Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се видеои пурбинандаи ҷаҳон дар соли 2012


"Гангам стайл"-ро зиёда аз 1 миллиард нафар тамошо кардаанд.
"Гангам стайл"-ро зиёда аз 1 миллиард нафар тамошо кардаанд.
Дар поёни соли 2012-и мелодӣ, вақте ки шумораи умумии бинандагони наворҳои видеоӣ ҷамъбандӣ шуд, даҳгонаи машҳуртарини онҳо муайян гашт.

«Гангам стайл» ("Gangnam Style")

Ин видеои рэпсарои Кореяи Ҷанубӣ «Псӣ» танҳо дар YouTube зиёда аз 1 миллиард нафарро ба худ ҷалб кард ва ба “падида”-и бечуну чарои сол табдил ёфт. Навори машҳур дар кӯтоҳтарин фурсат даҳҳо пайрав пайдо кард, ки бо истифода аз оҳанги "Псӣ" клипҳои худро ба навор гирифтанд ва ҳамчунон бинандаи зиёдеро ба худ ҷалб намуданд. Чанде аз ин таронаҳоро бинандагон ҳатто беҳтар аз асл номидаанд, вале бархе аз муаллиофн пешопеш гуфтаанд, мехоҳанд, танҳо бо илҳом аз таронаи "Гангем стайл" нақизае дуруст кунанд, ки ин таронаи амрикоиёни афғониасл як намунаи чунин тақлидҳои танзомез аст:




Мустанади Конӣ

То замионе ки "Gangnam Style" ба саҳна ояд, филми ҳуҷҷатӣ аз ҳаёти ҷангсолори африқоӣ Ҷозеф Конӣ пурбинандатарин видеои ҷаҳон буд. Дар аввалин ҳафтаи аввали нашраш зиёда аз 70 миллион нафар ин видеоро тамошо карданд ва баҳси пуршӯре дар атрофи он шабакаҳои иҷтимоиро фаро гирифт. Филмро Бунёди амрикоии хайрия бо номи “Invisible Children” ба навор гирифт, аммо дурустии он ва нақши интернет ҳамчун абзори маъракасозӣ мавриди баҳс қарор гирифт.



Моҳифурӯш

Бозорнишинон моли худро ситоиш мекунанд, аммо як моҳифурӯши покистонӣ талош кард, диққати харидорони бозори бритониёиро бо сабки бадеҳаҳи панҷобӣ ба моли худ ҷалб кунад. Натиҷа ин шуд, ки як ширкати мусиқӣ бо Муҳаммад Шаҳид барои тавлиди албоми таронаҳо қарордод ба имзо расонад.




Ҳамчунин як силсила наворҳое, ки садамаҳои роҳ, ҳазлҳои тарсомез, афтоданҳо ва рафтори ҳайвонотро забт карда буданд, дар маркази диққати бинандагон буданд ва ҳар кадомро аз 1 то 10 миллион нафар тамошо кардаанд.
XS
SM
MD
LG