Бо гузашти вақти начандон зиёд, аз он ки раисҷумҳури Ӯзбакистон гуфт, баъзе аз кишварҳои минтақа, зоҳиран Тоҷикистон, бо бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ мехоҳанд миллионҳо мардуми кишварҳои поёнобро ба қавле аз ташнагӣ бикушанд, вазири умури хориҷаи ин кишвар Владимир Норов аз минбари Созмони Милал гуфт, бархурдҳои яктарафа ба масъалаи тақсими захираҳои оби Осиёи Марказӣ метавонад оқибатҳои фоҷиабор барои минтақа дошта бошад.
Владимир Норов, ки зоҳиран ба Тоҷикистон ишора мекард, гуфт, ҳар кишваре, ки ба сохтмони ниругоҳҳои барқи обӣ дар рудхонаҳои фаромарзӣ машғул аст, дар сурати расонидани садама ба муҳити зист ва ё манофеъи иқтисодии кишварҳои дигар бояд ҷуброн пардозад.
"Ҷумҳурии Узбакистон бар ин ақида аст, ки ҳалли ҳамаи масъалаҳои марбут ба истифодаи оби рудхонаҳои фаромарзӣ, аз ҷумла сохтмони муассисаҳои энержии обӣ, бояд ҳеҷ гоҳ ба муҳити зист зарар наорад ва ба манофеъи аҳолии кишварҳои ҳамсоя латма назанад".
Вазири умури хориҷаи Узбакистон аз ин ҳам фаротар рафт ва ба сармоягузорони эҳтимолӣ хост, то ҳангоми маблағгузории бунёди нерӯҳои барқӣ дар рудхонаҳои фаромарзӣ андеша кунанд.
Тоҷикистон, ки талош дорад, бар рағми мухолифатҳои давлати Ӯзбакистон дар рудхонаҳои зиёдаш нерӯгоҳҳои барқии зиёд, бахусус нерӯгоҳи азими Роғунро бисозад, дар Маҷмааи кулли Созмони Милал ғайримустақим ба давлати Ӯзбакистон посух дод.
Сироҷиддин Аслов - сафири Тоҷикистон дар Созмони Милал гуфт, кишвараш ҳаққи қонунӣ дорад, ки барои беҳбуд бахшидан ба зиндагии мардуми камбизоат аз манобеъи энержии обии худ истифода кунад.
Вай гуфт, давлати Тоҷикистон қасд дорад, бо бунёди сарбандҳо дар рудхонаҳои асосии кишвар, ки воқеан киштзорҳои Ӯзбакистонро низ обёрӣ мекунанд, сарбандҳо бисозад ва тавлиди нерӯи барқро афзоиш диҳад.
Сироҷиддин Аслов афзуд, ки иҷрои барномаҳои энержии обӣ на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа муфид хоҳад буд. Вай сарбанди нерӯгоҳи Роғунро мисол овард, ки дар сурати бунёди он ба қавли Сироҷиддин Аслов се миллион гектар заминҳои кишт дар кишварҳои минтақа ва аз ҷумла Афғонистон низ обёрӣ хоҳад шуд.
Сироҷиддин Аслов барои иҷрои ин барномаҳо кишварҳои минтақа ва сармоягузоронро ба ҳамкорӣ даъват кард. Вай аз минбари Созмони Милал гуфтаҳои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро такрор кард, ки кишварҳои минтақа метавонанд бо бунёди лулае оби кӯли бузурги Сарезро ба поён ҷорӣ кунанд ва истифода баранд.
Аз он ки бар хилофи суханрониҳои пештараи намояндагони Узбакистон дар Созмони Милал, ки бо масъалаи терроризм шуруъ мешуд, суханронии имсола на аз ин, балки масъалаи тақсими захираҳои обии Осиёи Марказӣ шурӯъ шуд, ин масъала баёнгари нигаронии рузафзуни давлати Ӯзбакистон аст.
Аммо посухҳои батакрори давлати Тоҷикистон ва рад кардани иддаои Узбакистон низ баёнгари азми қавии Тоҷикистон барои иҷрои тарҳҳои бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ обӣ мебошад.
Дар ин миён, он гуна, ки Владимир Норов - вазири умури хориҷаи Узбакистон гуфт, эҳтимоли муноқиша миёни кишварҳои болообу поёноб дар Осиёи Марказӣ қавитар мешавад. Вале тавре Бо Либерт - мушовири минтақавии Кумиссиёни иқтисодии Созмони Милал барои Аврупо ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, фикр намекунад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҷое расида бошанд, ки ин масъаларо ба руёрӯӣ бикашанд, зеро муноқиша барои об барои мамолики минтақа бисёр гарон меафтад:
“Ман фикр намекунам, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ воқеан ин масъаларо то ба рӯёрӯӣ баранд. Аз суи дигар, мушкил аст гуфтан, ки чӣ хоҳад шуд. Агар кишварҳо барои муколама талош ва дарки шароиту далелҳои якдигар кушиш накунанд, дар ҳақиқат наметавон гуфт, ки дар оянда чӣ иттифоқ хоҳад афтод.”
Бо Либерт ҳамчунин гуфт, кишварҳои минтақа танҳо дар сурати муколама ва дарки ниёзҳои якдигар метавонанд, дар тақсими одилонаи захираҳои обии Осиёи Марказӣ муввафақ шаванд.
Зайниддин Қараев - як пажӯҳишгар аз донишгоҳи Аврупои Марказӣ дар шаҳри Будапешт низ дар як таҳқиқоти тулонӣ навиштааст, танҳо дар сурати табодули муассири энержӣ миёни кишварҳои поёноб ва саршор аз захираҳои нафту газ бо кишварҳои сероб вале бебаҳра аз газу нафт метавонад, ҷанҷолҳо бар сари тақсими об дар Осиёи Марказиро аз байн барад.
Ва чизи муҳими дигар, эътимод миёни ин кишварҳост, ки нишонаҳои он ҳоло миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистону Узбакистон камтар ба назар мерасад.