Пайвандҳои дастрасӣ

Давлати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, коғазҳои қиматноки давлатиро ба маблағи ҳудуди 1 миллиард доллари амрикоӣ дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ ба фурӯш барорад. Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон далели ин иқдоми давлати кишварро ба ҷалби сармояи хориҷӣ барои бунёди неругоҳи барқи обии "Роғун" рабт додаанд.

Ҳузури нахустини Тоҷикистон дар бозори байналмилалии молиявӣ

Ҷамшед Нурмуҳаммадиён, муовини вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи чоршанбеи 21-уми июн ба ҳангоми муаррифи қарори ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ”, дар иҷлосияи порлумон гуфт, баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ таҷрибаи нахустини ин кишвар маҳсуб мешавад. Ба гуфтаи вай, ҳадаф аз ин иқдоми давлати Тоҷикистон, ҷалби сармоя тавассути бозорҳои байналмилалии молиявӣ барои бунёди неругоҳи барқи обии Роғун ҳисоб меёбад.

Барои идомаи корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун, дар соли ҷорӣ аз будҷаи Тоҷикистон ҳудуди 2 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст.

Дар марҳилаи аввал ба миқдори 500 миллион доллар коғаҳои қиматнок ё “евробонд” ба бозори байналмилалии молиявӣ пешниҳод мешавад. Қарор аст, ин коғазҳои қиматнок дар бозорҳои молии байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар чорчӯби қонунгузории ин кишвар ба фурӯш барояд.

Ҷамшед Нурмуҳаммадиён гуфт: “Ин нахустин таҷрибаи Тоҷикистон дар ин росто аст. Қаблан Тоҷикистон дар бозори байналмилалии молиявӣ ҳузур надошт. Ба ин манзур иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматноки хориҷӣ ё “андеррайтер”ва агентиҳои бақайдгирандаро дар ин кор ҷалб намудем. Ин механизми ҷойгир кардани коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои ҷаҳонии молиявӣ аст. Инчунин, барои пешгирии хавфҳои ҳуқуқӣ, аз хидмати созмони байналмилалии ҳуқуқӣ истифода хоҳад шуд. Ҳуҷҷатҳои лозимӣ барои шомил шудан ба ин бозор бо номи “проспектрес” дар ҳаҷми 200 саҳифа омода шудааст”.

Шариф Раҳимзода.
Шариф Раҳимзода.

Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон иқдоми давлати Тоҷикистонро дар марвиди ба бозорҳои байналмилалии молиявӣ баровардани коғазҳои қиматноки давлатиро дар шароити ҳозира “як иқдоми муҳим ва зарурӣ” хонд. Ба гуфтаи Шариф Раҳимзода, "барои идомаи сохтмони неругоҳи Роғун ба ҷалби сармояи хориҷӣ ниёз вуҷуд дорад. Зеро мо ҳоло барои бунёди неругоҳи Роғун маблағҳои кофӣ дар ихтиёр надорем”.

Барои бунёди неругоҳи барқи обии Роғун тақрибан 4 миллиард доллари амрикоӣ лозим аст. Бино ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, аз тариқи фурӯши саҳмияҳои ин неругоҳ ба мардум беш аз 80 миллион доллар ба даст омада ва ҳамчунин, барои идомаи корҳои сохтмонӣ дар ин тарҳ, дар соли ҷорӣ аз будҷаи Тоҷикистон ҳудуди 2 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст. Вале ба гуфтаи масъулони давлати Тоҷикистон барои анҷоми сохтмони неругоҳи Роғун ба маблағҳои бештар ва сармояи хориҷӣ ниёз вуҷуд дорад. Ба бозори байналмилалӣ баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ аз ҷумлаи тадбирҳо барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба ин неругоҳ унвон шудааст.

Коғазҳои қиматнок навъи қарз аст

Ба ҳангоми баррасӣ ва қабули пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди “Ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ” дар иҷлосияи парлумон вакилон мавзӯъи хатар ё риски ин иқдоми давлат ва ҳатто имкони банкрот ё варшикаста шуданро матраҳ карданд. Шариф Раҳимзода вуҷуди хатар ё рискро дар ин тадбири ҳукумат бароиҷ алби сармояи хориҷӣ эътироф карда ва гуфт, ки мумкин аст дар пардохти фоида ва пули коғазҳои қиматнок ба муштариёни хориҷӣ мушкил пеш ояд. ”Мо дигар илоҷ надорем, мо бояд неругоҳи Роғунро созем”-гуфт ӯ.

Дар соли ҷорӣ барои нерӯгоҳи Роғун аз будҷаи давлат 2 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Дар соли ҷорӣ барои нерӯгоҳи Роғун аз будҷаи давлат 2 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи Раҳимзода, дар сурати пеш омадани мушкилӣ дар пардохти баҳои коғазҳои қиматноки давлатӣ, баррасӣ ва ҳалли ин масъала ба созмони ҷаҳонии молии мавсум ба “Клуби Париж” ҳавола мешавад. Ин ниҳод метавонад мизони қарзҳоро коҳиш диҳад ё варшикастагиро эълон кунад.

Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон низ гуфтанд, ки коғази қиматноки давлатӣ худ навъи қарз ва онро пас аз 10 сол бояд бо фоидааш ба ширкатҳо ё муштариёни алоҳидаи хориҷӣ баргардонда шавад. Афзун бар ин, ба гуфтаи онҳо, маблағи ворида аз фурӯши коғазҳои қиматнок ба маҷмӯъи қарзҳои хориҷии Тоҷикистон зам мешавад.

Бино ба иттилои вазорати молия, ҳоло мизони қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ба 35 дарсади Маҷмӯъи Маҳсулоти Дохилии кишвар баробар буда, мумкин аст дар пайи шурӯъи коғазҳои қиматноки давлатӣ дар соли оянда ин рақам ба 39,4 дарсадро ташкил диҳад. Ин дар ҳолест, ки хатти “сурх”-и наздики варшикастагӣ баробар шудани миқдори қарзҳои хориҷӣ ба 40 дарсади Маҷмӯъи Маҳсулоти Дохилии Тоҷикистон ҳисоб меёбад.

Дар ҳамин ҳол, вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, ки ба муваффақияти ин тарҳ хушбин аст. Зеро рушди иқтисоди Тоҷикистон солиёна беш аз 7 дарсадро ташкил дода ва имконоти молӣ барои пардохти қарзҳои хориҷӣ бештар шудааст.

Масалан, Тоҷикистон аз маҷмӯъи умумии қарзҳои хориҷии худ дар соли ҷорӣ ба миқдори 165 миллион ва дар соли оянда 170 миллион долларро пардохт хоҳад кард. Ҳамчунин, ин ниҳод бо Ҷамъияти кушодаи “Неругоҳи Роғун” созишномаи зерқарзӣ имзо кардааст, ки бар асоси он, пас аз фаъол шудани неругоҳи Роғун баҳои коғазҳои қиматноки давлатӣ марҳила ба марҳила пардохт хоҳад шуд.

Зимнан, интизор меравад, қисмати аввали садди асосии нерӯгоҳи Роғун моҳи июли соли 2018 ва апрели соли 2019 такмил шавад ва иҷоза бидиҳад, ки ду чархаи нерӯгоҳ ба истеҳсоли нерӯи барқ шурӯъ кунанд.

Оё коғазҳои қиматнок муштарӣ пайдо мекунад?

Аммо иқтисоддонҳои мустақили Тоҷикистон мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба он ки Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонии молӣ шинохташуда нест, гумон аст, ки коғазҳои қиматноки ин кишвар муштарии зиёд пайдо кунад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик.

Иқтисоддони тоҷик Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд: “Дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ коғазҳои қиматнокро на кишварҳое чун Амрико, Русия ё Чин, балки бахши хусусӣ харидорӣ мекунад. Онҳо қабл аз ин корро кардан вазъи иқтисодӣ ва тавоноии молии Тоҷикистонро меомӯзанд. Вақте мефаҳманд, ки Тоҷикистон қарзҳои хориҷии худро дар вақташ пардохт карда натавониста ва сол ба сол реструктизатсия мекунад, коғазҳои қиматноки ин кишварро харидорӣ нахоҳанд кард.”

Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 1 июли соли 2016 бо ширкати итолиёии"Салини Импреҷило С.п.А." (Salini Impregilo SpA) созишнома имзо кард. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, маблағи умумии ин созишнома 3,9 миллиард долларро ташкил медиҳад. Танҳо маблағи сохтмони садди асосии нерӯгоҳ ба 1 милларду 950 миллион доллар ҳисоб шудааст.

Худи садди Роғун бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон мешавад. Нерӯгоҳи Роғун шаш турбинаи 600 мегаватӣ хоҳад дошт ва бо тавоноии 3600 мегават қудратмандтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG