Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Убайдуллоев "нафари дувум" боқӣ монд?


Маҳмадсаид Убайдуллоев.
Маҳмадсаид Убайдуллоев.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе бо интихобаш ҳамчун раиси Маҷлиси Олӣ то панҷ соли дигар нафари дуввум дар ҳукумати Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.

Бо интихоби Маҳмадсаид Убайдуллоев ба мақоми раиси Маҷлиси миллӣ, ҳама сару садоҳо атрофи номи ӯ ва эҳтимоли барканориаш аз вазифаи шаҳрдорӣ бинобар расидан ба синни нафақа ва ё ҳадди ақал тарки яке аз ду масъулият намуданаш нодуруст баромад.

Шавкат Саидов, ёвари Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Маҷлиси миллӣ рӯзи 17-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи 32 узви Маҷлиси миллӣ ба тарафдории ӯ, ки рақибе надошт, раъй додаанд.

Пешгӯиҳо дар бораи истеъфои Убайдуллоев аз ҳарду мақом, мири шаҳр ва раиси палатаи болоии порлумон солҳои ахир борҳо матраҳ шудаанд. Аммо ҳеҷ як аз тахмину пешгӯиҳо дар робита ба ин мансабдор, ки аз рӯи Қонуни асосӣ нафари дуюми Тоҷкистон аст, дуруст набаромад. Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчунон аз қадимтарин шарикони президент Раҳмон аст, ки аз рӯзи расидани ӯ ба қудрат ҳамроҳаш будааст. Таҳлилгарон умри тӯлонии қудрати Убайдуллоевро ба чанд омил вобаста медонанд.

Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори тоҷик, ки аз ин шахсият шинохт дорад, мегӯяд, боқӣ мондани Убайдуллоев бештар ба кордонӣ, огоҳии хуби ӯ аз вазъи ҷомеа ва робитаи хубаш бо ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, Убайдуллоев дар тӯли ин ҳама муддат бо кору рафтораш нишон дод, ки барои ин ҳукумат як шахсияти даркорист ва ҳеҷ гоҳ ба ормонҳои миллӣ хиёнат намекунад. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ҷаноби Мирзо, бо вуҷуди эътимод ба Убайдуллоев дар сатҳи болоӣ, дар таъини ӯ ба мақомҳо, омилҳои дигаре низ нақш доранд.

“Ба назарам ҳамин гуна менамояд, ки бештар Убайдуллоев дар доираи сиёсатҳои дохилӣ амал кардааст. Аммо ин ҷо баъзе омилҳои сиёсати хориҷӣ низ нақш мебозанд, зеро Убайдуллоев то ҳанӯз барои бархе як шахсияти рӯ ба Кремл шинохта мешавад, ки ин ҳам дар тасмимгириҳо метавонад нақш дошта бошад”, мегӯяд Раҷаби Мирзо.

Аммо Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, боқӣ мондани Убайдуллоев ҳамчун шахси дуввум дар ҳукумати Тоҷикистон бештар ба муносибатҳои хуби инфиродии ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон бармегардад, ки ду даҳсола боз тағйир накардааст. Ӯ мегӯяд, омили “одами Кремл” будани Убайдуллоев барои дар сатҳи баланди сиёсат боқӣ мондани ӯ ҳеҷ нақше надорад.

Ӯ гуфт: “Воқеан ба назар мерасид, ки Убайдуллоев бо чанд мақомдори Русия муносибати хуб дошту дорад. Аммо ба фикри ман, агар муносибаташ ба раҳбарияти кишвар хуб намебуд, ҳеҷ гоҳ дар мақомаш намемонд. Бо ҳар баҳона ӯро барканор мекарданд, ки ҳатто Русия наметавонист, кӯмакаш кунад. Азбаски маълум аст, ки дар ҷояш мемонад, маълум мешавад, ки решаи дохилиаш пурқувват аст. ”

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Соли равон дар ҳоле, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев ба синни бознишастагӣ мерасид, шабакаҳои телевизиони давлатӣ кори ӯро ҳамчун шаҳрдор зери интиқоди бесобиқа қарор доданд. Харобии роҳҳо, норасоии об, мушкили партов ва даҳҳо масъалаи сокинони шаҳри Душанбе давоми шаш моҳ мавзуи асосии шабакаҳои давлатӣ буд. Аз ин рӯ, коршиносон ҳадс мезаданд, ки эҳтимол бо расидан ба синни нафақа Убайдуллоев ҳам аз вазифаи шаҳрдорӣ ва ҳам аз раҳбари Маҷлиси миллӣ канор равад.

Вале бо гузашти ду моҳ аз синни бознишастагӣ, Убайдуллоев ҳамчунон дар вазифааш боқӣ монд ва ҳатто дар як нишасти шаҳдорӣ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон хоҳиши ихтиёран аз мансаб рафтани ӯро напазируфт ва аз Убайдуллоев дархост кард, ки корашро дар мақомҳояш идома бидиҳад. Бо ҳамин гузоришҳои интиқодии телевизиони давлатӣ дар бораи ӯ ба якборагӣ кам шуданд.

Аммо Шокирҷон Ҳакимов, сиёсатшиноси дигари тоҷик мегӯяд, боқӣ мондани Убайдуллоев дар мақомаш ҳамчун раиси Маҷлиси миллӣ ба қоидаи нонавиштае рабт дорад, ки солҳо боз дар Тоҷикистон вайрон намешавад.

Ӯ мегӯяд: “Вақте дар ин вазифа монд, мантиқан маслиҳат ва мувофиқае, ки қаблан бо президент доштанд ва ҳусни тафоҳум буд, дар низоми ҳокимияти давлатӣ бояд мақоми дуюмро ишғол мекард. Усул ва шарти ҳамкорӣ ин дафъа низ риоя шуд ва инро пешбинӣ кардан мумкин буд.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Дар акси ҳол, ба ин маснаб метавонистанд, дигар шахсон, ки аъзои Маҷлиси миллӣ ҳастанд, таъин кунанд, аммо шарти асосии робитаи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сардори давлат бо Убайдуллоев ҳамин буд. Яъне, то вақте дар низоми давлатдорӣ Эмомалӣ Раҳмон рақами аввал аст, Убайдуллоев рақами дуюм боқӣ мемонад. Дар низоми давлатдории мо ба таври ғайрирасмӣ нафари сеюм, яъне раиси Маҷлиси намояндагон намояндаи навоҳии тобеи ҷумҳур ва нафари чорум -- сарвазир намояндаи шимол аст, ки ин чанд сол боз ба ҳамин шакл идома дорад”.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки моҳи феврали соли гузашта ба сини 63 расид, бори 4-ум аст, ки раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон интихоб мешавад.

Ӯ 1-уми феврали соли 1952 дар рустои Кирови ноҳияи Фархор ба дунё омада, аз камшумор намояндагони ҳукумати имрӯза аст, ки дар аҳди Шӯравӣ берун аз Тоҷикистон мактаби олӣ хондаааст. Убайдуллоев соли 1974 донишкадаи политехникии шаҳри Харкови Украина ва соли 1985 мактаби олии ҳизби коммунистро дар шаҳри Тошканд хатм кардааст. Баъди чанд соли кор дар ниҳодҳои вилояти Кӯлоб, Убайдуллоев ду сол - солҳои 1985-1986 – вақте ҳамагӣ 33 сол дошт, муовини раиси Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон шуд, вале сипас боз ба Кӯлоб баргашт.

То соли 1990 раиси Кумитаи омори ин вилоят ва сипас муовини раиси кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб буд. Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон, ки дар поёни соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд доир шуд ва Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат расонд, Муҳаммадсаид Убайдуллоев муовини сарвазир ва масъули вазоратхонаҳои қудратӣ таъин шуд. Ӯ он вақт ҳамагӣ 40 сол дошт.

Соли 1994 Муҳаммадсаид Убайдуллоев ба мақоми муовини якуми сарвазир расид, вале соли 1996, дар пайи нахустин исёни нирӯҳои сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев бо талаби ошӯбгарон, ки дар ағбаи Фахробод сангар гирифта, таҳдиди ҳамла ба Душанберо доштанд, Убайдуллоевро аз мақом барканор карданд. Аммо ҳамагӣ баъд аз чанд моҳ ба ҷои Юрий Поносов шаҳрдори Душанбе шуд. Убайдуллоев баъди таъсиси палатаи болоии порлумон дар апрели соли 2000 раиси Маҷлиси миллӣ низ интихоб шуд ва инак 15 сол боз ин дувумин мақом дар сохтори давлатдории Тоҷикистонро дар даст дорад.

Ҷамолиддин Убайдуллоев.
Ҷамолиддин Убайдуллоев.

Соли 2000-ум ӯ аз як сӯиқасд ҷон ба саломат бурд. Маводи мунфаҷирае дар худрави ӯ таркид ва дар пайи он як мақомодори баландпояи Тоҷикистон, ки тасодуфан ба курсии Убайдуллоев нишаста буд, кушта шуд. Бо гузашти 15 сол дигар номаълум боқӣ монд, ки ин сӯиқасд ба Убайдуллоев буд ва ё каси дигар.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев 3 фарзанд – ду писар ва як духтар дорад. Писари калониаш Ҷамолиддин Убайдуллоев 35 сол дошта, раҳбари раёсати созмонҳои хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аст. Амирҷон Убайдуллоеви 33-сола як сол пеш баъди чанд соли кор дар мақоми намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул аз Вошингтон ба Душанбе баргашт ва муовини сардори раёсати молиявии дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Духтари шаҳрдори Душанбе Нигина Убайдуллоева 26 сол дорад.

XS
SM
MD
LG