Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вахтанг Кикабидзе: «Барои онҳое, ки туро мезананд, набояд тарона хонд»


Ҳунарпешаи мардумии Гурҷистон Вахтанг Кикабидзе
Ҳунарпешаи мардумии Гурҷистон Вахтанг Кикабидзе

Ҳунарпешаи машҳур Вахтанг Кикабидзе зери унвони «Садгонаи минӯӣ» бахшида ба онҳое, ки дар тазоҳуроти Аврумайдон дар маркази Киев як сол пеш кушта шуданд, дар Украина сафари ҳунарӣ анҷом дод.

Вахтанг Кикабидзеро дар Тоҷикистон хуб мешиносанд. Бархе ӯро бо ишора ба филми машҳураш «Мимино» меноманд. Аммо баёнияҳои ин ҳунарпеша ва сарояндаи саршиносро дар Тоҷикистон ҳар кас ҳар хел қабул кардааст. Кикабидзе ишғоли Қримро аз тарафи Русия «ҷиноят» номид. Дар соли 2008 ба нишони эътироз аз ҳамлаи Маскав ба Гурҷистон ордени «Дӯстии халқҳо»-и Русияро нагирифт ва ҳамчунин тамоми консертҳояшро дар Русия бекор намуда, дигар ба ин кишвар сафар нанамуд. Акнун ӯ сафари ҳунариеро дар Украина, дар кишваре баргузор намуд, ки барои пуштибонияш аз Киев барояш унвони фахрии «Чеҳраи сол»-ро додаанд. Вай мегӯяд:

-- Ман дар чаҳор шаҳри Украина ҳунарнамоӣ кардам, аз ҷумла Киев, Харков, Одесса... Инҳо консертҳое буданд, ки ногуфтанӣ! Ба ман ба ғайр аз унвони «Чеҳраи сол» боз унвони Ҳунарпешаи мардумии Украинаро доданд. Дар Украина вазъ одӣ нест, мебинем, ки кор ба куҷо меравад. Мардум ташнаи озодист. Шояд одамон бояд дасти ҳамдигар гиранд ва ҳама корро кунанд, ки ба орзуяшон расанд. Ман фикр мекунам, ҳама чиз хуб мешавад.

-- Ҳоло Шумо ба бисёре аз кишварҳои СССР-и собиқ сафари ҳунарӣ мекунед, Шуморо борҳост, ба Русия низ даъват мекунанд, аммо бо сабабҳои маълум, ба он сафар намекунед. Оё пазмони дидори мухлисони русиягӣ нашудед?

Вахтанг Кикабидзе дар нақши Мимино, соли 1977
Вахтанг Кикабидзе дар нақши Мимино, соли 1977

-- Пазмони мухлисон шудаам. Хеле. Вале сахт зор, ки шудам, ба Украина меравам ва он ҷо ба русӣ месароям, ҳама мефаҳмад. Гумогн намекардам, ки радди ордени «Дӯстии халқҳо» ва мавзеъгирии қатъии ман зидди дахолат ба корҳои Гурҷистон ва ҳамла ба он чуни сарусадо ба бор меоарад. Росташ, фикр намекардам, ки чунин вокуниш мешавад. Дар интернет, гӯё дӯстони ман, ситораҳои маскавӣ бисёр бадгӯиҳои карданд ва ҳоло мегӯянд, ин кори онҳо набуд ва касони дигаре ба ҷояшон имзо мегузошт.

-- Вале ном намебаред, на?

-- Ном намебарам. Онҳоро ҳама медонанд. Яке аз онҳо ҳатто дар Киев аз ҷой хест ва дар микрофон гуфт, ки вай нанавиштааст. Ман гуфтам: «Хуб, агар ту нанавишта бошӣ, Худо умратро дароз кунад». Ин ҷо як чиз аст: дар сари дастархон ҳама хубанд, вале вақте ки мушкилот сар мешавад, он вартаи санҷиши инсон аст. Биноан, ман бахшида метавонам.

-- Баъд аз ҷанги панҷрӯза дар моҳи августи соли 2008 Шумо суруди «Дилсардам кардед»-ро барои рӯшанфикрони рус навиштед. Метавонед, каме суханони худро шарҳ диҳед, ки ба ҳампешагони худ дар Русия чӣ гуфтан мехостед?

-- Матнро дӯстам, журналисти хушсобиқае навишт, ки дар Абхазия ҷангидааст. Вай ин матнро ба оҳанге дар гитор навишт ва бароям овард. Ин як хитоби зидиҷангӣё ба рӯшанфикрон, дӯстоне буд, ки меомаданд ва дар ҳама ҷо онҳоро пешвоз мегирифтанд, мехӯронданд, менӯшонданд, гусел мекарданд. Кам касоне аз онҳо, вақте ин чиз сар шуд, аз мо тарафдорӣ карданд. Барои бисёриҳо шармовар буд, зеро ман бо одамони ин доира вохӯрда будам. Дар кишвари Шӯроҳо онҳо зери зарба буданд. Ман медонам, ки дар Русия оппзисюни қаиве ҳаст, аммо одамон, шояд метарсанд. Инро ҳам фаҳмидан даркор аст. Аммо то кай бояд тарсид? Суруд хеле сахт садо дод.

-- Вокунишҳо буд?

-- Буданд вокунишҳо. Чанде пеш ман онро дар як консерт хондам. Одамон аз ҷой бархостанд ва росто онро гӯш карданд. Ман як сурудеро барои худам эҷод кардам, ки шояд дар ин ҷо надонанд. «Дар дури дуриҳо» як мӯя ё чакомаи зиддиҷангист. Таронаест дар бораи он ки ман кишвареро ёфтан мехоҳам, ки дар он мӯйсафедонро дӯст медоранд, кӯдаконро фаромӯш намекунанд, моҳӣ дар об шино мекунад, гулҳо мешукуфанд, атфро орому сокит аст. Дар поёни суруд гуфта мешаванд, ки ин кишвар биҳишт аст. Мардум аз бадиҳо монда шудаанд. Ҳоло тамоми ҷаҳон девона шудааст, вале ҳар кас дарди худро дорад. Хуллас, сурудҳои нав ҳам ҳаст, куҳна ҳам. Ҳоло ман худам оҳанг мебандам, бисёре аз оҳангсозони қаблии ман дигар дар қайди ҳаёт нестанд. Ман як бор ду шиша арақ гирифтам, дари ҳуҷраамро бастам ва дар як нишаст панҷ суруд навиштам. Дар ҳаётам ин корро накарда будам.

-- Ҳатман арақ?

-- Арақ. Охир, ман ба русӣ менавиштам. Ҳамаи ин сурудҳо акнун хеле машҳуранд.

-- Бисёриҳо Шуморо бо филми «Мимино» мешиносанд. Ёд доред, муносибатҳоятон бо Фрунзик Мкртчян, дӯстонатон, ки ҳамроҳ дар ин филм бозидаед, чӣ гуна буд? Мо медонем, ки равобити Шмуо бо Пӯлод Булбулоғлӣ хеле хуб буд, ҳоло ҳам ингуна аст? Аслан, барои Шумо муносибат бо намояндагони миллатҳои гуногоун чӣ маънӣ дорад?

-- Ман табиатан, шояд интернатсионалист ҳастам, зеро ҳамеша бар ин будам, ки миллат як номи бофта аст. Як одам бо ин забон гап мезанад ва дигаре ба забони дигар. Як сар дорад, ду дасту ду по. Имрӯз чунин тасодуфе шуд, ки ду соат пеш бо журналистони дигар мо дар бораи синемо гап задем, Данелияро ёд кардем, аз «Мимино» гуфтем, аз филмҳои дигар ва ҳунарпешагон. Ва боз ҳамон суол. Мкртчян инсони хеле боистеъдод буд ва бо сарнавишти сахте. Вақте ман бори аввал ӯро дидам, ҳайрон шудам, чун шахсе бо чунин чеҳраи хандаовар ин қадар чашмони маҳзун дошт. Баъдаш фаҳмидам, чаро... корҳои оилавӣ. Ҳамаи хешонаш кушта шудаанд. Вай аз ғам менӯшид. Вале ман ӯро маст надида будам. Вақт наворгирӣ ҳамеша ҳушёр буд, вале баъд гум мешуд. Зиёд гап намезад. Вақти беморияш буд, ки аз Ереван ба ман занг зад ва гуфт, дар бораи ман филми ҳуҷҷатӣ мегиранд ва аз рӯи филмнома мо ҳарду бояд ба Тифлис оем. Ту, мегуфт, бояд ҳамроҳи ман наворбардорӣ шавӣ. Аммо худаш сахт бемор буд. Шамол хӯрда буд. Мо ногаҳон ба тарабхона даромадем. Одамон аз дидани мо ба хурӯш омаданд. Толор пур буд ва мо дар он ҷо дар бораи зиндагӣ, эҷодиёт, кино, Данелия ва ғайр гап задем. Вай лоғар шуда буд ва хуб ба чашм намеомад. Ва инак, ман он филми ҳуҷҷатиро дидам. Ва ӯ дар давоми тамоми филм рухсори маро мемолид. Шояд медонист, ки ман беморам. Ман он лаҳзаро дар ёд надорам, аммо дидам, ки дар тамоми тӯли сӯҳбат ӯ даст азх рӯйи ман намегирад. Кори ман омад, ки ки ба кино омадам. Ман бо ҳунарпешаҳои нобиға ҳамкорӣ мекардам. Хеле зиёданд онҳо ва ҳамаро ном бурдан номумкин аст. Қариб касе аз онҳо намондааст. Вақте ки дар Авлбарӣ ба филми «Мимино» ҳайкал мегузоштанд, маро ҳам бурданд. Хеле нороҳат будам, зеро на Фрунзик паҳлуям буд ва на Леонов. Онҳо аз мо рафтанд. Ман узр хостам ва гуфтам, бубахшед, ки ин ҷо омадам, зеро акнун ин қадар номуносиб аст.

-- Фикри пайкара чӣ гуна пеш омад?

-- Ин фикри Серетелӣ буд ва ман умуман чизе намедонистам. Ба ман аз Маскав занг заданд ва гуфтанд, ки ӯ ҳайкалро сохтааст. Иттифоқан, аз Кремл занг заданд ва гуфтанд, пайкараро дар Чистие Пруди, назди хонае мегузоранд, ки Данелия зиндгӣ мекард. Баъд Путин аз Миша Саакашвилӣ ранҷид ва гуфт, ҳайкалро нагузоранд.

-- Бигӯед, ки ҳоло дар Гурҷистон ба фарҳанг таҳаҷҷӯҳ мекунанд? Ба Шумо мадад мерасонанд? Метсенатҳо, соҳибкороне ҳастанд, ки ба фарҳанг ёрмандӣ кунанд?

-- Кадом фарҳанг? Фарҳанги гурҷӣ?

-- Умуман ба фарҳанг ва аз он ҷумла бу гурҷӣ, ба эҷодиёти Шумо?

-- На. Ман ҳамеша танҳо будам ва танҳоям. Онҳо шояд фикр мекунанд, ман дигар пир шудаам ва дигар даъватам намекунанд. Кайҳост, ман дар Тифлис ҳунарнамоӣ накардаам. Соли гузашта барои ҷашни 70-солагиям толори консертиро гирифтанд, омодагӣ диданд. Ман баъдаш ба наздиконам гуфтам, чӣ хеле ки поям намекашад, Тифлис равам. Мо ҷашнро дар Ботумӣ гузарондем.

-- Шумо нахостед, дарт Тифлис суруд хонед? Чаро?

-- Намедонам. Касе дар он ҷо аз ман ранҷидааст.

-- Ба фикри Шумо, ин ҷо сиёсат ҳам ҷой дорад?

-- Аз чӣ бошад, фикр мекунам, ки бале. Намешавад, ки бо зӯр худро писанди онҳо кунӣ.

-- Тавре дар ёд дорам, Шумо гуфтаед, ки «то вақте ин ду баскетболбоз дар қудратанд», пой ба Русия нахоҳед гузошт.

-- Онҳо баскетболистони дар ҳоли бозиянд. (Манзури Кикабидзе Путин ва Медведеванд -- идора). Тафсир содааст: агар касоне туро мезананд, набояд барои онҳо суруд хонӣ. Ин бешарафӣ мешавад. Онҳо бисёр мехоҳанд, ки ман ба он ҷо биёям, вале ман намеравам. Халқ ба ин дахле надорад.

-- Шумо гуфтаед, ки мухлисони русатон беҳтарин ва маҳбубтаринатонанд.

-- Онҳо хеле хубанд, бисёр хуб гӯш карда ва шунида метавонанд. Ман барномаи бузурге аз таронаҳои русӣ дорам. Аммо ҳамин хел шуд. Ман агар даҳон кушодам, баъдаш дигар ҳаргиз фикрамро дигар намекунам.

-- Яъне сиёсат ва фарҳанг аз ҳам пурра ҷудо нестанд?

-- Не, комилан ҷудо нестанд. Бояд аввал шаҳрванд буд ва сипас ҳунарпеша. Фикри ман ҳамин аст.

Мусоҳиб Георгий Кобаладзе

XS
SM
MD
LG