Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири энергетика: "Лимити барқ шояд сабуктар шавад"

Далери Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон.
Далери Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон.

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз эҳтимоли кӯтоҳтар шудани реҷаи маҳдудияти интиқоли барқ хабар дод.

Ӯ рӯзи 29-уми январ дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, беҳтар шудани таъмини мардум бо нерӯи барқ ба саховати табиат вобаста аст ва ба ин шарт, ки боридани барфу борон дар моҳҳои оянда идома ёбад.

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон: “Чораҳое, ки андешида шуданд, имконият доданд, ки то дараҷае сатҳи об дар обанбори Норак дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дошта шавад ва албатта ҳам боришот ҳам чораҳои иловагие, ки андешида истодаем, шаҳодат медиҳад, ки эҳтимоли барвақттар бартараф кардани маҳдудияти нерӯи барқ вуҷуд дорад. “

Аммо расман маълум нест, ки ин маҳдудият кай хотима меёбад. Вазири энергетика ба суоли ин ки чаро оғозу анҷом ва реҷаи маҳдудияти интиқоли барқ ба сокинон расман эълон намешавад, посухи мушаххас надод: “Ин як низоми бисёр бузург аст, ҳаррӯз 4 маротиба амалиёт гузарондан, дар масъалаи барқро додану хомӯш кардан, ин аз лиҳози низом як кори бисёр ҳам мураккаб аст ва ҳам вақтгир аст. Албатта дар баъзе мавридҳо ин ё он минтақа барқро ё барвақттар барқро ё дертар.”

Вазири энергетика гуфт дар ҳоли ҳозир реҷаи барқ аз соати 5 то 8 субҳ ва аз 17 то 21-и шом муқаррар шудааст. Аммо он чӣ вазир мегӯяд, бо шикоятҳои сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мувофиқат намекунад, ки мегӯянд, соатҳои дароз нерӯи барқ надоранд. Вазир ваъда дод, дар моҳи Рамазон, ки миёнаҳои феврал оғоз меёбад, ба мардум барқи бештар дода мешавад.

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон: “Ҳамчун дар гузашта мо махсусан мо реҷа вобаста дар моҳи Рамазон риоят мешавад, ҳатто зиёд хоҳем кард.” Соли 2025 бино ба иттилои Вазорати энерегетика наздик ба 24 миллиард киловат соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки назар ба соли 2024 1,5 миллиард киловат соат зиёдтар аст. Аз ҷумла, ду чархаи нерӯгоҳи "Роғун" то кунун 9,9 миллиард киловат нерӯи барқ тавлид кардаанд.

Сарфи назар аз зиёд шудани истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон, ҳамасола беш аз нисфи мардуми Тоҷикистон аз миёнаҳои моҳи сентябр то поёни апрел дар як шабонарӯз ҳамагӣ 6-7 соат барқ доранду халос. Онҳо ин вазъро хеле вазнин ва машаққатовар меноманд.

XS
SM
MD
LG