Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоҳ ё Ашрафғанӣ? Интихобро ду Расул хоҳанд кард


Абдуллоҳ Абдуллоҳ (аз чап) ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай

Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон ду номзади асосӣ маълум шуд - Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай. Вале ба бовари нозирон, тақдири пирӯзии онҳо бештар дар дасти ду номзади заифтар - Залмай Расул ва Расули Сайёф уфтодааст.

Қарор аст, рӯзи 24 апрел дар Афғонистон натиҷаҳои пешакии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ эълон шавад. Натиҷаҳои ниҳоӣ 14 май эълон хоҳанд шуд. Вале то ба ҳол Кумиссиюни мустақили интихоботии ин кишвар ду бор марҳила ба марҳила натиҷаҳои интихоботро эълон кард. 13 апрел натиҷаи 10 дарсади оро ва 20 апрел натиҷаҳои шумориши 50 дарсади оро эълон шуд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ду натиҷае, ки ҳоло вуҷуд дорад, таҳлилгарони афғон мегӯянд, рақобат аслан байни ду номзади аслӣ, яъне байни Абдуллоҳ Абдуллоҳ - вазири пешини корҳои хориҷа ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай - вазири пешини молия шиддат мегирад. Вале суол ин аст, ки оё пирӯзии яке аз ин ду номзад дар даври аввал имкон дорад ва ё агар интихобот ба даври дуввум биравад, байни кадом номзадҳо эҳтимоли ташкили эътилоф вуҷуд дорад?

Бо назардошти натиҷаҳое, ки то ҳол Кумиссиюни мустақили интихоботӣ дар Кобул эълон кардааст, натиҷаҳои Абдулло Абдулло аз марҳилаи аввал то марҳилаи дуввум хеле беҳтар шудааст ва бо шумориши 50 дарсади оро натиҷаҳои вай аз 42 дарсад ба 44,4 дарсад боло рафтааст. Дар ҳоле ки натиҷаҳои рақиби аслии вай Ашрафғанӣ Аҳмадзай аз 37,6 дарсад ба 33,2 дарсад коҳиш ёфтааст. Натиҷаҳои номзади севвум Залмай Расул - вазири пешини корҳои хориҷа тақрибан тағйир накардааст ва дар ҳадди 10 дарсад боқӣ мондааст. Натиҷаҳои номзади чаҳорум Абдураб Расули Сайёф - фармондеҳи пешини ҷиҳодӣ аз 5 ба 7 дарсад расидааст.

Ҷондор Спинғар - раиси Бунёди интихоботи озоду одилонаи Афғонистон, ки бар ҷараёни раъйдиҳӣ назорат кардааст ва дар байни мардум назархоҳӣ низ анҷом додааст, мегӯяд, ки дар муқоиса бо интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2009 дар интихоботи кунунӣ номзадҳои қаввӣ зиёд буданд ва раъйи мардум байни онҳо тақсим шудааст: “Дар муқоиса бо интихоботи соли 2009 дар интихоботи кунунӣ шумораи номзадҳои қаввӣ бештар буд ва оро дар байнашон тақсим шудааст. Агар ҳамин тафовут сабаб шавад, эҳтимоли даври дувум вуҷуд дорад. Аммо мутлақ қазоват кардан, ки интихобот ба даври дуввум меравад ё намеравад, кори душвор аст.”


Ҳомид Карзай ҳанӯз ба даҳон об гирифтааст
Ҳомид Карзай ҳанӯз ба даҳон об гирифтааст
Агар интихобот ба даври дуввум равад, коршиносон дар даври дуввум эътилофи номзадҳоро бар асоси вижагиҳои ҷуғрофиёӣ ва қавмиву забонӣ истисно намедонанд. Гузашта аз ин, онҳо нуфузи Ҳомид Карзай - раисиҷумҳури кунуниро дар ташкили эътилофи номзадҳо дар даври дуввум аз эътибор соқит намекунанд. Ҷондор Спинғар мегӯяд, номзадҳое, ки пешинаи ҷиҳодӣ доранд, аз ҷумла доктор Абдуллоҳ ва Расули Сайёф мумкин аст, вориди як эътилоф шаванд, вале технократҳо Ашрафғанӣ ва Залмай Расул шояд эътилофи дигарро ташкил диҳанд.

Вале вай масъалаи тақсими қудрати сисёсиро барои ташкили эътилоф сарфи назар намекунад ва мегӯяд, ки дар даври дуввум масъалаи тақсими курсиҳо дар ҳукумати оянда матраҳ хоҳад буд. Ҳоло раъйи Ашрафғанӣ ва Залмай Расул яке аз эътилофҳои эҳтимолӣ дар маҷмӯъ 43-44 дарсадро ташкил медиҳад ва номзадҳои дигар ҳам ҳастанд, ки бо назардошти раъйи кунунии онҳо ҳам ин эътилоф камтар аз 50 дарсадро дар ихтиёр хоҳад дошт.

Агар натиҷаҳои эътилофи эҳтимолии дигар , яъне доктор Абдуллоҳ ва Расули Сайёф дар ҳамин ҳад боқӣ бимонад, яъне дар ҳадди 44,4 фоизи Абдуллоҳ ва 7 дарсади Сайёф, дар он сурат дар даври дуввум ҳам Абдуллоҳ бо бештар аз 50 дарсад пештоз мешавад.

Залмай Расул аз кӣ ҳимоят хоҳад кард?
Залмай Расул аз кӣ ҳимоят хоҳад кард?
Аммо таҳлилгари афғон Аҳмад Саидӣ, ки худаш низ дар оғози муборизаҳои интихоботӣ муовини яке аз номзадҳои интихоботӣ муаррифӣ шуда буд, эҳтимоли пирӯзии Абдуллоҳро бартар мешуморад. Аҳмад Саидӣ дар даври дуввум на Залмай Расул, ки ҳоло даҳ дарсади ороро моли худ кардааст, балки Абдураб Расули Сайёфро мӯҳраи аслӣ ё ба истилоҳ қартаи аслии бозӣ мешуморад:
“Бовари ман ин аст, ки интихобот ба даври дуввум нахоҳад рафт. Вале агар ба даври дуввум равад, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки шахси мӯҳраӣ дар он давр устод Сайёф аст, ки аз номзади аввал ҳимоят мекунад. Вай дар ҷомеаи Афғонистон шахсияти матраҳ аст”.

Наҷиб Маҳмуд - устоди донишгоҳи Кобул ва таҳлилгари сисёсӣ низ бар ин назар аст, ки агар шумориши боқимондаи баргаҳои раъй ба ҳамин минвол давом кунад, номзади пирӯз алакай дар даври аввал эълон хоҳад шуд: “Нуктаеро, ки нозирини ҳар ду номзади аслӣ баён мекунанд, ин аст, ки ҳам Абдуллоҳ ва ҳам Ашрафғанӣ худро баранда ва соҳиби курсии раёсати ҷумҳурӣ медонанд. Вале бовари ман бар асоси таҳлили воқеиятҳои кунунӣ ин аст, ки бояд натиҷаҳои интихобот дар даври аввал маълум шавад.”


Сайёф - як мӯҳраи асосӣ дар бозии интихоботӣ
Сайёф - як мӯҳраи асосӣ дар бозии интихоботӣ
Роҷеъ ба эҳтимоли ташкили эътилофҳо дар даври дуввум оқои Маҳмуд ҳамхонии барномаҳои номзадҳоро муҳим мешуморад, вале мутмаин нест, ки ин омил сабаби эътилоф шавад мегӯяд, дар Афғонистон ҳамоно масъалаҳои қавмиву мазҳабӣ таъсири амиқ дорад ва дар сурати рафтан ба даври дуввум интихобот қавмӣ хоҳад шуд. Натиҷаҳое, ки то ҳол эълон шудааст, нишон медиҳад, ки дар шимол ва дар ҷануби Афғонистон раъйе, ки ба сандуқҳо рехта шудааст, орӣ аз ҷанбаи қавмӣ нест. Ду номзади пештоз яке дар шимол ва дигарӣ дар ҷануб раъйи бештар ба даст овардаанд.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон 5 апрел бо ширкати 8 номзад доир шуд. Раиси ҷумҳури кунунӣ Ҳомиди Карзай, ки ду навбати панҷсолаи раёсаташро тай кардааст, тибқи Қонуни Асосӣ, ҳаққи ширкат дар ин интихоботро надошт.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG