Узбекистон рӯзи 14 август аз вилояти Новосибирски Русия 8 кӯдаки аз волидон дурмондаро баргардонид.
Хабаргузориҳои Узбекистон менависанд, ин кӯдаконро аз шаҳрҳои Новосибирск, Иркутск, Красноярск ва Владивосток ҷамъ овардаанд.
Мақомоти Узбекистон нагуфтанд, ки ин кӯдакон бо чӣ сабабҳое аз волидон дур мондаанд.