Раҳмат Бобокалонов, вазири обу обёрии Тоҷикистон, рӯзи 22-юми январ дар робита ба масъалаи тақсими захоири оби ин кишвар бо давлатҳои поёноби минтақа гуфт, "ҳатто Тоҷикистон дар соли 2012 аз лимите, ки барояш муқаррар шудааст, 1 миллиард мукааб об камтар истифода кардааст."
Ба қавли вазири обу обёрии Тоҷикистон, захоири оби ин кишвар мисли солҳои пешин ройгон (бепул) ба ҳамсояҳо дода мешавад. Ҳарчанд ба қавли вазир "об дар ҷаҳон ҳамчун мол шинохта шуда, хариду фурӯш мешавад."
Ҷаноби Бобокалонов афзуд, дар ҳоли ҳозир дар масъалаи тақсими захоири об бо кишварҳои поёноб, аз ҷумла Узбакистону Туркманистон мушкиле вуҷуд надорад. Аммо Вазорати обу обёрии Тоҷикистон бештар аз вазъи обёрӣ дар дохили кишвар нигаронӣ кард.
Раҳмат Бобокалонов мегӯяд, азбаски хоҷагиҳои деҳқонӣ қарзи худро дар вақташ ба вазорат барнамегардонанд, насосҳои обкашӣ таъмир карда намешавад ва дар натиҷа чунин ҳолат ба вазъи кишту кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад. "Азбаски дар хоҷагиҳо ҳисобкунак вуҷуд надорад, вазорат ҳам наметавонад мушаххас кунад, ки чӣ қадар об мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст",-гуфт Раҳмат Бобокалонов.
Ҷузъиёти бештари мавзӯъ дар идомаи рӯз нашр хоҳад шуд.