Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷадвали Менделеев дар оби мусаффои Варзоб


Донишмандони тоҷик мегӯянд, агар афзоиши аҳолии Варзоб ва ифлос кардани рӯдхона идома кунад, оби мусаффои Варзоб на фақат барои обёрӣ, балки барои нӯшидан ҳам ғайриқобили истифода мешавад.

Таҳқиқи мӯшикофонаи таркиби оби рӯдхонаи Варзоб нишон додааст, оби мусаффои Варзоб аз ҳар ҷиҳат мувофиқ ба истеъмолу истифода аст, аммо барои зироатпарварӣ камбуд дорад.

Варзоб яке аз рӯдхонаҳои муҳимтарини Тоҷикистон аст, ки бисёре аҳолии як миллионнафарии Душанбе ва ноҳияҳои наздикро бо оби ошомиданӣ ва объёрӣ таъмин мекунад. Шабакаи обу корези Душанбе ба ҳисоби миёна ҳар рӯз барои эҳтиёҷи мардуми шаҳр аз Варзоб 300 ҳазор метри мукааб об мегирад ва бақияи он ба наҳри Душанбе ҷорӣ мешавад ва тобистон то Узбакистон мерасад.

Кишварҳои поёноби Тоҷикистон ба таъму хосиятҳои оби Варзоб ва дигар рӯдхонаҳои Тоҷикистон ҳасад мебаранд, зеро таркиби кимиёӣ ва биологии он мувофиқ ба тамоми меъёрҳо аст. Намаку минералҳои зиёд надорад, ки барои сиҳатии инсон хатарнок бошад ва зарурате барои коркарди изофии он вуҷуд надорад.

Ҷамшед Абдушукуров, пажӯҳишгари Институти таҳқиқи масоили оби Академияи улум, таркиби оби Варзобу дигар рӯдхонаҳои бузурги Тоҷикистонро омӯхтааст. Ӯ рӯзи 18 феврал дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Оби Варзоб оби камишқор ба ҳисоб меравад, ки ин бисёр хуб аст. Дар умум оби тамоми рӯдхонаҳои Тоҷикистон камишқор аст. Агар об серишқор бошад, бад аст, вале обе, ки Варзоб дорад, аз ҳама ҷиҳат хуб аст. Мизони туршиаш (Ph) ҳам мӯътадил аст. Оби мо мусаффо аст, намак кам дорад ва оби бисёр хуб аст.”

Барои пешгирӣ аз хуруҷи бемориҳои сироятӣ, оби рӯдхона аз назари мавҷудияти микробу организмҳои хатарнок муназзам таҳқиқ мешавад, вале таркиби кимиёӣ ва физикии оби рӯдхона аҳёнан омӯхта шудааст. Омӯзиши хосиятҳои кимиёии об, барои он муҳим аст, ки то кадом андоза минералу намак ва элементҳои лозим барои организми инсонро дорад.

Зайнаб Солибоева, пажӯҳишгари Маркази биотехнологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, яке аз донишмандони дигарест, ки миқдори калтсию, натрий ва оҳану даҳҳо элементҳои дигар дар оби рӯдхонаи Варзобро омӯхтааст. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқи муштараки донишмандони тоҷик бо мусоидати ҳамкоронашон аз Амрико дар ду соли гузашта нишон дод, миқдори 23 минералу металҳои мавҷуд дар оби Варзоб, аз ҷумла уран мувофиқ ба меъёр аст ва барои сиҳатии инсон хатарнок нест.

"Маълум шуд, миқдори ин металҳо дар таркиби оби Варзоб назар ба меъёр зиёд нест, ба истиснои онки дар баъзе ҷо миқдори арсен (марги муш) ва сурма ошкор шуд, ки зиёд нест, вале аз меъёри муаяйншуда 2 ва 3 маротиба камтар аст,"-афзуд ӯ.

Миқдори аз ҳама бештари арсен ва сурма дар шохаҳои Сиёма ва Оби Чаппа вуҷуд доштааст, вале бо ҳамроҳ шудани шохаҳои дигар миқдори ин элементҳои заҳрнок дар Варзоб камтару камтар мешавад. Ба гуфтаи Ҷамшед Абдушукуров, як хубии дигари оби Варзоб ин аст, ки оксигени зиёд дорад ва рӯдхонаро мисли як филтри табиӣ мекунад: "Аввал ин ки дар таркиби об ҳар қадар оксиген зиёд бошад, худаш худро пок мекунад. Оксиген, ки моддаи фаъол аст ва ҳар элементи кимиёӣ дар таркиби об бошад, ба шарофати оксиген таҳшин мешаванд ва об пок мешавад. Ва ин як хосияти хуби оби Варзоб аст."

Донишмандони тоҷик муайян кардаанд, миқдори калтсий, ки организми инсон ба он эҳтиёҷи зиёд дорад, дар таркиби оби рӯдхонаи Варзоб камтар аст. Организми инсон барои сахтии устухону кори муназзами дил калтсийро асосан аз об ҷазб мекунад, аммо дар таркиби оби Варзоб ва шохаҳои он миқдори калсий дар ҳар литр, 39 миллиграмро ташкил медиҳад.

Таҳқиқи таркиби оби Варзоб дар озмоишгоҳҳои Узбакистон, Қазоқистон ва Озмоишгоҳии миллии Сандиа дар Амрико сурат гирифтааст ва нишон додааст, дар оби Варзоб металҳои заҳрогине ба мисли талий, симоб ҳам вуҷуд дорад, вале меъёри онҳо низ зиёд нест. Оби Варзоб, ки аз барфу пиряхҳо ҳосил мешавад, барои нӯшидан сад дар сад мувофиқ бошад

ҳам, аммо барои зироатпарварӣ андаке камбуд дорад. Ба гуфтаи Ҷамшед Абдушукуров дар таркиби оби Варзоб, ба қадри кофӣ хром, кобалт ва рӯҳ вуҷуд надорад ва инро бояд деҳқонони водии Ҳисор ба инобат бигиранд: "Камбуди ин микроэлементҳо дар об барои соҳаи кишоварзӣ хуб нест. Дар воқеъ дар минтақаҳои поёноб дар водии Ҳисор камбуди хром вуҷуд дорад. Рустаниҳо минералҳоро асосан аз об мегиранд. Барои ҳосилхез шудани зироат барои ҷуброни ин камбудӣ бояд аз нуриҳои минералӣ истифода кунанд."

Оби рӯдхонаи Варзоб, ки ба ҳавзаи дарёи Кофарниҳон шомил мешавад, бар асоси баҳоргузории Кадастри давлатии оби Тоҷикистон оби дараҷаи 1, яъне оби бисёр поку мусаффо аст. Аммо ин оби поку мусаффо ба сабаби рушди сайёҳӣ дар дараи Варзоб, ҳар рӯз қад кашидани истироҳатгоҳу ресторанҳо, ки бисёрашон ба элитаву мансабдорон тааллуқ доштаанд, ҳоли рӯдхонаро бад кардааст. Ҳар касе, ки барои истироҳат ба ин дара меравад, мегӯяд, ҳоло дидани зарфҳои пластикиву шишагии холӣ, қуттиву коғаз ва устухону пасмондаи ғизо касеро дар инҷо ба ҳайрат намеорад.

Гузашта аз ин, барои баъзе аз истироҳатгоҳҳои Варзоб, ки канализатсия надоранд, рӯдхона партовгоҳи табиӣ шудааст. Дар ин дара 66 маҳаллаи аҳолинишин мавҷуд аст, ки 54-тои он дар наздикии шохаҳо ва сарчашмаҳои рӯдхонаи Варзоб ҷойгир аст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳар сари чанд вақт соҳилҳои рӯдхонаро аз ифлосиву партовҳо пок мекунанд ва таркиби микробиологии об низ санҷида мешавад, мабодо олудагии хатарноке надошта бошад.

Саидмуҳиддин Маҳмадаминов, сардори шӯъбаи назорати истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ба Радиои Озодӣ гуфт, то кунун олудагии хатарноке дар рӯдхонаи Варзоб пайдо накардаанд: "Агар пайдо мешуд, мо ҳатман нақшаву чорабиниҳо ташкил мекунем ва фавран ба онҷо гурӯҳи корӣ мефиристем, ки назорат карда бубинанд. Вале то ҳол ингуна маълумот ба мо нарасидааст."

Ба гуфтаи донишмандони тоҷик, таркиби кимиёӣ ва физикии об дар муддати кӯтоҳ тағйир намеёбад, аммо афзоиши аҳолии минтақаи Варзоб ва ифлос кардани рӯдхона ба ҳамин минвол идома кунад, оби мусаффову поки дараҷаи яки Варзоб, на фақат барои обёрӣ барои нӯшидан ҳам ғайриқобили истифода мешавад.

XS
SM
MD
LG