Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Баҳси бакорат ғайриахлоқӣ аст" ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ аст
Акс аз бойгонӣ аст

Шӯрои уламои Тоҷикистон аз ҳодисаҳои зиёди ташхиси бакорат дар кишвар изҳори нигаронӣ карда, ҳушдор дод, ки бо ин баҳона набояд шаъну шарафи занон поймол шавад.

Масъулини Шӯро мегӯянд, бакорат масъалаи хусусӣ аст ва аз ин роҳ бо обрӯи занон бозӣ кардан дуруст нест. Санҷиши бакорати арӯсон қабл аз издивоҷ ва ба вижа баъди он, аз масъалаҳои доғи солҳои охир шудааст, ки гоҳҳо бо фоҷеа меанҷомад.

"Беҳтар аст мард гуноҳи занашро пӯшонад"

Вақте ҷавон ба ҳамсари ояндааш эътимод надорад, пас дар оянда ӯ чӣ хел бо ин зан зиндагӣ мекунад? Боварӣ сутуни аслӣ дар ташкили оила аст

Ҷамолиддин Хомӯшӣ, масъули шуъбаи фатвои Маркази исломӣ рӯзи 25-уми июл дар ҳошияи як нишаст дар Душанбе гуфт, дар ягон китоби динӣ қайд нашудааст, ки дар ҳолати муқаррарӣ духтарро бурда аз ташхиси бакорат гузаронанд. Ба қавли ин масъули Шӯрои уламо, вақте як духтарро барои ташхиси бакорат мебаранд, бояд фаромӯш нашавад, ки ӯ шарафу иззат дорад.

"Ин чизҳо бояд пӯшида бошанд. На инки ошкоро барои резондан (-и обрӯ) ва аз байн бурдани шахсият бошад. Дини Ислом дар ҳеҷ ҳолат ба ин чиз тавсия намекунад. Ин масъалаи хусусӣ аст ва хосаи зану марди ҷавон аст, ки ин чизро таҳаммул карда метавонанд ё не",- афзуд Хомӯшӣ.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Ҷамолиддин Хомӯшӣ мегӯяд, агар баҳси бакорат ба ҷанҷол печад, дар ин ҳолат ҷоиз аст, ки духтаронро барои ташхис баранд. Масъули шуъбаи фатвои Маркази исломӣ афзуд, агар баъди тӯй арӯс бокира набарояд, беҳтар аст, ки ҷавонон айби ҳамсари худро пӯшонад.

Чун ба қавли Ҷамолиддин Хомӯшӣ, "дар ҳадисҳо ҳам омадааст, ки агар рафту гуноҳи як нафарро сатр кунад, Худованд рӯзи қиёмат гуноҳи ӯро мепӯшонанд. Агар мард имкон, қудрат (дошта) ва ҷавонмард бошаду гуноҳи ҳамон хоҳарро бахшад, Худо ба ӯ баракат медиҳад".

Шӯрои уламо: баҳси бакорат ғайриахлоқӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00

"Санҷиш аз низоъҳои эҳтимолӣ пешгирӣ мекунад"

Як пажӯҳиш дар оғози соли ҷорӣ муайян кард, ки мавзӯи бакорат барои ҷавонони Тоҷикистон хеле муҳим будааст. Беш аз 90 дарсади пурсидашудагон бакоратро барои ҳарду ҷинс, бахусус, духтарон муҳим хондаанд. Танҳо каме беш аз 2 дарсади пурсидашудагон ҳифзи бакоратро як фаҳмиши куҳна ва аз мӯдрафта арзёбӣ кардаанд.

Дар пайи ҳодисаҳои азҳампошии оилаҳо ва ҳатто худкушии духтарони ҷавон, бархе пешниҳод карданд, ки фароҳам овардани чунин шароит барои ташхис масъаларо на ҳал, балки печидатар мекунад.

Дар Тоҷикистон Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ ва додгоҳӣ амал мекунад, ки ба ҷавондухтарон маълумотнома дар бораи бокира будан медиҳад. Масъулини ин марказ бовар доранд, ки буданашон зарурӣ аст.

Муродбек Ашӯрбоев, як масъули Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ ва додгоҳӣ мегӯяд, аз санҷиши бакорат гузаштан як роҳе барои пешгирӣ аз ҷанҷол ва азҳампошии оилаҳо мебошад.

Ба қавли ҷаноби Ашурбоев, зиёданд нафароне, ки танҳо баъди туй ва ба сар задани баҳс ба онҳо муроҷиат мекунанд. Ҳол онки, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, беҳтар аст пеш аз туй аз ташхиси бакорат гузаранд ва пеши роҳи низоъҳои эҳтимолӣ гирифта шавад.

Аммо Муродбек Ашӯров рад намекунад, ки санҷиши бакорат ба менталитети мусалмонии мо дар бархе ҳолат зиддият дорад.

"Чаро духтарон ашгуштнамо мешаванд?"

Дар ҷомеаи суннатӣ ва аксаран мусалмоннишини Тоҷикистон ба масъалаи бакорат ҳассосияти шадид доранд. Ҷавондухтароне, ки бо ин айб аз хонаи шавҳар мераванд, дар ҷомеа ангуштнамо мешаванд ва ин кор оғози бадбахтиҳои тозаи духтарон метавонад бошад.

Аз ҷумла, қаҳрамони суруди Шариф Болтаев, як репсарои тоҷик ҳам духтарест, ки баъди як фиреб бакораташро аз даст дод ва дар пайи он ҳаёташ низ бо фоҷиа анҷомид. “Вақте ин духтар номусашро аз даст дод дигар аз хонаи волидайн ҳам рафт. Баъди ин ҳаёт барояш дигар маъно надошт, ки аз як духтари баодоб ба танфурӯш ва наркоман табдил ёфт ва маводи мухаддир риштаи умрашро барканд", - гуфт Шариф Болтаев.

Раҷаббӣ Хуршед дар паи тӯҳмати шавҳар худкушӣ кард. Ҳамсарашро ба 7 соли зиндон маҳкум карданд
Раҷаббӣ Хуршед дар паи тӯҳмати шавҳар худкушӣ кард. Ҳамсарашро ба 7 соли зиндон маҳкум карданд

Ин ҳунарманд мегӯяд, пайдо шудани чунин тарона тасодуфӣ нест ва аз зиндагии воқеӣ гирифта шудааст. Ин репсарои тоҷик мегӯяд, зиёд шудани ҳодисаҳои худкушӣ ё азҳампошии оилаҳо ӯро водор кард, ки тақдири яке аз ин духтарони нокомро ба риштаи суруд бикашад.

"Бо санади бакорат ба хонаи шавҳар - гувоҳ аз чист?"

Баҳси бакорат дар ҷомеаи Тоҷикистон баъд аз фоҷеаи пурсарусадо ва маргбори Раҷаббӣ Хуршед, арӯсе дар ноҳияи Восеъ, ки баъд аз баҳси покдоманӣ бо шавҳар худкушӣ кард, доғ шуд.

Порлумони Тоҷикистон дар охирҳои соли 2015 муоинаи тиббии пеш аз издивоҷро ҷорӣ кард ва ҳадафи ин муоинаро мушаххас кардани вазъи сиҳатии арӯсу домод, рад шудани ҳамхунӣ ё хешутабории онҳо ва мушаххас кардани вуҷуди бемориҳои гузаранда дар хуни ҷавонҳо номид. Аммо ба гуфтаи муттахассисон, ташхиси бакорат ихтиёрӣ аст.

Аммо коршиносон мегӯянд, падидаи тозае, ки зиёд шуданаш боиси нигаронӣ шудааст, ин бо санади бакорат рафтан ба хонаи шавҳар мебошад. Як коршиноси масоили занон мегӯяд, зиёд шудани ин раванд нобоварӣ дар байни навхонадоронро аз байн мебарад.

"Вақте ҷавон ба ҳамсари ояндааш эътимод надорад, пас дар оянда ӯ чӣ хел бо ин зан зиндагӣ мекунад? Боварӣ сутуни аслӣ дар ташкили оила аст", - гуфт ин коршинос.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG