Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳҳо аз хориҷ ба интихоботи президентии Тоҷикистон


Муҳаққиқони тоҷики муқими хориҷ мегӯянд, интихоботи моҳи ноябри раёсати ҷумҳурӣ аз чанд интихоботи гузашта тафовути зиёд нахоҳад дошт, бо вуҷуди ин, ки аз интихоботи гузашта то ҳол муҳити сиёсӣ дар Тоҷикистон тағйир ёфтааст.

Яке аз сабабҳои он, нобаробарии имконот ва нобаробарии нируи ҳизбҳои сиёсӣ бо ҳизби ҳоким дар интихобот арзёбӣ мешавад.

Муртазо Назаров-устоди донишгоҳи Техаси Амрико мегӯяд, муттаассифона дар Тоҷикистон ҳизбҳои мухолифи давлат бо ҳизби ҳоким баробарқувва нестанд. Агар мо шароити интихоботии Тоҷикистонро бо кишварҳои аврупоӣ ва Амрико муқоиса кунем, мебинем, ки дар Амрикову Аврупо ҳизбҳои рақиб тақрибан баробарқувва ҳастанд. Вале ҳизбҳои сисёсии Тоҷикистон ҳоло ба ин марҳила нарасидаанд ва интихобкунандагон онҳоро бо барномаҳояшон намешиносанд:

“Масалан, ҳизбҳои оппозитсионии мо ба ягон варзишгар ягон мошин ё хона медиҳанд ва нишон медиҳанд, ки ҳизби мухолифи давлат ҳастанд. Ба фикри ман, агар ба ҷои мошин додан ба ягон ноҳия об мебароварданд ва ҳазорҳо одам аз он баҳра мебардошт, дар он сурат гуфтан мумкин аст, ки ин ҳизби сиёсӣ дорои сохтор буда, дар ҳаёти сиёсӣ вазн дорад.”

Муртазо Назаров, устоди донишгоҳи Техаси Амрико.
Муртазо Назаров, устоди донишгоҳи Техаси Амрико.
Вале барои доштани вазни баробар ҳар ҳизби сиёсӣ бояд сарчашмаҳои даромади молӣ дошта бошад.

Муртазо Назаров меафзояд, дар Ғарб яке аз омилҳои муҳими таъсиргузор ба мафкураи мардум барои нишон додани бартарии номзадҳои интихоботӣ интернет ва матбуот аст. Дар Тоҷикистон низ интернет ва матбуот метавонад нақш дошта бошад, вале матбуоти мустақил ё нашрияҳои мухолифони давлат дар сатҳи кунунии худ наметавонанд омили муасссири таъсиргузор дар натиҷаҳои интихобот бошанд, зеро ҳизби ҳоким низ, ки дар паси он ҳукумат ва сохторҳои он қарор дорад, бо истифода аз имконоти фаровони худ муҳити интихоботиро ба нафъи худ тағир медиҳад.

Азамат Султонов-раҳбари маркази “Russian Media Solutions” дар Лондон эътироф мекунад, ки шароиту муҳити интихоботӣ дар Тоҷикистон аз интихоботи гузашта фарқ дорад. Шумораи корбарони интернет афзоиш ёфтааст. Ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷ аз он шумораи зиёди тоҷикон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Facebook ақидаҳои худро пешниҳод ва мавзӯъҳоро ба мунозира мекашанд. Вале агар онро дар миқёси ҷумҳурӣ ва шумораи умумии райдиҳандагон муқоиса кунед, ночиз аст, агар ин нукта ҳам дар назар гирифта шавад, ки гаҳ-гоҳе дар Тоҷикистон шабакаҳои You Tube ва Facebook баста мешаванд.

Султонов мегӯяд, таҳқиқоту мушоҳидаҳо нишон додааст, ки бо назардошти корбарони сомонаҳои аслӣ, 60 дарсади аҳолӣ ба интернет дастрасӣ доранд ва дар як шабонарӯз шумораи истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон на камтар аз 30 ҳазор нафарро ташкил медиҳад: “Ман фикр намекунам, ки ин аудиторияи иборат аз 30 ҳазор нафаре ки дар интернент фаъол ҳастанд, ба интихобот ё ба натиҷаҳои он таъсир расонанд ва ё тағироте биёранд. Моҳиятан шумораи онҳо хеле кам аст, то кӣ вокуниш ва ё мунозираҳо ба бор орад”.

Азамат Султонов-раҳбари маркази “Russian Media Solutions” дар Лондон.
Азамат Султонов-раҳбари маркази “Russian Media Solutions” дар Лондон.
Оқои Султонов мегӯяд, аксари ҷавононе, ки дар хориҷ таҳсил мекунанд, ба ҷонибдорӣ аз номзади ҳизби ҳоким раъй медиҳанд ва онҳо бо ақидаҳои ҳизби ҳоким наздиктаранд. Гузашта аз ин, дар Русия бештар аз якуним миллион нафар муҳоҷири тоҷик кор мекунанд. Ба ақидаи Султонов, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон солҳои ахир дар миёни муҳоҷирон бештар таблиғот анҷом медиҳад. Вале набояд нақши сафорати Тоҷикистон дар Русия ва намояндагиҳои он дар минтақаҳоро нодида гирифт. Албатта, дар Русия нируҳое ҳастанд, ки ақидаҳои худро доир ба масъалаҳои интихоботӣ доранд, вале суол ин аст, ки садои онҳо то чӣ андоза дар минтақаҳои мухталифу дурафтодаи Тоҷикистон шунида мешавад, агар ин нуктаро дар назар бигирем, ки раъйдиҳандагон аслан дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва мошини таблиғотии ҳукумату давлат дар байни онҳо кор мебарад.

Доктор Муртазо Назаров мегӯяд, дар ҷомеаи Тоҷикистон нисбат ба ҳизбҳо шахсиятҳоро хубтар мешиносанд, шахсиятҳоеро, ки соҳиби корхонаву муассиса ҳастанд ва имконоти молии кӯмак ба мардум ё ободии маҳалеро доранд.
Аммо мусоҳибони дигари мо мегӯянд, ҳукумат аз чунин шахсиятҳо ҳарос дорад ва агар онҳо ба истилоҳ “аз хати кашида”-и мақомот берун пой гузоранд, ба сарнавити Зайд Саидов-соҳибкори шинохтаи тоҷик гирифтор мешаванд. То замоне, ки барномаҳои Зайд Саидов иқтисодӣ буд ва бо хостҳои ҳукумат ҳамхонӣ дошт, вай ба “дарди сар”-е гирифтор набуд. Вале баъд аз эълони ташкили ҳизби сиёсӣ бархӯрд бо вай ва бо фаъолиятҳои соҳибкории вай тағир ёфт.

Дагӣ Дагиев-муҳаққиқи тоҷики муқими Лондон.
Дагӣ Дагиев-муҳаққиқи тоҷики муқими Лондон.
Аҷамшоҳ Калонзод-муҳаққии тоҷики муқими Олмон чунин мегӯяд: “Муҳити интихоботӣ дар Тоҷикистон фикр мекунам, ки на он қадар хуб ҳам шояд бошад. Воқеаҳои ахире, ки дар Тоҷикистон рух доданд, махсусан ташаббуси таъсиси як ҳизб бо номи "Тоҷикистони нав”, мо дидем, ки чӣ қадар аксуламали ҷиддӣ нишон доданд ва имрӯз раҳбари он боздошт шудааст, ниҳодҳои ҳукуматӣ имрӯз аз дидани як оппозитсиюни ҷиддӣ бисёр нигарон ҳастанд, ки шояд намехоҳанд то он андоза дар баробари номзади ҳизби ҳоким каси дигарро бубинанд”.

Оқои Калонзод чунин бархӯрдро камбуди фарҳанги сиёсӣ медонад ва мегӯяд, зинаҳои миёнаву поёнии ҳукуматӣ ҳамеша назорат мекунанд, ки плюрализм ё гуногунандешии сиёсӣ дар ҷомеа чандон қавӣ набошад. Аммо мақомот бояд нишон диҳанд, ки ҳарфи муқобил ё мухолифони худро шунида метавонанд.

Дагӣ Дагиев-муҳаққиқи дигари тоҷики муқими Лондон бо назардошти рӯйдодҳои ду соли ахири Тоҷикистон, яъне рӯйдодҳои Хоруғ, боздошти Зайд Саидов ва Умаралӣ Қуватов мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд таъсири он дар интихобот мушоҳида хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG