Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди шаҳраки нав дар канори Кони Мансур (ВИДЕО)


Дар канори шимолии шаҳри Хуҷанд, наздик ба Кони Мансур, аз бузургтарин конҳои маъдани нуқра дар ҷаҳон корҳои аввалияи бунёди шаҳри замонавӣ оғоз шуд.

Рӯзи ҷумъаи 6-уми июн мақомоти Суғд бо баргузории як маросим дар маҳали бунёди ин шаҳри нав ба корҳои баровардани об аз рӯди Сир ва кофтани чоҳҳо оғоз бахшиданд.

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд дар маросими оғози кор ва муаррифии тарҳи шаҳри нав гуфт, ҳадафи аслӣ аз сохтани он таъмин кардани сокинон, ки шумораи онҳо сол то сол меафзояд, бо замину манзил ва ҷойҳои корӣ аст.

Аз рӯйи тарҳ, шаҳри нав дар масоҳати 2 ҳазор гектар ва бо биноҳои бисёртабақаву манзилҳои заминӣ барои 40 ҳазор оила ва дар канори он дар ҳудуди 7 ҳазор гектар боғҳои мева бунёд мегардад.

Ҷаноби Қодирӣ афзуд, маркази вилоят, дар шаҳри Хуҷанд, ки ҳоло беш аз 200 ҳазор аҳолӣ дорад, дигар замини холӣ барои гунҷоиши аҳолии нав надорад.
Дар оянда шаҳри нав 100 ҳазор хонаводаро дар бар хоҳад гирифт.

Ин нахустин иқдоми шаҳрсозӣ аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон баъди пош хӯрдани шӯравӣ дар шимоли ин кишвар, дар дашти холиву беоб аст. Ва дар мавзеъи наздик ба Кони Мансур, аз бузургтарин захираҳои нуқраи ҷаҳон, ки захираҳои он ҳудуди 50 ҳазор тон нуқра тахмин карда мешавад ва ҳукумати Тоҷикистон барои баҳрабардорӣ аз он тендер эълон кардааст, ба ин шаҳри нав муҳимияти хосе мебахшад.

Дар Тоҷикистон, ки 93 дарсади заминаш кӯҳистон ва танҳо 7 дарсад замини ҳамвор дорад, таъмини сокинон бо замини наздиҳавлӣ, манзил ва ҷойҳои корӣ аз мушкилоти рақами аввал маҳсуб мешавад.

Мутобиқи маълумоти расмӣ, дар ҳоли ҳозир танҳо дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд ҳудуди 3.5 ҳазор оила барои соҳиб шудан ба қитъаи замин барои сохтани хона дар навбатанд.

Муҳаммад Исломов, сардори бахши корхонаи воҳиди давлатии лоиҳакашӣ барои иншооти об дар вилояти Суғд мегӯяд, сохтмони пойгоҳҳои обкашӣ аз рӯди Сир бо ёрии мутахассисон аз шаҳри Екатеринбурги Русия ва кашидани хати интиқоли об ва барқ барои шаҳри нав шурӯъ шуда, то охири соли равон ба анҷом мерасад:

Мусоҳибам афзуд, ба хотири сарфаи об обёрии заминҳои навкорам бо усули қатрапошӣ хоҳад буд. Ба таъкиди мақомоти Суғд, обе, ки аз рӯди Сир кашида мешавад, ночиз аст ва барои обёрии заминҳои навкорам ҳудуди 75 чоҳи об кофта хоҳад шуд.

Шаҳри нав на танҳо сокинони маркази вилоят, балки оилаҳои ҷавон ва мутахассисон аз ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Аштро низ дар бар хоҳад гирифт. Паёме, ки сокинон бо шодӣ истиқбол намуданд. Як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, чандин сол боз ҳамроҳи се писари оиладораш дар як манзилу ҳавлӣ зиндагӣ мекунанд ва ҳоло аз он ки барои фарзанду наберагонаш чунин шароити хуби соҳибу замин барои бунёди манзил фароҳам мешавад, хеле шод аст.

Ҷиҳати татбиқи тарҳи бунёди шаҳри нав дар 3 киламетрии шимоли Хуҷанд як ситоди вижа, иборат аз намояндагони мақомот, мутахассисон ва коршиносони бахшҳои гуногун таъсис шудааст. Мақомоти Суғд мегӯянд, сохтмони он бо маблағи буҷа оғоз шуда, минбаъд барои бунёди биноҳои бисёртабақа ва корхонаҳои саноатӣ сармояи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ низ ҷалб хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG