Агарчӣ худи занҳои сиёсатмадор то ҳол аз ҷойгоҳи ночизи худ дар сохтори давлатдорӣ ошкоро шикоят намекунанд, вале таъкиди ҳамешагии онҳо ба барномаҳои "боло бурдани нақши зан дар ҷомеа" баёнгари ноқаноатмандии онҳо аз ин вазъият аст. Қонуни асосии Тоҷикистон баробарии марду занро кафолат додааст, вале иштирок занҳо дар идораи давлат, махсусан баъди суқути Шӯравӣ бештар хусусияти символик дорад. Занҳо ба баъзе мақомҳои сеюмдараҷаи давлатӣ таъин шудаанд, аммо бештар дар сояи мардҳои сиёсатмадор нопадид ҳастанд. Хабарнигори мо Барот Юусуфӣ аз раҳгузарони кӯчаҳои пойтахт пурсид, ки оё ба тавони зан дар идораи давлат бовар доранд?
Интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2013 аз он хотир таваҷҷуҳи ҷомеъаро ба худ кашидааст, ки дар он барои аввалин бор дар таърихи ин ҷомеъаи суннатӣ як зан довталаби курсии раёсати ҷуҳмур шудааст.