Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Volkswagen" ва "Volvo" муҳоҷирони узбекро ба кор даъват кардаанд


Корхонаҳои мошинсозии "Volkswagen" ва "Volvo" дар Словакия шаҳрвандони Узбекистонро ба кор даъват мекунанд.

Ба иттилои Вазорати шуғли аҳолӣ ва коҳиши фақри Узбекистон, корхонаи "Volkswagen" омодагии худро барои ба кор қабул кардани 240 мутахассиси аз 18 то 45-солаи узбекистонӣ эълом кардааст.

Гуфта мешавад, мутахассисон ба корҳои насбкунии қисмҳои эҳтиётӣ ва ташхиси мошинҳо ҷалб мешаванд.

Довталабон бояд забони русиро дар сатҳи гуфтугӯӣ донанд. Онҳо дар се баст кор карда, маош аз 1200 то 1600 евроро ташкил медиҳад.

Ширкати "Volvo" ҳам эълом карда, ки то 150 ронандаи мошинҳои боркашро аз Узбекистон ба кор қабул мекунад. Ронандаҳо бояд аз 18 то 45 сол дошта бошанд. Ба онҳо аз 1700 то 2400 евро моҳона ваъда шудааст.

XS
SM
MD
LG