Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Забонхат медиҳам, ки Рӯзи Валентинро ҷашн намегирам...”


Донишҷӯён дар Ӯзбакистон ба маъмурияти донишгоҳҳо ваъдаи хаттӣ медиҳанд, ки дар ҳеч сурат Рӯзи Валентинро ҷашн нахоҳанд гирифт.

Бино ба хабари бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ, аз донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Ӯзбакистон, Донишгоҳи забонҳои ҷаҳон ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Урганҷ талаб шудааст, ки бо ваъдаи ҷашн нагирифтани Рӯзи Валентин ё иди дилдодагон забонхат диҳанд.

ҶАНГИ ХАДАМОТИ АМНИЯТ БО РӮЗИ ОШИҚОН

Гирифтани хабонхат аз ҷавонон баъд аз он шурӯъ шуд, ки бо ширкати кормандони Хадамоти амнияти миллии Ӯзбакистон (СНБ) дар Донишгоҳи миллии Ӯзбакистон ва Донишкадаи тиббии Тошканд дар бораи зарари таҷлил аз Рӯзи Валентини Авлиё бо донишомӯзон суҳбату дарсҳои тарбиявӣ баргузор гаштааст. Ин маърака ҳамчунин дар литсейи вобастаи Академияи тиббии Ӯзбакистон ҷараён ёфта, дар ин ҷо намояндаи СНБ низ суханронӣ кардааст.

Як манбаъ ба бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки вазорати маорифи Ӯзбакистон ба раҳбарони ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дастур додаанд, ки аз таҷлили Рӯзи Валентин дар миёни дастпараврони худ пешгирӣ кунанд. Ин манбаъ мегӯяд: «Рӯзи чаҳоршанбе соатҳои табриявии ҳамаи мактабу омӯзишгоҳҳо ба ин масъала бахшида мешавад. Куратори мо дар СНБ ҳамаро огоҳии сахт додааст, ки назорат барем ва аз ҳама гуна аломатҳои ин ид дар байни хонандагон пешгирӣ кунем. Дар соати тарбиявӣ мо бояд ба хонандагон гӯем, ки Рӯзи Валентини Авлиё ба менталитети мо мувофиқ нест.»

ВАЛЕНТИН ДАР ХУТБАҲОИ НАМОЗИ ҶУМЪА

Ҷашни ошиқон ё Рӯзи Валентини Авлиё имсол ба рӯзи ҷумъа рост меояд ва аз имомхатибон даъват шудааст, ки дар мавъизаи намози ҷумъа аз зарари таҷлили ин ид суҳбат кунанд ва мухолифати Исломро ба ин ид таъкид намоянд. Шӯъбаи фатвои Идораи мусулмонони Ӯзбакистон матни хутбаи намози ҷумъаро омода кардааст, ки дар он гуфта мешавад, таҷлил аз Рӯзи Валентин ба тақвои пайравони ислом осеб мерасонад.

Раҳбари шӯъбаи фатвои Идораи мусулмонони Ӯзбакистон Шайх Абдулазизи Мансур ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мавъиза нав нест ва ҳар сол ба имомхатибон тавсия дода мешавад: «Ҳар сол ин суҳбатҳо ҳаст. Ин ҷумъа ҳам мешавад. Хайр, онҳое, ки мекунанд, аз он бадтарашро ҳам мекунанд. Ин ҳуқуқиҳар шасх, магар ҳамиин тавр нест? Ҳар кас дар доираи озодии виҷдон ва сухан корашро кардан гирад. Вале дар дини мо тақлид аз динҳои дигар манъ аст.»

ИДИ ТОҲИРУ ЗӮҲРО Ё РӮЗИ БОБУР?

Пешниҳодҳои таъсиси Рӯзи Тоҳиру Зӯҳро ё Бобур дар ивази Рӯзи Валентин дар Ӯзбакистон ба ҷое нарасид ва сол ба сол тарафдорони 14 феврал рӯ ба афзоиш доранд. Дар Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, ки ин рӯз бо номи Рӯзи Лайлӣ ва Маҷнун ёд шавад.

Як ҷавон аз ноҳияи Ҳазораспи вилояти Хоразм мегӯяд, барои духтари дӯстдоштааш, ки Зӯҳро ном дорад, ангуштарии тило харидааст ва дар рӯзи иди ошиқон онро тақдим хоҳад кард: “Бесабронаи рӯзи ошиқонро интизорам. Ангуштарии тило харидаам. Ман 17-солаам ва маҳбубаам низ 17-сола аст. Занг зада, ҷои мулоқотро таъин кардам. Дар иди гузашта ба вай Айфон 4 тӯҳфа карда будам."

Ба гуфтаи ин ҷавон, ки худро Тангриберган муаррифӣ кард, дӯстони дигари ӯ низ ҳадяҳои идона омода мекунанд ва аксари духтарон мехоҳанд, ки ҷавонон ба онҳо телефонҳои ҳамроҳ тӯҳфа кунанд.

Ҳарчанд Рӯзи Валентин дар Ӯзбакистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ як иди нисбатан нав аст ва асосан ҷавонон онро қабул кардаанд, бархе аз мардону занони аз 40-сола низ ин рӯзро интизорӣ мекашанд.

Шарофат (номи ивазшуда), зани 42-сола аз маҳаллаи Кӯйлуки Тошканд, мегӯяд, чашм ба тӯҳфаи қиматбаҳо дорад: “Аз шавҳарам ҷудо шудаам, аммо бо як марди калонсолтари бадавлат муносибат дорам. “Спонсор” мегӯям вайро. Ҳар сол дар 14-уми феврал бароям тӯҳфа медиҳад. Тӯҳфаҳои қиматбаҳо.”

Марди 38-сола аз Фарғона бо номи Фурқат, ки дар як ширкати хориҷӣ кор мекунад, гуфт, ба маҳбубаи худ дар Рӯзи Валентин соати швейтсарие ҳадя мекунад, ки ба 1200 доллар харидааст.

ОМОДАГИИ ГУЛФУРӮШОН

Аммо тӯҳфаҳои гаронбаҳо ба буҷаи ҳама рост намеоянд ва бисёриҳо ба маҳбубаҳои худ гул тақдим мекунанд. Ин аст, ки гулфурӯшиҳо ин идро як рӯзи пурдаромади худ мешуморанд.

Ҳилола, соҳиби як дӯкони гулфурӯшӣ дар маҳаллаи Челонзори Тошканд мегӯяд, дар арафаи Рӯзи Валентин савдои ӯ ба авҷ мерасад ва барои ин на танҳо гул, балки тӯҳфаҳои дигареро низ овардааст: “Ҳадяҳои гуногун дорем. Аз тамоми навъи гул гирифта, то ҷомҳои шаробнӯшӣ. Имсол як хадамоте ташкил кардем, ки ба рӯйи ҳадяҳо бо ҳарфи заррин ном ё орзуву паёмҳои табрикиро ҳам навишта медиҳем.”

Корманди гулхонаи “Урикзор”-и Тошканд изҳор дошт, ки дар ин рӯзҳо бештарин миқдори гули он ба тариқи умда ба фурӯш меравад.

РӮЗИ ВАЛЕНТИН ДАР ТОҶИКИСТОН

Маркази ҷомеашиносии "Зеркало" муайн кардааст, ки 59 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон аз Рӯзи Валентин огаҳӣ дошта, сеяки тоҷикистониҳо гуфтаанд, ки Рӯзи Валентинро ҷашн мегиранд.

Афроди мазҳабии Тоҷикистон мегянд, агар ҷавонони тоҷик аз хусусияти динӣ доштани ин ид огоҳ шаванд, аз таҷлили он даст хоҳанд кашид. Таьрихи ин ид ба давраҳои аввали масеҳият бармегардад ва ба номи роҳиби насронӣ Валентини Муқаддас пайванд дорад, ки бо фармони императори Рим Клавдийи 2 барои даъвати динӣ дар байни ҷавонон ба қатл маҳкум шуд.

Рӯзи қатли ӯ -- 14-уми феврал дертар аз тарафи калисои масеҳӣ қонунӣ гардид. Бо мурури солҳо саргузашти Валентин ба устураи ишқ табдил ёфт. Бино бар яке аз ривоятҳо император Клавдий шахсе унвон мешавад, ки намехост, сарбозонаш оиладор шаванд, зеро он гоҳ хуб нахоҳанд ҷангид ва Валентин, баръакс ба ошиқон дилсӯзӣ мекарду ба таври пинҳонӣ издивоҷи онҳоро созмон медод. Аз ин ҷо ривояте боқӣ монд, ки Валентин ба ишқу муҳаббат ва сулҳу осоиш даъват мекард.

Дар Ӯзбакистон сар аз соли 2012 ин ид ҳадафи таъқиб қарор дошта, он вақт дар ин ҷо китобчае бон номи “14 феврал Рӯзи ошиқон нест” аз тарафи маркази “Маънавият ва маърифат” нашр ва дар байни ҷавонон паҳн карда шуд.
XS
SM
MD
LG