Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як рӯзи вироишгари интернетӣ


Шояд камтар касоне аз корбарони Интернет огаҳӣ дошта бошанд, ки шабакаи ҷаҳонӣ рӯзи 4-уми апрел ҷашн дорад.

Дар ҳоле ки ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад арзиши интернетро боло барад, мо тасмим гирифтем дар бораи онҳое бигӯем, ки Интернет барояшон бахши муҳими корашон шудааст.

Вироишгари интернетӣ

Субҳи барвақт, замоне ки мардум тоза аз хоб бедор мешаванд, вироишгарони расонаҳои интернетӣ, сайту порталҳои тафреҳӣ аллакай дар расонаҳои худ хабарҳои нав мунташир мекунанд.

Дар мисоли Тоҷикистон, ки матбуоти дар фазои маҳдудиятҳои сиёсӣ қарор дорад, маҳз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ макони дарёфти хабарҳои бепардаву бидуни сензура шудааст

Рӯзи маъмулии Амрита Қирғизова, вироишгари оҷонсии иттилоотии «Азия-плюс» субҳи зуд ва пештар аз ҳамкорони дигараш оғоз мешавад. 12 сол аст, ки ба ҳамин шева кор мекунад. Дар оҷонсӣ ду вироишгар доранд, ки бонавбат кор мекунанд – яке то зӯҳр ва дигаре баъд аз нисфирӯзӣ.

Амрита мегӯяд, ки кор аз шиносоиву таҳлили хабару ҳодисаҳои рӯз шурӯъ мешавад. Ӯ мегӯяд, аввал аз шабакаҳои интернетӣ ва манобеи дигар хабару ҳодисаҳо ҷамъоварӣ ва арзёбӣ шуда баъдан дар ҷаласаи корӣ мавзӯъҳо дар миёни журналистон тақсим мешаванд.

«Ҳолате мешавад, ки хабари доғ вуҷуд дорад, аммо ниёз ба таъйид дорад. Мушкил ҳам дар ҳамин аст, ки ҷузъиёт ва таъйиди расмиро бояд дар замони хеле кӯтоҳе ба даст биёрем,» - мегӯяд Амрита Қирғизова.

Хабарнависӣ барои шабакаҳои иҷтимоӣ хеле ҷолиб аст ва назорат бар вокуниш ва паёмҳои корбарони ин шабакаҳо вазифаи баъзе аз вироишгарон ваё мутахассисонаи SMM мебошад.

Онҳо машғули мутобиқсозии ахбор ҳастанд. Масалан, барои саҳифаи тоҷикии оҷонсӣ дар Фейсбук. Шикоятҳои шаҳрвандон алайҳи нақзи ҳуқуқи истеъмолгарон, масоили ҳуқуқи башар ва номаҳои кушодаи дастаҷамъӣ (петиция) саҳифаҳои ин шабакаро пур кардаанд ва баъзан ин шабака сарчашмаи хеле хуби дарёфти иттилоъ барои муҳаррирони расонаҳо мебошад.

Вақте расонаҳо масдуд мешаванд

Аммо пайдо кардани мавзӯи ҷолиб ҳанӯз кофӣ нест. Бояд аз байни онҳо ҳассостарин мавзӯеро интихоб кард, ки ба назари вироишгар, мавриди таваҷҷӯҳи муштарӣ ё хонанда мебошад. Вазифаи муҳаррир сохтани як хабари ноб аз мавзӯъи интихобшуда мебошад, ки дар шароити Тоҷикистон анҷомаш кори осоне нест.

«Фаъолият дар шароити феълӣ барои муҳаррирон ва хабарнигорон кори осоне нест. Масалан, идораҳои давлатӣ аслан бидуни дарёфти номаи расмӣ бо расонаҳо ҳамкорӣ намекунанд ва аз пешкаши иттилоъ комилан худдорӣ мекунанд», гуфт як сардабири нашрияе дар Тоҷикистон, ки нахост номаш чоп шавад.

Вале бо вуҷуди ин сахтиҳо, ҳар расонаи фаъол дар бозори иттилоотӣ талош мекунад хабари муҳим ва санҷидашударо пеш аз ҳама ва ба вижа дигар рақибонаш дар шабакаи интернет пахш кунад.

Хуршед Назаров, як рӯзноманигори собиқадор, мегӯяд, қаблан кору фаъолият барои рӯзноманигорон осонтар буд, ҳатто дар солҳои 1990-ум, замоне ки вазъияти кишвар хуб набуд ва фаъолият хатарнок буд. Он замон мусоҳиба ва иттилоъ гирифтан аз мансабдорони давлатӣ душвор набуд. Ҳоло ба гуфтаи ин рӯзноманигор, кор кардан барои муҳаррирон хеле душвор шудааст.

Сардабирони дигар мегӯянд, мушкили хеле ҷиддии солҳои охири онҳо ногузир ангезаҳои сиёсӣ касб мекунад. Борҳо мушоҳида шудааст, ки ҳангоми рух додани таҳаввулоте ваё ноамние, дастрасӣ ба паёмрасонҳову шабакаҳои иҷтимоии мисли Фейсбук, вебсайтҳои хабаррасон масдуд мешавад ва бозори ниҳодҳои таҳиякунандаи хабару гузоришҳо ҳам осеб мебинад. Имрӯз ҳам дар Тоҷикистон дастрасӣ ба як қатор вебсайтҳои хабарӣ номумкин аст ва онҳое, ки аз барномаҳои рахнагари интернетӣ огаҳанд, тавассути ҳамин барномаҳо ба вебсайтҳои мавриди назари худ дастрасӣ пайдо мекунанд.

Вале расонаҳое, ки баробар бо хабару гузориш бахши тиҷоратии кори худро фаъол кардаанд, мегӯянд, баста шудани интернет бозори рекламаи онҳоро касод мекунад, фармоишгар аз ҳамкорӣ бо расонаи «дучори мушкил» меҳаросад, чун мехоҳад кораш боздеҳ дошта бошад ва ҳам бидуни мушкил пеш равад.

Нигарониҳо аз болоравии нархи интернет

Амрита гуфт, тағйироти сиёсати ҳукумат дар нисбати интернет, нияти боло кардани нарх ва суръати пасти он ба сифати кори расонаҳои хабарӣ таъсири манфӣ мегузорад.

«Яке аз мушкилоти ҳамешагии мо ин суръати хеле пасти интернет аст. Баъзан мешавад, ки наметавонӣ хабареро ба осонӣ дар сайт мунташир кунӣ. Ҳамакнун, бо ин ки арзиши интернет боло рафтааст, суръаташ ҳамоно бетағйир мондааст».

Дар сурате ки агар нархи интернет барои 1 гигабайт 70 сомонӣ шавад, кори бунгоҳҳои хабарӣ ҳам ҳам душвортар хоҳад шуд.

Бархе муҳаррирони собиқадор мегӯянд, замоне, ки кори журналистикаи нашаротӣ танҳо аз чопи рӯзномаву маҷаллаҳо иборат буд, ҳеҷ нигароние аз заъиф будани дастрасӣ ба интернет вуҷуд надошт. Вале ҳоло бидуни интернет, ки як фазои хеле доманадони иттилоотӣ мебошад, ҳеҷ як расонаи хабарӣ вуҷуд дошта наметавонад.

Интернет макони нашри хабарҳои охирин, иттилои носанҷида, хабарҳои доғи шаҳрвандони оддӣ ва ҳам макони муошират шудааст. Дар мисоли Тоҷикистон, ки матбуоти дар фазои маҳдудиятҳои сиёсӣ қарор дорад, маҳз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ макони дарёфти хабарҳои бепардаву бидуни сензура шудааст.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG