Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоизаи адабии Садриддин Айнӣ ба тарҷумони китоби "Эмомалӣ Раҳмон жасорати".ВИДЕО


Нависандаи узбакзабон Амонбой Ҷуманов -- тарҷумони китоби “Эмомалӣ Раҳмон жасорати», барандаи ҷоизаи адабии Садриддин Айнӣ шуд. Маросими ҷоизасупорӣ ба ин адиб рӯзи 30-уми июн дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сурат гирифт.

То имрӯз дар Тоҷикистон ва берун аз он беш аз 100 китоб дар бораи президенти Тоҷикистон ва 22 китоб бо муаллифии Эмомалӣ Раҳмон нашр шудааст.

Ҳайати раёсати ин созмони эҷодӣ дар ҷаласаи ахираш гуфт, ки Амонбой Ҷуманов барои нашри тарҷумаи китобҳояш ба забони узбакӣ - “Эмомалӣ Раҳмон жасорати” (“Корномаи Эмомалӣ Раҳмон”, муаллифон: Леонид Чигрин ва Ато Ҳамдам), «Жасур қизи» (“Духтари ҷасур”) ва «Эътироз» (қиссаи Саттор Турсун) ба забони узбакӣ, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ шудааст. Дар ин ҷаласа инчунин нависандаи тоҷики муқими Узбакистон Шариф Халил ҳамчун узви ифтихорӣ пазируфта шуд.

Амонбой Ҷуманов - нависанда ва тарҷумон дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 4 июл гуфт, то имрӯз роҷеъ ба фаъолияти президенти Тоҷикистон ба забони узбакӣ китоби зиёде нашр нашудааст. Вай гуфт, аз он, ки барои нашри тарҷумаи китоб соҳиби ҷоизаи адабии Садриддин Айнӣ шуд, хеле хушҳол аст. Вале ӯ гуфт, дарёфти ҷоизаро маҳз ба хотири роҷеъ ба президент будани он қабул надорад ва мегӯяд, “ҳеҷ гоҳ дар фикри ҷоиза набуд”.

Амонбой Ҷуманов мегӯяд, “баъзеҳо фикр мекунанд, ки гуё ман махсус барои дарёфти ҷоиза ин китобро тарҷума карда бошам, вале ман ҳеҷ вақт хонандаро фиреб намекунам. Китоби “Эмомалӣ Раҳмон жасорати»-ро се сол қабл тарҷума намуда будам, лекин ягон нашриёт чоп карда натавонист ва моҳи сентябри соли гузашта ба чоп нашр кард. Вале инро ман махсус тарҷума накардаам ва ман одати махсус барои мукофот шуда асар наменависам ва асареро тарҷума намекунам”.

То имрӯз дар Тоҷикистон ва берун аз он беш аз 100 китоб дар бораи президенти Тоҷикистон ва 22 китоб бо муаллифии Эмомалӣ Раҳмон нашр шудааст. Ин китобҳо ба забонҳои хориҷии зиёд тарҷума шудаанд. Бархе мунаққидон чопи китобҳо дар ҳаққи президентро кеши шахсияти раиси ҷумҳурӣ меноманд ва мегӯянд, ин падида на танҳо дар адабиёт, балки дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, саҳифаҳои матбуот ва барномаҳои телевизион ҳам бараъло эҳсос мешавад.

Вале нависандаву мутарҷими узбакзабон Амонбой Ҷуманов мегӯяд, солҳои охир мизони чопи адабиёти бадеиву публисистӣ ба забони узбакӣ, вуруди адабиёти бадеӣ ба ин забон аз Узбакистони ҳамсоя шадидан кам шудааст. Дар ҳоле, ки солҳои шӯравӣ адибони сокини Иттиҳоди Шӯравӣ метавонистанд бидуни мушкил китобҳои худро ба забони модарӣ ва ҳам тарҷумаи онро дар ҳар нуқтаи ин кишвари азим чоп кунанд. Охирин тарҷумаи Амонбой Ҷуманов - маҷмӯаи “Афсонаҳои халқи тоҷик” таҳти унвони “Қайсар чумчуқ” (“Гурҷишки якрав”) ба забони узбакӣ дар Тошканд бо теъдоди 150 ҳазор нусха нашр шуда буд.

Ҷуманов мегӯяд, эҳтиёҷ ба адабиёти узбакӣ дар Тоҷикистон хеле зиёд аст ва ташнагии садҳо ҳазор узбактабороне, ки дар ин қаламрав зиндагӣ мекунанд, ба адабиёти бадеиву навиштаҳои нависандагони муосиру даврони истиқлол, кам нест. Ҳоло дар Тоҷикистон 10 узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ҳастанд, ки ба забони узбакӣ эҷод мекунанд. Шоири маъруф Улмас Ҷамол ҳафтаи гузашта даргузашт.

Дар миёни адибони муосири узбакзабони Тоҷикистон - Эшмуҳаммад Донахонов, Ҷурахон Аҷибов, Урунбой Усмонов ва чанд нафари дигарро ном бурд. Худи Ҷуманов ҳоло бо тарҷумаи китоби “Роҳи абрешим”-и Ато Ҳамдам машғул аст ва қарор аст дар нашриёти “Жаҳон адабиёти”-и шаҳри Тошканд ба чоп расад.

Ҷуманов гуфт, аз гарму наздиктар шудани робитаҳои сиёсиву фарҳангии Узбакистону Тоҷикистон умеди хеле зиёд дорад ва умедвор аст, ки аз ин ҳамкориҳо пеш аз ҳама аҳли эҷод ва ҳунари ду кишвар ҳамчун нерӯи пешбарандаи фарҳангии ҷомеаҳои худ бурд хоҳанд кард.

Зимнан, Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон низ ният дорад, ки барои тавсеаи ҳамкориҳои адабии миёни ду кишвар бо созмони адибони Узбакистон дар Тошканд созишномаи нави ҳамкорӣ ва мубодилаҳои адабӣ имзо кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG