Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Безурётӣ. Айб дар мард аст ё дар зан?


Дар Тоҷикистон дар бефарзандии хонавода асосан занро айбдор мекунанд. Вале табибон мегӯянд, бештар мардҳо гирифтори безурётӣ мешаванд, то занҳо.Дар чунин ҳолат оё аз ҳаққи зан кӣ дифоъ мекунад?

Дар Тоҷикистон бори иттиҳоми безурётӣ ҳамеша бар дӯши занҳо меафтад. Ҳатто агар дар бачадор нашудани хонавода мард гунаҳкор бошад.

Файзулло, сокини 50-солаи пойтахти Тоҷикистон танҳо баъди 18 соли зиндагии муштарак бо ҳамсараш ва ду издивоҷи пинҳонии дигар билохира эътироф кард, ки безурёт аст, аммо бо ин ҳам намехост ҳамсарашро, ки солҳои орзӯи фарзандро дошт, талоқ бидиҳад. Аммо талоши тӯл додани зиндагии муштарак дигар фоида надошт ва ду сол пеш ҳамсараш аз ӯ талоқ гирифт.

Ӯ ба суоли мо, ки чаро нуқси худро барвақтар эътироф накарду занашро ҷавоб надод?, гуфт, “хеле мушкил аст, вақте зан бо айби мард аз хона меравад. Вақте эҳсос мекунӣ, ки дигар ягон зан розӣ намешавад, бо ту зиндагӣ кунад ва ту маҷбур ҳастӣ, ки ягон зани кӯдакдорро бигирӣ, хеле сахт аст. Одамон механданд, ки ту зану фарзанди марди дигарро бузург мекунӣ.” Файзулло вале эътироф кард, ки агар айби безурётӣ дар ҳамсараш мебуд, ӯро барвақт талоқ медод.

Мутеъ будани зан ба мард дар ҷомеъаи суннатии Тоҷикистон, вобастагии иқтисодӣ ва аз ҳама муҳим, ва танҳо дар ихтиёри мард будани ҳаққи талоқ имкон намедиҳанд, ки занҳои солим ва бачазо аз шавҳарҳои безурёташон ба осонӣ ҷудо шаванд.

Нигор Ҳамроева 35 сол дорад ва аз зиндагии 15- сола бо ҳамсараш тифле ҳам ба дунё наовард. Табибон гуфтаанд, ки иллат дар шавҳараш аст.

Сӯҳбати мо бо Нигор дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе сурат гирифт. Ӯдар паси дари пизишки узвҳои таносул аз назди табиб берун шудани шавҳарашро мунтазир буд. Нигор мегӯяд, танҳо баъди 15 соли зиндагии муштарак шавҳараш дар ҳоле ба муоинаи тиббӣ розӣ шуд, ки табибон сиҳатии Нигорро барои таваллуди фарзанд олӣ эълон карданд. Дар ин 15 сол Нигор на танҳо ҳасрати бефарзандиро дар дил дошт, балки пайваста аз шавҳараш ва хонаводаи ӯ таъна мешунид. Аммо ҳоло ки шавҳараш ноқис баромадааст, ӯ ба Нигор пешниҳод дорад, ки агар табобат фоида накард, ҳатман аз ятимхона бача бигиранд ва бузург кунанд.

Аммо Нигор дудила аст: “Дилам ба умри рафтаам месӯзад. Ҳарчанд медонам, ки агар бо айби ман фарзандор намешудем, шавҳарам кайҳо зани дигар мегирифт ва дилаш ба ман намесӯхт. Шояд аз хона пеш ҳам мекард. Аммо ман ҳайронам, ки чӣ кор кунам? Падару модарам мегӯянд, ҷудо шавам, вале шавҳарам ба ин розӣ нест.”

Мо намедонем, ки Нигор ба чӣ қароре меояд, аммо Зартовбӣ Табарова, равоншиноси тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски дар муқоиса бо мард оила барои зан арзиши бештар дорад ва занҳо бештар дар бораи гапу хабари атрофиён андеша мекунанд, шояд қаҳрамони мо мисли даҳҳо зани дигар ба зиндагиаш бо ин шавҳар ҳамчунон идома диҳад: “Мардҳо камтар касеро хотирбинӣ мекунанд. Барои онҳо оила ба ҳадде арзиш надорад, ки ба хотири зан худро қурбон кунанд. Аз лиҳози равонӣ, мардон бештар дар бораи худашон андеша мекунанд, на ҳамсар. Гапи волидони зан ҳам барои мардҳо арзиши чандон надорад. Бино бар ин бештари онҳо роҳеро интихоб мекунанд, ки барояшон писанд аст.” Аммо ӯву ҳамсӯҳбатони мо мавридҳоеро ҳам зикр карданд, ки зану шавҳар ба хотири муҳаббате, ки ба ҳам доранд, азоби бефарзандиро то поёни умр таҳаммул мекунанд.

Дар қонунҳои Тоҷикистон безурётӣ метавонад барои талоқ асос шавад ва додгоҳ марду занро аз ҳам ҷудо кунад, аммо гирифтани талоқи расмӣ ба ҳеҷ дарде намехӯрад, агар талоқи мусалмонӣ эълон нашавад. Рӯҳониён мегӯянд, мувафиқи қонуни ҳам Шариат ва ҳам давлатдорӣ дар сурати солим набудани шавҳар зан ҳақ дорад, ки талоқ талаб кунад. Ё бо машварат бо шавҳар талоқ гирад ва ё ба қозӣ муроҷиат кунад.

Қобилҷон Боев, рӯҳонии тоҷик ва собиқ мудири шӯъбаи фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, агар мард безурёт бошад ва нахоҳад талоқ диҳад, гуноҳ мекунад: “Мувофиқи қонуни Ислом, зан бояд ба қозиёт муроҷиат кунад ва бо дахолати онҳо талоқ бигирад. Қозӣ ба мард як сол мӯҳлат медиҳад ва дар сурати фарзанддор нашуданаш бояд мусоидат кунад, ки зан аз мард талоқ бигирад. Қонуни Ислом ҳам айнан мисли Кодекси оила аст, ки мӯҳлат медиҳад ва агар ислоҳ шуд, шуд ва агар не, онҳоро аз ҳам ҷудо мекунад.”

Бино ба як пажӯҳиш, онҳое, ки ба иллатҳои тиббӣ наметавонанд соҳиби кӯдак шаванд, ё безурётанд, то 15 дарсадро ташкил медиҳанд. Чанд сол пеш ин рақам 10 дар сад гуфта мешуд. Ба ҳисоби табибон, аксари безурётҳо дар Тоҷикистон мардҳо будаанд.

Табибони тоҷик мегӯяд, агар дар баъзе мавридҳо иллати безурётӣ ирсӣ бошад, дар аксар маврид ин нуқс дар пайи маризӣ ба вуҷуд омадааст. Бештари онҳое, ки имкони бачадоршавиро ба иллати маризиҳо аз даст додаанд, муҳоҷирони корӣ будаанд, ки бино бар иқлими сарди Русия ва шароити номусоиди зиндагӣ ба бемориҳое гирифтор шудаанд, ки онҳоро бузурёт кардааст.

XS
SM
MD
LG