Шореҳи амрикоӣ Александр Боттинг (Alexander Botting) дар шумораи ахири маҷаллаи “Diplomatic Courier”, чопи Вашингтон,менависад, сохтмони Роғун дар солҳои ҳафтодуми қарни гузашта оғоз ёфта, баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои навадуми асри гузашта мутаваққиф шуд.
Боттинг ёдрас мекунад, ки чанд сол пеш Русия ба такмили сохтмони Роғун мувофиқат кард, Вале шароите, ки Маскав барои иҷрои ин лоиҳа пешниҳод карда буд, барои мақомоти Тоҷикистон қобили қабул набуд ва Душанбе аз ҳамкорӣ бо Маскав даст кашид.
Феълан бо ҳадафи аз байн бурдани ҳар гуна тахмину нигарониҳо Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ хостааст, ки экпертизаи бетарафи ин сарбандро гузаронад.
Боттинг таъкид мекунад, ки эҳтимол ин экпертиза бо охири тобистони соли равон ба анҷом расад.
Муаллифи мақола дар маҷаллаи “Diplomatic Courier” пешбинӣ мекунад, ки агар Тоҷикистон ҳамкории зич бо Бонки Ҷаҳониро идома дода, ба машваратҳои ин муассисаи байналмилалӣ гӯш диҳад, шояд Бонки Ҷаҳонӣ, ИМА ва як идда кишварҳои узви НАТО аз такмили сарбанди Роғун расман ҳимоят кунанд.
Ба қавли Боттинг такмили нерӯгоҳи барқу оби Роғун Тоҷикистон ва аслан тамоми минтақаро аз камбуди шадиди нерӯи барқ наҷот медиҳад. Ҳоло, то ҳадде ба иллати таҳрими Узбакистон, Тоҷикистон маҷбур аст, дар фасли сармо маҳдудияти таъмини нерӯи барқро ҷорӣ кунад.
Вале ба гуфти Боттинг такмили Роғун имкон медиҳад, на танҳо Тоҷикистон, балки Афғонистону Покистон ҳам бо нерӯи барқи арзон таъмин шаванд, зеро ин нерӯгоҳ солона то 3600 мегаватт нерӯи барқ тавлид хоҳад кард.
Боттинг мегӯяд, барои такмили лоиҳаҳои нерӯгоҳҳои бузурги барқу оби минтақа ба монанди Роғуни Тоҷикистон ва Қамбар-Отаи Қирғизистон ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ зарур аст. Ӯ солҳои шӯравиро ба ёд меорад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми хуби табодули обу барқро ташкил карда буданд.
Тоҷикистон дар тобистон ба Узбакистон обу барқ медод ва бар ивази он дар фасли зимистон газ ва нерӯи барқ дарёфт менамуд. Ба ақидаи Боттинг ИМА, Чин ва Русия бояд рӯи Тошканд фишор оранд, то муқовимат ба сарбандсозиро канор гузошта, сари мизи музокирот нишаста, масъалаҳои марбут бо истифодаи оқилонаи захираҳои обии минтақаро баҳс кунад.
СММ соли 2013-умро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об унвон дода, нишастҳое бахшида ба ин мавзӯъ моҳи равон дар шаҳри Нюйорк ва моҳи август дар шаҳри Душанбе доир хоҳад кард. Боттинг ин нишастҳоро майдони хубе барои арзёбии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва бунёди ояндаи рӯшан барои кишварҳои минтақа номидааст