Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони турк аз Душанбе ба Истанбул баргаштаанд


Акс аз шабакҳои иҷтимоӣ.
Акс аз шабакҳои иҷтимоӣ.

Ду вакили дифои турк, ки гуфта мешуд рӯзи ҷумъа аз сӯи мақомоти интизомии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе боздошт шудаанд, ба кишварашон баргаштанд.

Хабаргузории расмии Туркия -- "Анатолия" рӯзи 23-юми январ хабар дод, ки ду вакили дифои турк -- Эмин Йелдирим ва Гӯлден Сонмез рӯзи шанбе аз Тоҷикистон ба Истанбул баргаштанд. Анҷумани ҳуқуқдонҳои Туркия рӯзи гузашта бо пахши як баёния эълом дошт, ки ин ду нафар шомгоҳи ҷумъа дар меҳмонхонаи маҳали иқоматашон дар Душанбе аз сӯи пулиси Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Ин ду вакили дифои турк ҳамроҳ бо ҳуқуқдон Дагир Хасавов аз Русия як рӯз қабл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, барои сӯҳбат бо боздоштшудаҳои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) вориди Душанбе шудаанд ва Муҳиддин Кабирӣ - раиси ин ҳизби мамнӯъ аз онҳо дархости ёрӣ кардааст.

Дагир Хасавов - вакили дифоъ ва раҳбари созмони "Драконта" аз Русия ва узви дигари ин гурӯҳ дар сафҳаи Фейсбуки худ навиштааст, ки шаби гузашта аз Душанбе ба Маскав расидааст. Вай аз ҷумла навишт, ки "ман ҳоло дар фурудгохи Домодедово нишастам, яъне ба ман муяссар шуд, ки ба Маскав баргардам. Парвози ҳавопайморо то як соат ба таъхир гузоштанд ва ман охирин нафаре будам, ки ба ҳавопаймо нишастам. Ман вакили дифоъ ҳастам ва ягон қонуни Тоҷикистонро вайрон накардаам. Чизе ки гузашт, як кӯшиши шикастани ирода ва азми ман барои кӯмак расонидан ба хамкасбони тоҷикам буд. Дар фурсатҳои наздик ҷузъиёти ин сафарамонро мо дар як нишасти хабарӣ дар Истамбул ба унвонии расонаҳои байналмиллалӣ ва созмонҳои дифои ҳуқуқи башар хоҳем расонд."

ВКД: Хабари боздошти се вакили хориҷӣ "ҳангома" аст

Аммо вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошти се вакили дифоъ, ки аз Русия ва Туркия барои дидор бо аъзои боздоштшудаи ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ омада буданд, дурӯғ ва ҳангома медонад. Ҷалолиддини Садриддин, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 23-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқе, ки вазорат анҷом додааст, нишон медиҳад, ҳеҷ як ниҳоде ин вакилони дифои хориҷиро боздошт накардааст: “Маълум мешавад, ки ин вакилон хостаанд омадани худро ҳангома кунанд. Ба хотири як ҳангомаҷӯӣ фикр мекунам, фақат ин дурӯғро бофтаанд.”

Додситонии кулли кишвар ҳам боздошт ва эълони айбе нисбат ба ин се вакилро рад кард. Як ҳамсӯҳбати дигари мо аз Додситонии кулли кишвар гуфт, агар ин афрод мавриди шубҳа қарор медоштанд, онҳоро дар Додситонии кулл пазироӣ намекарданд. Ин нафар, ки дар пазироии ин се вакил дар Раёсати корҳои байналмиллалии дар ин ниҳод ширкат доштааст, гуфт, ҳамон замон шеваи рафтори Дагир Хасавов онҳоро ба ҳайрат оварда буд. Ӯ мегӯяд, дар Додситонии кулл онҳоро хуб пазироӣ карданд, вале Дагир бо сӯҳбатҳои комилан берун аз мавзӯъ мехост, пойи кормандони додситониро ба ҷанҷол бикашад.

-Арзи онҳоро шуниданд. Ду зан хомӯш буд, аммо Дагир Хасавов бо лаҳни дурушт ва таҳрикомез берун аз мавзӯъ сӯҳбат мекард. Зоҳиран, мехост мо ӯро ҳарфҳои дурушт бигӯем ва ӯ аз ҳамон ҷо ҳангомаи худро оғоз кунад. Вале ин ҷо арзашонро шунида, хайрухӯш кардем,-гуфт, ин манбаъ.

Мақомоти тоҷик дар ҳоле хабарҳо дар бораи боздошти ин вакилони дифоъро рад карданд, ки Анҷумани ҳуқуқдонҳои Туркия рӯзи ҷумъа бо пахши як баёния эълом дошт, ки шомгоҳи 22-юми январ вакили дифои турк Гӯлден Сонмез ҳамроҳ бо тарҷумонаш дар меҳмонахонаи маҳалли иқоматаш дар шаҳри Душанбе аз сӯи мақомоти интизомии Тоҷикистон боздошт шудаанд. Анҷумани ҳуқуқдонҳои Туркия, созмони имдодрасони IHH ва фаъолони туркӣ гуфтаанд, ки боздошти ин афрод ғайриқонунӣ буда ва хостори раҳоии ҳарчӣ зудтари онҳо шуда буданд.

Ин вакилони дифоъ рӯзи 20-уми январ вориди Тоҷикистон шуданд, то бо боздоштшудаҳои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва ҳамчунин вакилони дифои боздоштшудаи Коллегияи адвокатҳои "Сипар" дидор ва гуфтугӯ кунанд. Дагир Хасавов - вакили дифоъ ва раҳбари созмони "Драконта" дар Русия, ки раҳбарии ин ҳайатро ба ӯҳда дошт, рӯзи 22 январ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, нахустин коре, ки то ҳол онҳо анҷом додаанд, муроҷиат ба вазорати корҳои хориҷӣ ва додситонии кулли Тоҷикистон буд. Ӯ афзуд, дар додситонии кулл раҳбари раёсати кор дар умури байналмилалӣ онҳоро ба ҳузур пазируфта, ба ҳарфҳояшон гӯш додааст.

Ӯ афзуд, ки "мо мехоҳем, дар доираи қонунҳои Тоҷикистон вориди амал шавем. Бо қонунҳои Тоҷикистон шинос шудем ва онҳо ба мо ҳақ медиҳанд, ки аз сарнавишти боздоштшудаҳои ин ҳизб бохабар гардем. Мо нозукиҳои шарқиёнаро хуб медонем, аммо аз ҳар имкони қонунӣ барои дифоъ аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ истифода мекунем. Сарнавишти аксари боздоштшудаҳои ҲНИТ маълум нест. Онҳо дар зиндон чӣ ҳол доранд ва чӣ гуна бо онҳо бархӯрд мешавад, номаълум аст. Мехоҳем, бо онҳо сӯҳбат кунем ва аз аҳволашон бохабар шавем."

Эмин Йелдирим, вакили дифои турк ҳам рӯзи 22-уми январ гуфт, вай аз ҳоло барои вохӯрӣ бо Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дархости сӯҳбат додааст. Ӯ гуфта буд, ки сарусадо дар бораи вазъу ҳоли Раҳмонӣ дар зиндон рӯз то рӯз бештар мешавад ва ӯ мехоҳад, ки аз наздик асли қазияро фаҳмад.

Ин вакили турк афзуд, "агар ба мо иҷозаи сӯҳбат надиҳанд, гумони мо ба фишору азият дар боздоштгоҳ ба воқеият наздиктар мешавад. Аммо мо бовар дорем, ки ҷониби Тоҷикистон ба қонунҳои дохилӣ ва байналмилалӣ арҷ гузошта, ба мо чунин як имконро фароҳам меорад. Дар сурати радди ин дархост, мо ба ин қазия созмонҳои байналмилалиро ҷалб хоҳем кард."

XS
SM
MD
LG