Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон ва Ҷеенбеков марзро тақсим мекунанд?


Нахустин музокироти президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар марз, ки 26 июл баргузор мешавад, хеле рамзист, вале баргузор шудани он дар пасманзари муноқишаи ахир, сокинон ва ҷомеаҳои ҳарду кишварро ба самарбахшии дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков умедвор кардааст.

Таҳти таъсири воқеаҳои ахир бисёриҳо ба инанд, ки кайҳо фурсати қарору амалҳои мушаххас расидааст, то ки вазъ ба субот биёяд ва дар яке аз нуқоти сераҳолии марзи давлатии ду кишвар сулҳи давомдор пойдор шавад.

Вазъ дар қитъаи марзии Ворух-Оқсой рӯзҳои 22-23 июл пуршиддат шуд. Талошҳои сокинони ҳарду кишвар барои насби парчамҳои кишварҳояшон дар остонаи сафари президентон муноқиша барангехт. Ҳарду ҷониб ҳам ин қитъаҳои марзиро аз они худ медонанд. Дар натиҷаи истифодаи силоҳ, як шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва на камтар аз 20 шаҳрванди ҳарду кишвар маҷрӯҳ шуданд.

Таърихчаи моҷаро

Марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил медиҳад ва то имрӯз чизе бештар аз 500 километри он аломатгузорӣ шудааст. Мақоми беш аз 400 км он номуайян ё баҳснок боқӣ мемонад ва яке аз ин қитъаҳо Ворух-Оқсой мебошад. Замину чарогоҳу обу дигар захираҳои табиие, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ моли ҳама буд, ҳоло марбут ба яке аз ҷонибҳо шудааст ва ҳарду ҷониб ҳам дар иҷозаву маҳдуд кардани ҳамдигар дар дастрасӣ ба ин сарватҳо худро ҳақ мешуморанд.

Музокироти аломатгзуории марзи муштарак, ки баъди касби истиқлоли кишварҳо шурӯъ шуд, то ҳол натиҷа надодааст. Ба ҳар сурат, сокинон ва ҷомеаҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ҷараёни музокираҳо, ҷузъиёти ҷаласаҳо ва мувофиқаҳо, пешниҳоди эҳтимолии гузаштҳову роҳҳалҳо ва осеб дидани манфиатҳои мардуми маҳаллӣ аз ин қарорҳо ҳеҷ иттилое надоранд. Вале маҳз барои мардуми маҳаллӣ ин масъалаҳо мисли маргу зиндагӣ муҳиманд ва ҳама гуна ҳодисаҳо дар ин макон хеле дарднок қабул мешавад. Танҳо дар сатҳи матбуот аксарият шунидаанд, ки баҳси аслии ҷонибҳо ба харитаҳо рабт мегирад. Тоҷикистон, тибқи иттилои мақомот, ба дурустии харитаҳои солҳои 1920 ва Қирғизистон ба харитаҳои солҳои 1950-ум такя мекунад ва ҳарду ҷониб ҳам даъвоҳои ҳамсояро беасос меноманд.

Чӣ бояд кард? Таҳлилгари тоҷик мегӯяд, пеш аз ҳама масъалаи Ворух бояд ҳал шавад

Аксари ҳамсӯҳбатони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ мутмаинанд, ки ҳалли масоили марзӣ ба мақоми қаламравҳои баҳсӣ бастагӣ дорад ва дар ин амр вазифаи азими мақомот ин аст, ки аз хушунату хунрезӣ ҷилавгирӣ шавад. Феълан ин вазифаро онҳо басахтӣ иҷро мекунанд.

Деҳаи Ворухи ноҳияи Исфараи Тоҷикистонро як анклав дар ҳудуди вилояти Ботканди Қирғизистон меноманд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки то замони номуайян мондани мақоми ин деҳ ва вазъи мушкили ҷуғрофиаш, он заъфпазир хоҳад буд. Сиёсатшинос Неъматулло Мирсаидов мегӯяд, президентони ду кишвар бояд пеш аз ҳама мақоми Ворухро ҳал кунанд, то ки ин аҳли деҳае бо 40 ҳазор ҷамъият битавонад, бидуни ҳеҷ мушкил ва садде бо Исфара рафтуомад дошта бошанд. Қарор дар бораи мақоми Ворухро мақомдорони шӯравӣ қабул карда, ҳеҷ фикр намекарданд, ки замоне кишваре бо бузургии Иттиҳоди Шӯравӣ пош мехӯрад.

“Агар дар даврони шӯравӣ сокинони ин деҳ бидуни ҳеҷ мушкиле ҳаракат мекарданд, имрӯз онҳо бо роҳбандиву мушкили дастрасӣ ба об ва замин рӯбарӯ ҳастанд”, -- мегӯяд Мирсаидов. Ҳоло, дар ҳолати сар задани як ҳодисаи хурдтарин Ворух “ба фишанги фишор” табдил мешавад ва дар натиҷа боз ҳам сокинони маҳаллӣ осеб мебинанд.

Таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки масъалаи баҳси марзи Тоҷикистону Қирғизистон шаффофияти бештар талаб мекунад ва сокинони ҳарду кишвар бояд дар бораи ҷараёни музокирот ва қарорҳои қабулшуда дар пайи ҳар як даври музокирот огоҳонида шаванд. Мирсаидов бовар дорад, ки ҷараёни музокираҳо бояд бо ширкати доираҳои васеи ҷамъиятӣ, аз ҷумла сиёсатшиносону журналистони огоҳ аз умқи масъала баргузор шаванд.

Собиқ раиси Ботканд: чанд роҳи ҳалли масъала вуҷуд дорад

Аксари таҳлилгарон мегӯянд, таърихи мушкилоти марзӣ аз ҳарду ҷониб тақозо мекунад, ки ҳам дар сатҳи мақомот ва ҳам сокинони маҳаллӣ ба муомилаву созишҳо иқдом кунанд. Танҳо дар ин сурат имкони кашидани хати ниҳоии марз вуҷуд дорад.

Ин назарро Мамат Айбалаев, собиқ раиси вилояти Ботканд ҳам баён кард. Ӯ гуфт: “Чанд роҳи ҳалли масъала вуҷуд дорад. Аз роҳи Исфара ба Чоркӯҳ як деҳаи Қаробоғ мегузарад. Ҳоло он Достук ном дорад. Тоҷикҳо пуле сохтанд, ки аз болои он мешавад аз Чоркӯҳ ба Исфара расид ва Достукро убур кард”. Айбалаев мегӯяд, агар “қаламрави Достук ба тоҷикҳо дода шавад, қирғизҳоро мешавад ба Мачоӣ (деҳаи тоҷикӣ) интиқол дод. Яъне ба табодули қаламравҳо иқдом кард. Мешавад ҳар як метри ноҳияҳои Ботканду Исфараро омӯхта ин корро кард. Ин танҳо як роҳҳал аст. Аломатгузории марзро анҷом дода, бо тоҷикон ҳамсоядорӣ кардан лозим аст. Агар хати марз маълум нашавад, низоъҳо такрор шудан мегиранд”,-- гуфт волии собиқи Ботканд.

Ба гуфтаи ӯ, агар масъалаҳо имрӯз ҳал нашаванд, дар оянда бо даргузашти насли даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ёфтани роҳҳал боз ҳам мушкилтар мешавад. Айбалаев гуфт, ки танҳо як мулоқоти президентон дар марз мушкилеро, ки “асрҳо боз идома дорад”, ҳал карда намешавад.

Дар ҳалли масъала таҷрибаи байналмилалӣ мусоидат мекунад?

Ба андешаи Неъмат Мирсаидов, ки дар шаҳри Хуҷанд ва наздик ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон зиндагӣ мекунад, таниш дар марз ва таҳдиди тавсеаёбии хушунатҳо то ҳадде расидааст, ки барои ҳалли ин масъала бояд мутахассисони байналмилалӣ ва дорои таҷрибаву дониши чунин мушкилот дар кишварҳои дигар ҷалб шаванд.

Ин андешаро Маделайн Ривз, як ҷомеашиноси бритониёӣ ҳам ҷонибдорӣ мекунад, ки чандин сол дар Осиёи Марказӣ зиндагӣ кардааст.

Ривз, як муҳаққиқи донишгоҳи Манчестер мутмаин аст, ки баҳсҳои марзӣ бояд аз роҳи сиёсӣ ва бо назардошти манфиатҳои мардуми ҳарду ҷониби марз ҳал шаванд. “Ин ба он маъност, ки чунин як қарор метавонад ҳарду ҷонибро нороҳат ва дар ҳолати беадолатии таърихӣ гузорад”. Ба гуфтаи ӯ, бисёр вақт сиёсатмадорон аз тарси ин ки дар ҷомеа беобрӯ шуда, бетарафдор мемонанд, дар бораи манфиати ҳалли мушкили марз барои дарозмуддат ва ба хотири беҳбуди зиндагии ҷомеаи ҳарду кишвар фаромӯш мекунанд.

Ривз гуфт, ки тақсими марз “чаҳорчӯби бисёр мушаххаси ҳуқуқӣ бо назардошти принсипи марзҳои аломатгузоришударо тақозо мекунад”. Ӯ гуфт, ҷудо аз ин ҷонибҳо бояд дар масъалаи ҳалли мушкилоти рӯзмарраи мардум, мисли дастрасӣ ба об, чарогоҳҳо, ҳимояи манзил, роҳҳои иртиботӣ ва ҳаракати нақлиёт, дастрасӣ ба бозор ва имкони кор ҳам ба тавофуқ бирасанд.

Ҷомеашиноси бритониёӣ мутмаин аст, ки дар баррасии мушкилоти марз бояд сокинони маҳаллӣ ҳам иштирок кунанд.

Маделайн Ривз мегӯяд, фарҳанги ҳамзистии сулҳомез бояд аз татбиқи тарҳҳои хурди маишӣ, мисли табодули мактабиён, ҳаракати нақлиёти муштарак дар марз, таъсиси бозорҳои муштарак ва ғайра шурӯъ шавад. Коре, ки то ҳол дар ин самт анҷом шудааст, ба гуфтаи ӯ, бештар хусусияти рамзӣ ё расмӣ дорад, ва аз ҳамин хотир ҳам ба назари мардум самимӣ ва амалишаванда нест.

Айни чунин натиҷаҳоро, ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ фардо аз президентони ду кишвар ҳам интизор доранд, ки қарор аст нахустин музокироти сатҳи олиро дар яке аз нуқтаҳои доғи харитаи Осиёи Марказӣ барпо кунанд.

XS
SM
MD
LG