарсоз шудааст. Гуфта мешавад, ҳукми подшоҳи Арабистони Саудӣ метавонад норизоиятии рӯҳониёни муҳофизакорро дар пай дошта бошад.

Хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ мегӯяд, бар асоси ҳукми подшоҳ занон монанди мардон метавонанд соҳиби гувоҳнома ё парвонаи ронандагӣ шаванд. Дар ҳоле хабари лағви манъи ронандагии занон дар Арабистони Саудӣ мунташир шудааст, ки дар рӯзҳои ахир ва дар ҷараёни ҷашни миллии Арабистони Саудӣ занон иҷоза ёфтанд барои нахустин бор ба майдони варзишӣ бираванд ва дар кӯчаву хиёбонҳо дар ҷашну шодиву хурсандӣ иштирок кунанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Шоҳи Арабистон ба мошинронии занон иҷозат дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00

Хабаргузории "Франс-пресс" ҳузури занон дар ҷашни истиқлоли ин кишварро дар таърихи ин кишвар бесобиқа донистааст.

Гуфта мешавад, ин иҷозат дар ростои иҷрои "санади 2030" барои ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ сурат гирифтааст. Дар панҷ соли пеш, беш аз 60 зани арабистонӣ дар иқдоми эътирозомез ба мамнӯъияти ронандагии занон, савори мошинҳо шуда ва ронандагӣ карданд. Манол Шариф аз ҳомиёни ҳуқуқи занон, нахустин зани саудӣ буд, ки дар шаш сол пеш дар як амалкарди эътирозӣ пушти фармони мошин нишаст.

Вазорати умури хориҷии Амрико аз ин тасмим истиқбол карда ва онро қадами бузурге дар масири дуруст хондааст.

XS
SM
MD
LG