Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фишори масъалаи об дар Осиёи Марказӣ


Гурӯҳи байналмилалии бӯҳроншиносӣ мегӯяд, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои наздик тавони ҳалли масъалаи обу энержӣ – доғтарин мушкили ин қаламравро надоранд ва бояд рӯи роҳҳалҳои “хоксоронатар”-и ин мавзӯъ тамаркуз кунанд.

Гурӯҳи байналмилалии бӯҳроншиносӣ рӯзи 11 сентябр бо нашри гузориши вижаи 40-саҳифаӣ таҳти унвони «Фишори масъалаи об дар Осиёи Марказӣ” навиштааст, шиддати афзоянда дар водии Фарғона баҳсҳо пиромуни захираҳои муштараки об дар ин минтақаро доғтару амиқтар кардааст.

Дар ин гузориш, ки рӯзи 11 сентябр нашр шуд ва бештар ба масъалаи об дар водии Фарғона, водии мушкилзову танишзое, ки байни се кишвари минтақа – Узбакистону Тоҷикистон ва Қирғизистон – тақсим шудааст, гуфта мешавад, “барои ҳалли ин мушкил, Қирғизистону Тоҷикистон ва Узбакистонро зарур аст, ба таври оҷил аз истифодаи обу энержӣ ба ҳайси василаи маҷбуркунӣ даст бардоранду қадаме ба ақиб гузоранд ва дар интизори ҳалли фарогири ин мушкили ҷиддӣ рӯи силсилаи созишномаҳои дуҷонибаи хоксорона тамаркуз кунанд.”

Дейдре Тинан, мудири барномаи Осиёи Марказӣ дар Гурӯҳи байналмилалии бӯҳр оншиносӣ мегӯяд, “фасод, манфиатҳои махуф ва мавқеъҳои сарсахтонаи ҳар се кишвар ҳалли барои ҳама қобили масъаларо номумкин гардондааст. Таҳияи муштараки як стратегияе, ки рӯи масоили ислоҳот дар соҳаҳои кишоварзӣ ва энержӣ тамаркуз кунад, ба манфиати онҳо мебуд. Вале чунни ташаббус як тағйири куллӣ дар назари раҳбарони ин минтақаро мехоҳад.”

Гузориш бо таъкид ба мушкилоте, чун камбуди об дар шаҳрҳову рақобати байни Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбакистон дар роҳи бароварда кардани ниёзҳои худ ба обу энержӣ кам мегӯяд, хусуматҳои сиёсӣ, рақобатҳои иқтисодӣ, қавмгароии афзоянда ва адами эътимод садде дар роҳи пайдо кардани роҳкоре барои расидагӣ ба ниёзмандиҳои дар ҳоли афзоиши Осиёи Марказӣ ба обу энержӣ шудаанд. Муаллифон ҳамчунин зарфиятҳои ҷомиаи байналмилалӣ дар амри ҳалли ин “дарди сари бузург”-и Осиёи Марказӣ ва ба ин васила, дар амри таъмини бештари суботи милливу минтақавӣ дар ин қаламравро ба риштаи таҳлил кашидаанд.

Чанд хулосаву тавсияи Гурӯҳи бӯҳроншиносӣ барои ҳалли масъалаи об дар Осиёи Марказӣ аз ҷумла ин нуктаҳоро дар бар мегирад:

  • Қирғизистон дар пешорӯи боз як зимистони сарду аз нирӯи барқ камчин қарор дорад, чунки сатҳи об дар обанбору нирӯгоҳи Токтогул поён рафтааст. Камбуди энержӣ ва норозигиҳо аз омилҳои умдаи суқути чандин ҳукумати муваффақ дар Қирғизистон шуд. Танҳо муҳоҷирати кории саросраӣ ва шеваи худкомагӣ аз чунин ошӯбҳо дар Узбакистону Тоҷикистон пешгирӣ кардааст.
  • Талошҳо барои ҳалли фарогири мушкилоти минтақа ба девори нобоварӣ дучор мешавад. Се кишвар(ва пуштибонҳои байналмилалӣ) бояд дар манотиқи марзии водии Фарғона ба хотири хатми рақобатҳову низоъҳо бар сари масоили об тавассути ҷустуҷӯи роҳи ҳаллҳои қадам ба қадам иқдом кунанд, на бо тамаркуз ба пайдо кардани роҳҳалҳои фарогир. Агар Узбакистон ба ин раванд напайвандад, Қирғизистон ва Тоҷикистон бояд дуҷониба амал кунанд.
  • Низоми обёрии Узбакистон шадидан ба навсозӣ эҳтиёҷ дорад. Ба назари пажӯҳишгарон, аз 50 то 80 дарсади обе, ки барои обёрии заминҳои кишти Узбакистон равона шудааст, барҳадар меравад.
  • Нокомии Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ҷиҳати ироаи хадамоти асосӣ эҳсосотеро хеле зиёд мекунад, ки ҳукуматҳои онҳо заифу фасодзадаанд. Ин метавонад ҷунбишҳои мухолифро ба барканории ин ҳукуматҳо таҳрик диҳад.
  • Кумакрасонҳо, бо шумули Чин, Иттиҳодияи Аврупо ва Русия бояд дар навсозии зербинои обу обёрии минтақа, роҳандозии чораҳои муаассири мубориза бо фасод ва тамарку ба таъсири мустақими ин барномаҳо ба сатҳи зиндагии ҷомиа кумак расонанд.

Пол Квин – Ҷаҷ, мудири барномаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Гурӯҳи байналмилалии бӯҳроншиносӣ гуфт, “нокомии Бишкеку Душанбе ва Тошканд дар амри ҳалли мушкилоти обҳои фаромарзӣ сӯъиэҳтироми нигаронкунанда нисбат ба масоили сбуот дар қаламрави муштараки онҳоро нишон медиҳад. Муносибот ва рақобатҳои шадиди қавмӣ дар масоили обу замин метавонад ба як маҳлули ҳалокатбор табдил шавад. Низоъ дар ин қисмати ошӯбзои Осиёи хатари бесуботии босуръат ва шояд ҳатто бебозгаштро дар минтақа ба бор биорад.”

Амӯдарё дар шарқи Туркманистон
Амӯдарё дар шарқи Туркманистон

Баҳси масоили обу энержӣ як баҳси доғ дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Кишварҳои минтақа дар ин масъала ду даста шудаанд. Кишварҳои болооб – Тоҷикистону Қирғизистон, ки ба фарқ аз кишварҳои поёноб аз манобеи нафту наз маҳруманд ва бар илова ҳар зимистон ба камбуди шадиди нирӯи барқ рӯбарӯ мешаванд, бунёди нирӯгоҳҳо дар рӯдхонаҳояшонро як роҳи асосии ҳалли бӯҳрони энержӣ дар кишварҳои худ ва қаноат додани мардуми аз бебарқӣ сахт норозӣ мешуморанд. Бишкек ҳоло рӯи бунёди нирӯгоҳҳои Қамбар –Ота-1 ва Қамбар-Ота-2 ҳисоб мекунад ва Душанбе – рӯи тарҳи нирӯгоҳи Роғун. Вале кишварҳои поёноб, бахусус Узбакистон, ба сохтани нирӯгоҳҳои бузург дар Тоҷикистону Қирғизистон мухолифат варзида., мегӯянд, бунёди нирӯгоҳҳои бузург дар кишварҳои болооб кишоварзон кишварҳои поёнобро дар мавсими кишт аз оби лозим барои обёрии заминҳояшон маҳрум мекунанд. Тошканд ҳамчунин исрор меварзад, ки нирӯгоҳсозӣ боиси боз ҳам бештар беоб мондани кӯли Арал – бузургтарин фоҷиаи экологии минтақа – хоҳад шуд.

Пажӯҳишгарони Гурӯҳи бӯҳроншиносӣ барои ҳалли масъалаи оби Осиёи Марказӣ ба кишварҳои ин минтақа – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон ва ба кумакрасонҳои онҳо, бо шумули Русияву Чину Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамчунин ба СММ чанд тавсия додаанд, ки умдаҳояш чунин аст:

  1. Рӯдхонаҳои Сирдарёву Амӯдарё бояд мавзӯъи созишномаҳои алоҳида дар масъалаи тақсими об қарор дода шаванд.
  2. Ташвиқ ва миёнаравӣ барои таҳияи созишномаҳои дуҷониба дар масоили тақсими обу энержӣ байни Қирғизистону Узбакистон ва Узбакистону Тоҷикистон то замони таҳияи як созишномаи фарогир дар ин замина.
  3. Кумакрасонҳо бояд барномаи навсозии шабакаҳои таъмини об ва санитарӣ дар шаҳрҳо ва низоми обёрӣ дар деҳоти минтақаро таъмини молӣ кунанд.

Гурӯҳи байналмилалии бӯҳроншиносӣ аммо мегӯяд, ҳукуматҳои минтақа низ пой аз масири мухолифатҳои дерина бардошта, ба роҳи ҳамкорӣ қадам гузоранд. Ва ҳам дар масълаи фасод ва сӯъиистифодаи маблағҳои кумакрасонҳо низ фикре бикунанд, вагарна ҳар кумаке ки ба домани онҳо хоҳад рехт, мисли сели обест, ки дар шабакаҳои фартути обёрии Узбакистон барҳадар меравад.

XS
SM
MD
LG