Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Занҳо ҳомиёни беҳтаринанд, аз мардҳо ҳам беҳтар" ВИДЕО


Ширкатҳои амниятӣ дар Тоҷикистон акнун дар баробари мардҳо хизмати занони муҳофизро пешниҳод мекунанд. Ин кор дигар фақат мардона нест. Занони зиёде барои кор ба ҳайси муҳофиз ё нигаҳбон дари ин ширкатҳоро мекӯбанд.

Дар як ширкати амниятӣ ҳар субҳ кор аз сафороӣ ва гирифтани дастури нав шурӯъ мешавад. Аммо ба фарқ аз солҳои пеш, дигар ин сафҳо танҳо аз мардон иборат нест. Акнун дар бари онҳо муҳофизони зан ҳам қомат оростаанд. Занҳои посбон барои таъмини амният ва интизоми чорабиниҳои ҷамъиятӣ, назорати тартибот дар консертҳои калон, посбонӣ ва пазироии фурӯшгоҳҳои азим ва ғайра ҷалб мешаванд.

Занҳои посбон барои таъмини амният ва интизоми чорабиниҳои ҷамъиятӣ, назорати тартибот дар консертҳои калон, посбонӣ ва пазироии фурӯшгоҳҳои азим ва ғайра ҷалб мешаванд.

Нодира Раҷабова, яке аз онҳоест, ки кори посбон ё муҳофизро интихоб кардааст. Ӯ ҳар рӯз даҳҳо нафарро дар даромадгоҳи бинои тозабунёди "Душанбе Мол" ё ҳипермаркети “Ашан” пешвоз мегирад, роҳнамоӣ, кумак ва гусел мекунад. Нодира яке аз 50 муҳофизи ин бинои бузург аст. Оғози кори ӯ чун нигаҳбон ба оғози кори ҳипермаркети "Ашан" рост омад ва осон набуд. Вай гуфт, мушкилтарин марҳила ҳамон рӯзҳое буд, ки ҳипермаркет нав ба кор оғоз кард. Вай мегӯяд, аз мавҷи зиёди мардум гоҳо вазъро назорат кардан душвор буд ва рӯзҳои аввал хеле хаста мешуд. "Ҳоло дигар одат кардем", - гуфт ӯ.

Нодира мегӯяд, аз либоси низомии падар ҳамеша эҳсоси ифтихор дошт ва шояд ҳамин шуд, ки ӯ ҳам хост, рӯзе коре пайдо кунад, ки пӯшидани либоси низомиро тақозо мекунад. Ин орзу ӯро ба ширкати “Редлайн” овард. Ҳоло ҳамроҳ бо Нодира дар ин ширкат 25 хонуми дигар амнияту тартиботи коргоҳу ширкат ва чорабиниҳои мухталифро дар Тоҷикистон таъмин мекунанд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Занони муҳофиз дар ҳифзи амнияти шаҳрвандонанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Бартарии занҳои посбон аз мардон - хушмуомилагӣ ва пуртоқатӣ

Масъулони ширкати таъмини амнияти "Редлайн" мегӯянд, ки баъди омӯзиши бозори кор онҳо ба хулосае омаданд, ки ҳузури занҳои муҳофиз ё посбон дар кори онҳо як амри зарурӣ шудааст. Қурбоналӣ Каримов, як масъули ширкати “Редлайн”, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, даъвати занҳо ба кори посбонӣ бештар шудааст, ба он хотир ки дар баъзе нуқот маҳз ҳузури занҳо ба ҳангоми назорат аз вазъ ё санҷиши занҳо ба ҳангоми вуруд ба корхонаву толорҳо зарур аст.

Ӯ мегӯяд, дар баъзе ҳолатҳо кори занҳо босамартар назар ба мардҳо аст, чунки онҳо бо муомилаву рафтори хуб, бо чеҳраи гарму сухани хуш бо меҳмонҳоро пазироӣ ё то ҷои зарурӣ гусел мекунанд. "Талаботи асосии интихоби зан ба ин кор хушсимо, хушгуфтор ва қаду қомати зебо доштан аст", - гуфт Каримов.

Барои муҳофиз ё нигаҳбон шудан занон ҳам мисли мардон аз чанд марҳилаи санҷиш мегузаранд ва чанд муддат ҳам омӯзонида мешаванд. Ба гуфтаи маъсулин, занони муҳофиз бо хушмуомилагӣ, самимият ва пуртоқатӣ аз аксар мардони нигаҳбон фарқ мекунанд. Аз лиҳози равонӣ ҳам, аксар муштариён зан тарҷеҳ медиҳанд, к ибо як зани масъул, на мард омада ҳамсӯҳбат шаванд, ба саволи худ посух бигиранд ва эътимод кунанд.

"Занҳо дар пайдо кардани кӯдакони гумшуда кумак карданд"

Қурбоналӣ Каримов гуфт, аз рӯи арзёбиҳои муроҷиатҳои хаттиву номаҳои муштариҳо, маълум мешавад, ки ҳузури занҳои посбон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ хуб қабул шудааст. «Ба мо ташаккур мекунанд. Бо ёрии занҳо мо тавонистем чандин сумкаҳои гумшударо ба соҳибон баргардондем. Ду ҳамёни гумшударо пайдо карданд, чанд кӯдак гум шуд дар ин бино, онҳоро ба волидон ёфта супурдем”.

Ҳама ба "Ашан". Навбати тӯлонӣ дар гипермаркети фаронсавӣ

Ҳама ба "Ашан". Навбати тӯлонӣ дар гипермаркети фаронсавӣ

Сокинони Душанбе, ки моҳҳо интизори кушодашавии “Ашан” – бузургтарин фурӯшгоҳ дар Тоҷикистон ва ҳамин тавр Осиёи Марказӣ буданд, пас аз навбатпоии зиёд, вориди ин фурӯшгоҳ шуданд. ​

Дар ҷомеаи муҳофизакори Тоҷикистон, ки маъмулан бо занон чун ҷинси заъиф муносибат ва бештар дар симои мард муҳофиз дида мешавад, ҳоло занон ҳам қолабшиканӣ мекунанд ва ба ширкатҳои амниятӣ муроҷиат мекунанд. Парвина Маҷидова, ки қаблан дар як ширкати хориҷӣ кор мекард, аз тариқи эълон ба кор дар ширкати муҳофизатӣ гузашт ва ҳоло масъули назорати як ошёнаи фурӯшгоҳи «Ашан»-ро ба ӯҳда дорад. Парвина мегӯяд, дар рӯзҳои аввали корӣ ҳамеша ба пои рост истодаву гаштан хастакунанда буд, вале ҳоло дигар одат кардааст.

Кори мардона ва либоси махсуси занони муҳофиз дар ширкатҳо диққати бисёриҳоро ба худ ҷалб мекунад. Махсусан мардонро. Бархе ҳам эҳсоси худро худдорӣ накарда меоянду сӯҳбат мекунанд. Нодира мегӯяд, ӯ бо ин либос зиёд таъриф мешунавад. “Шуд ҳолате, ки як мард омаду гуфт, ягона одаме, ки ин ҷо ба ман маъқул шуд, шумо ҳастед. Гуфтам чаро? Гуфт, касе ба ман кӯмак накард, нафаҳмонд ба ҷуз шумо. Боз гуфт, либос ба шумо зебидааст.”

Масъулини ширкати муҳофизатии “Редлайн” мегӯянд, аксар муҳофизони марди ин ширкат афсар ва собиқ кормандони низомӣ ҳастанд, аммо занон новобаста ба ихтисосу касби худ метавонанд соҳиби кор шаванд, агар ҷуръат дошта бошанду сиҳҳатиашон хуб бошад.

XS
SM
MD
LG