Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вақте Муҳаммад ба саҳна мебарояд... (ВИДЕО)


Муҳаммад
Муҳаммад

Муҳаммад Дадоҷонови 22-сола, танҳо ҷавонмарди гурӯҳи рақсии "Падида", мегӯяд, ки дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон мардони раққос ба сахтӣ обрӯ ва маъруфият касб мекунанд.

Муҳаммад Дадоҷонов ягона ҷавонмардест, ки даҳ сол боз дар байни 20 гулдухтари гурӯҳи рақсии "Падида" ҳунарнамоӣ мекунад. Ӯ дар синни наврасӣ ба сурудани таронаҳои классикии "Шашмақом" шавқ дошт, аммо 15 сол пеш якбора саҳнаи рақсро интихоб намуд ва бо ҳунари худ тамошобинро тасхир кард. Баъд аз 5 соли ҳунарнамоӣ дар шаҳри Конибодом, Муҳаммад бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳи хонаводааш ба Душанбе омад.

Муҳаммад дар саҳнаҳои 15 давлати ҷаҳон ҳунарнамоӣ карда, кафкӯбӣ ва нидои "браво"-и тамошобинонро баланд кардааст. Ӯ бо ситораҳои саҳнаи тоҷик ҳамкорӣ дорад ва дар таронаҳои алоҳидаи онҳо низ ҳунарнамоӣ мекунад. Рақси Муҳаммад рақси мардона буда, бо сабки аврупоӣ омезиш ёфтааст. Устоди рақси ӯ ҳунарманди шинохта Шарофат Рашидова аст.

Вақте Муҳаммад ба саҳна мебарояд...
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:00 0:00

Истеъдоди ситораҳое ба мисли Майкл Ҷексон, Риҳана, Шакира ва собиқ Артур Гулкоров ва ҳоло Самира Мозел барои Муҳаммад намунаи олии санъати рақс аст ва ӯ мехоҳад, ки дар саҳнаи рақс ба монанди ин ситораҳо маъруф шавад. Шарофат Рашидова, устоди варзидаи соҳаи рақс, мегӯяд, шогирдаш маҳорати баланд дорад ва аллакай ба дараҷаи устодӣ расидааст. Аммо, ба гуфтаи ӯ, азбаски дар Тоҷикистон писарҳо ба рақс шавқмандӣ надоранд, Муҳаммад нозукиҳои ҳунари худро ба духтарон меомӯзонад.

Дар ҳоле ки наздикони Муҳаммад аз оғоз ба пешаи интихобкардаи ӯ ҳеч эроде надоранд, аммо худи Муҳаммад мегӯяд, мавридҳое будаанд, ки аз муносибати тамасхуромези дӯстон ва ҳамсолонаш нороҳат шудааст. Муҳаммад мегӯяд, маҳз ҳамин тангназариҳо боис шуд, ӯ мактаби миёнаро то ба охир нахонад ва ба донишгоҳ ҳам дохил нашавад. Ӯ дӯстони башумор дорад, ки дар як гурӯҳи рақсӣ фаъолият мекунанд.

Муҳаммад фарзанди калонии хонаводааш аст ва ҳамроҳи ду бародари кӯчакаш бепадар ва бо сарпарастии модар ва бибии марҳумаш бузург шудаанд. Онҳо дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунанд ва бахши умдаи ҳаққи хизмати Муҳаммад барои иҷорапулӣ сарф мешавад.

Ба андешаи ин ҳунарманди ҷавон танҳо бо маоши санъаткорӣ пеш бурдани зиндагӣ душвор аст, вале бо вуҷуди ин Муҳаммад борҳо пешниҳоди кор дар хориҷи кишварро рад кардааст. Вай ҳоло издивоҷ накардааст, аммо аз ҳоло медонад, ки писаронаш аз пайи ҳунари рақс нахоҳанд рафт. Ӯ мегӯяд, дар ҷомеаи суннатӣ ва мазҳабдӯстдори Тоҷикистон рақси мардон ва мардони раққос ба сахтӣ обрӯ ва маъруфият касб мекунанд.

XS
SM
MD
LG