Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори додситонӣ ва "тайм-аут"-и Uzmetronom


Uzmetronom, яке аз сомонаҳои маъруфи хабарии фаъол дар дохили Узбакистон, фаъолияташро ба сурати муваққат қатъ мекунад.

Сергей Ежков, сардабири Uzmetronom рӯзи 25 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди талошҳои батакрори ӯ, мақомоти додситонии низомии Узбакистон ҳушдори фиристодаи худ ба ин сомонаро шарҳ надоданд: "Полковник Юнус Мӯсоалиев, ки бо ман сӯҳбат кард, гуфт, салоҳияти шарҳи ин тасмимро надорад. Вазифаи ӯ танҳо ба дасти ман супурдани огоҳинома аст.”

Додситонии низомии Узбакистон дар огоҳиномааш навиштааст, ки рӯзҳои 23 ва 24 июл дар сомонаи Uzmetronom дар бораи ҳалокати марзбони узбак аз сӯи марзбонони қирғиз ду хабар нашр шуд, ки “бидуни гирифтани маълумоти мувассақ аз ниҳодҳои босалоҳият” навишта шудаанд. Додситонии низомӣ гуфтааст, иттилооти нашршуда “метавонад мояи бесубот шудани вазъи сиёсиву ҷамъиятӣ дар марзи Узбакистону Қирғизистон шуда, танишҳо байни аҳолии манотиқи марзӣ ва ҳам дар равобити байни ду кишварро шиддат диҳад, яъне ба манфиатҳои давлативу ҷамъиятӣ осеб ё зиён бирасонад.”

Додситонии низомии Узбакистон Сергей Ежковро ҳушдор додааст, ки “дар сурати идомаи фаъолиятҳои худсаронае, ки ба манфиатҳои давлат ва ҷомиа осеб мерасонанд,” ӯро метавонанд ба ҷавобгарии маъмурӣ ва сипас ба ҷавобгарии ҷиноӣ бикашонанд.

Сергей Ежков мегӯяд, дар чунин шароит, ки мақомот тасмими худро аслан шарҳ доданӣ нестанд, ба як миқдор фурсат ё ба таъбири худи ӯ, тайм-аут ниёз дорад, то дарк кунад, ки дар саҳнаи сиёсии Узбакистон чӣ мегузарад ва пушти ин таъқиботи алайфҳи Uzmetronom мушаххасан киҳо истодаанд. Ежков эҳтимоли ба хабарнигороне, ки берун аз Узбакистон фаъолият доранд, супурдани умури ин сомонаро низ истисно накард. Бо бовари ӯ, шояд онҳое ки берун аз Узбакистон қарор доранд, битавонанд таҳаввулоти кишварро беғаразонатар пайгирӣ кунанд ва ҳам аз таҳдиди филтр шудани ахборе ки нашр мекунанд, эмин бошанд.

Uzmetronom дар бораи даргирии рӯзи 23 июл дар марз бо Қирғизистон дар маҷмӯъ се хабари хеле кӯтоҳи иборат аз ҳамагӣ 3 ё 4 ҷумла нашр карда буд, ки якеаш дар бораи ҳалокати як марзбону захмӣ шудани марзбони дигари узбак хабар дод, хабари дувум мегуфт, ки марзбони захмӣ низ дар яке аз бемористонҳои вилояти Намангон даргузаштааст. Хабари охирине ки Uzmetronom дар бораи ин таниши марзӣ нашр кард, гӯё аз Узбакистон барои ин қазия узр хостани Бишкек буд.

Uzmetronom танҳо дар хабари аввал ба ин ҷумла ки ҳарду ҷониб дар оғози даргирӣ якдигарро айбдор мекунанд, ба шарҳи кӯтоҳе низ роҳ дода, навишта буд: “Обычное дело, обычными стали перестрелки на стыке двух государств с убитыми и ранеными. Обычными бывают и взаимные обвинения.” (“Як кори оддӣ, тирпарронӣ дар марзи ду кишвар бо куштаҳову захмӣиҳо як кори оддӣ шудааст. Ҳамдигарро айбдор кардан низ як амри оддӣ шудааст.”)

Uzmetronom яке аз пурхонандатарин сомонаҳои хабарии фаъол дар дохили Узбакистон ба шумор меравад, ки ба забони русӣ матлаб нашр мекунад. Ин сомона соли 2006, баъди онки дар пайи исёни Андиҷон қариб тамоми расонаҳои хориҷии фаъол дар Узбакистон, бо шумули Озодӣ ва ББС баста шуданд, ба майдон омад. Азбаски он айём дар фазои иттилоотии дохили Узбакистон ба маҳзи аз ин майдон рафтани расонаҳои ғарби як халоъи бузург ба вуҷуд омада буд, Uzmetronom талош мекард, ҳамин ҷои холишударо пур кунад.

Дар ибтидо дар бораи ба мақомҳои мушаххасе дар Тошканд, бахусус дар ниҳодҳои интизомии Узбакистон такягоҳи қавӣ доштани сомона ҳадс зада мешуд. Матлабҳои тавсифомезе ки Uzmetronom дар бораи Зокир Олматов – вазири вақти умури дохилаи Узбакистон ва фармондеҳи амалиёти саркӯби исёни Андиҷон – нашр кардааст, ба оташи ин ҳадсҳо равғани бештар мерехт.

Вале батадриҷ ин сомона худро бештар ба пахши ахбор аз дохили Узбакистон мутамаркиз кард. Нозироне, ки таҳаввулоти Узбакистонро пайгирӣ мекунанд, имрӯз мегӯянд, албатта, наметавон ин сомонаро холису беғараз ваё як манбаъи хеле мӯътамади ахбор аз Узбакистон ном бурд. Вале аз сӯи дигар, эътироф мекунанд ин нозирон, дар байни сомонаҳои узбакистоние ки дар хориҷ иқтибос мешаванд, як пештозаш имрӯз ҳамин Uzmetronom аст.
XS
SM
MD
LG