Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаҳои номзадҳо: Кӣ барои мо биҳишт хоҳад сохт?


Таҳлилгарон мегӯянд, гумон аст, ки интихоботи имсолаи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳадди сангандозӣ ба ҳотаи якдигар зиёд фаротар рафта, ба сабқати идеяҳо табдил ёбад.

Дар ин ҳафта 4 ҳизби расмии Тоҷикистон барои ширкат дар интихобот номзад пешбарӣ карданд. Ҳарчанд онҳо то сабти номи расмӣ роҳи мушкилгузарерро дар пешорӯ доранд, аммо ҷомеъа аз ҳоло мехоҳад бидонад, ки онҳо чӣ барнома доранд ва ба чӣ қодир ҳастанд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:38 0:00
Линки мустақим


Сӯҳбатҳои Озодӣ бо баъзе аз довталабони то имрӯз маълумшудаи курсии президентӣ як ҳақиқатро рӯшан кард, ки онҳо дар қиболи мушкилоти доғи кишвар, ба монанди масоили иқтисодӣ, буҳрони энержӣ, бекорӣ ва муҳоҷирати фарогир то ҳол як барномаи мушаххасе надоранд ва мавқеъи онҳо бештар аз зикри мушкилот иборат аст, на механизми ҳалли он.

Исмонов: Ширкатҳои мобилӣ миллӣ шаванд!


Саидҷаъфар Исмонов
Саидҷаъфар Исмонов
Номзад аз ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мегӯяд, барномаи мушахаси ӯ дар ҳоли омодашавист, вале ӯ пешниҳод дорад , то давлат арсаҳои муҳими иқтисодро дар дасти худ бигирад.

Оқои Исмонов мегӯяд, давлат бояд арсаҳои муҳиме, чун фурӯши сӯзишворӣ, доруворӣ ,хӯрока ва ҳатто ширкатҳои мобилиро бояд ба дасти худ бигирад: «Чунки соҳибкори алоҳида ҳар вақте хоҳад, нархро баланд мебардорад. Ин табиати одамӣ аст. Аммо агар давлат ба тиҷорати сӯзишворӣ ва доруворӣ барин соҳаҳои муҳим машғул шавад, ҳам назорат аз болои сифати он ва ҳам нархаш пурзӯр мешавад. Чунки ҳозир соҳибкорони алоҳида доруворӣ меоранд, масалан ва сифати ҳамаи онро назаорат кардан душвор аст. Бинобар ин, мардум доруро ба умед мехара, то сиҳат шавад, аммо шифо намеёбад.»

Исмонов мегӯяд, ширкатҳои пурдаромаде, чун ширкатҳои телефони мобил агар давлатӣ карда шаванд, даромад ба будҷаи кишвар беш мешавад ва давлат имкони кумаки бештар ба қишрҳои нодор ва осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ба ятимонро пайдо хоҳад кард.

Бухориев: мардонро бояд ба кишоварзӣ ҷалб кард!

Толиббек Бухориев - номзади ҳизби аграрии Тоҷикистон мегӯяд, калиди рушди кишвар дар деҳот аст ва дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ ӯ дар рустоҳо бештар корхона бунёд хоҳад кард: «Мо бояд дар деҳот бештар корхона созем, чунки маҳз аз он ҷо мардум бештар ба муҳоҷират мераванд. Бояд технологияи наву пешрафта аз хориҷ ба кишвар ворид кунем ва корхонаҳои хурди маҳсулоти кишоварзӣ, назири шарбатбарорӣ бунёд кунем.»

Аммо дар посух ба суоли Озодӣ, ки ҷаноби Бухориев чӣ гуна ин корхонаҳоро бунёдмекунад ва бо чӣ роҳе сармояву соҳибкоронро ба кишвар ҷалб мекунад?, посухи мушаххас надод. Ин ҳамсӯҳбати мо ҳамзамон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар мазореъи кишоварзӣ умдатан занҳо кор мекунанд. Ӯ ният дорад, дар сурати пирӯзӣ мардонро бештар ба кори саҳро ҷалб кунад ва ҳамин гуна пеши роҳи муҳоҷирати саросариро бигирад.

Бобоназарова: Бояд аз ислоҳоти сиёсӣ сар кард!


Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова - номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон(ИНИТ) мегӯяд, ин иттиҳод феълан як консепсияи мушахасе таҳия кардааст ва ӯ барномаи пешазинтихоботии худро дар асоси ин ҳуҷҷат таҳия мекунад: «Ба назари мо бе ислоҳоти сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳал кардани мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ғайримкон аст. Албатта, мардум ба сиёсат камтар кор дорад, мехоҳад мушкилоти иҷтимоии ӯ ҳал шавад. Мо масалан дар консепсияи ИНИТ гуфтем, ки ба куллӣ сиёсати муҳоҷиратро дигар мекунем. Агар пурра пеши онро гирифта натавонем ҳам, бояд шиддаташро кам кунем ва дар кишвар ҷойҳои кории бештар эҷод мекунем. Ҳамчунин қонунҳо бояд ислоҳ шавад, то ҷалби сармояи хориҷӣ бештар шавад.»

Хонум Бобоназарова афзуд, ки ҳоло ӯ як командаеро иборат аз иқтисоддонҳо, сиёсатшиносон ва ҳатто рӯзноманигорон таъсис додааст, ки дар таҳияи барномаи пешазинтихоботӣ бо онҳо машварат хоҳад кард.

Ғаффоров: Корхонаҳои калонро дубора давлатӣ мекунам!


Абдуҳалим Ғаффоров
Абдуҳалим Ғаффоров
Абдуҳалим Ғаффоров - номзад аз ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон мегӯяд, калиди рушди ҷумҳурӣ дар коркарди гиёҳҳои шифобахш ва пӯсту пашми чорвост. Ҷаноби Ғаффоров мегӯяд, дар минтақаҳое ки чорводорӣ зиёд аст, бояд корхонаҳои коркарди пӯсту пашми чорво сохта шаванд, то ки ҷавонон ба муҳоҷират нараванд: «Ғайр аз ин дар Тоҷикистон солҳои охир корхонаҳои зиёди калон хусусӣ шуданд, ки то ҳол кор намекунад. Бояд ниҳоди антимонополии Тоҷикистон дар назди соҳибони ин корхонаҳо шарт гузорад, ки ё ин корхонаҳроро гардон кунанд ва ё онро аз дасташон кашида гираду давлатӣ кунад.»

Тавре мушоҳида мешавад, аксарияти муддаиёни курсии раёсатҷумҳурӣ бештар аз сиёсатҳои иқтисодии замони шӯравӣ пуштибонӣ мекунанд ва фикрҳои парокандаеро дар робита ба рушди кишвар иброз мекунанд, ки хелеаш соддаву такрорианд.

Лимити барқе ки афсона нашуд...

Сайфулло Сафаров
, пажӯҳишгари Маркази таҳқиқоти стротегии дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, аксарияти идеяҳое, ки номзадҳо ба интихоботи президентӣ баён мекунанд, такрори якдигаранд. Гузашта аз ин, меафзояд ӯ, онҳо пешниҳодҳое ҳам доранд, ки алакай аз тарафи давлати кунунӣ роҳандозӣ шудааст ё мешавад: «Аксари фикрҳое, ки инҳо мегӯянд, давлат онро аллакай медонад ва шояд то 90 дарсад иҷро кардааст. Шояд раҳбарони ҳизбҳои сотсиал-демократву наҳзати исломӣ ягон барномаи мушаххас дошта бошанд аммо номзадҳои имрӯза надоранд.»


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон
Ин дар ҳолест ки Эмомалӣ Раҳмон – раисиҷумҳури кунунӣ ва яке аз довталабони умда дар интихоботи моҳи ноябр то ҳанӯз расман пешбарӣ нашуда ва кадом барномаеро ҳам муаррифӣ накардааст. Ҳарчанд мақомоти давлатӣ аз ҳоло ба таблиғи дастовардҳои 7 соли охири раёсати оқои Раҳмон шурӯъ кардаанд, вале аз интихоботи гузаштаи ӯ як ваъдаи умдаи раисиҷумҳури кунунӣ дар ёдҳо мондааст, ки гуфта буд, то апрели соли 2009 лимити барқро дар саросари Тоҷикистон ба як афсона табдил хоҳад дод. Ваъдае ки то имрӯз иҷро нашудааст.
XS
SM
MD
LG