Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон: Ба мактаб бо ... дарзаи ҳезум


Заволи шабакаҳои гармидиҳии марказӣ дар Узбакистон соҳаи маорифи кишварро маҷбур кардааст,ки барои гарм нигоҳ доштани синфхонаҳо дар фасли сармо аз чораҳои ғайриоддӣ кор бигирад.

Муаллимҳои макотиби Узбакистон одат кардаанд, амрҳоеро иҷро кунанд, ки ба касбу кори онҳо ҳеҷ рабте надорад. Онҳо маъмулан дар маъракаи ҷамъоварии пахта иштирок мекунанд, хона ба хона расидҳои газу обу барқро ҷамъ меоранд ва чун пулиси ахлоқ аз пайи ҷавонҳо мегарданд, то мабодо шабнишиниҳои Ҳеллоуин баргузор кунанд.

Аммо фармони ахир ба муаллимони макотиби Тошканд дар муқоиса бо амрҳои дигар як сару гардан баланд буд. Устодон акнун бояд тамоми шаб кор кунанд, то сохтори гармидиҳӣ дар мактабҳо аз кор намонад.

Радиои Озодӣ як нусхаи дастури раҳбари яке аз мактабҳои Тошкандро дастрас кард, ки дар он устодон муваззаф шудаанд, зимистонро бидуни хисорот то баҳор бирасонанд. Бар пояи ин дастур ва бо ҳадафи санҷиши ҳушёрии устодон, онҳо дар тӯли кор дар басти шабона бояд ду дафъа аз тариқи телефон бо директори мактаб дар тамос шаванд ва ба ӯ дар бораи кори маркази гармидиҳӣ гузориш диҳанд.

Як муаллима, ки нахост номаш гуфта шавад, ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, ки мактабҳо ва кӯдакистонҳо дар пойтахти Узбакистон гурӯҳҳоеро иборат аз чаҳор устод таъсис додаанд, ки бояд сохтори гармидиҳиро монитор кунанд. “Ман дар як моҳ ду дафъа дар басти шабона кор мекунам. Ман ва муалимҳои дигар, ки шабона дар сари кор ҳастем, ҳар лӯларо месанҷем, то мутмаин шавем, ки онҳо дар ҳолати корӣ қарор доранд,” - мегӯяд ин муаллима.

Кори шабона барои устодони макотиби Тошканд ройгон аст ва онҳо аз ин шабзиндадориҳо маблағе дарёфт намекунанд. Ҳарчанд ин гуна имтиёз дар қонунҳои Узбакистон зикр шудааст. Муаллимаи ҳамсӯҳбати мо гуфт, “барои кор дар басти шабона мо таҷҳизоти зарурӣ дорем, ба мо чойҷӯшони “Тефал” доданд ва ҳам чойнику пиёла.”

Як масъули бахши Тошкандии вазорати маорифи Узбакистон, ки худро муаррифӣ накард, ба радиои "Озодӣ" гуфт, барои аввалин бор аст, ки муаллимони макотиб ба мониторинги сохтори гармидиҳӣ ҷалб шудаанд. “Ҳар сол ҳодисаҳои аз кор мондани сохтори гармидиҳӣ рух медод, мисли кафидани қубурҳо, ки боиси хисороти ҷисмонӣ мешуд,”- гуфт ин мақоми вазорати маориф.

Тадобири монанд ба ин дар бемористонҳои Тошканд низ анҷом шудаанд ва акнун табибҳои Тошканд як чашм ба сӯи бемор ва чашми дигарро ба сӯи лӯлаҳои маркази гармдиҳӣ доранд, ки мабодо шикоф нашаванд.

Маркази гармидиҳии Тошканд, ки аз замони шӯравӣ мерос мондааст, дар ҳоли вахим қарор дорад ва бозсозии оҷилро тақозо мекунад.

Агар дар Тошканд маркази гармидиҳӣ, ин мероси тамаддуни боқимонда аз замони шӯравиро ҳамчун мардумаки чашм эҳтиёт мекунанд, дар манотиқи дур аз пойтахт мардум кайҳост, гармидиҳии марказиро фаромӯш кардаанд.

Барои намуна, дар вилояти Хоразми Узбакистон устодон талабаҳоро маҷбур мекунанд, ки бо бастаи ҳезум ба синфхона ҳозир шаванд, то оташ дар бухории чӯянии синфхонаҳо хомӯш нашавад. Волидони бачаҳо дар Хоразм ду роҳ доранд - ё пули ҳезумро медиҳанд ё бачаи худро бо дарзаи чӯбу чахс ба мактаб мефиристанд.
XS
SM
MD
LG