Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Риши мушкилзои таронасарои узбек ва муроҷиаташ ба Шавкат Мирзиёев


Санҷар Ҷавбердиев, яке аз таронанависони маъруфи Узбекистон, ба раиси ҷумҳур Шавкат Мирзиёев шикоят кардааст, ки маҳз барои ришаш ӯро ба телевизионҳо ва маъракаҳои давлатӣ роҳ намедиҳанд.

Ӯ, ки бо номи Сан Ҷей маъруф аст, рӯзи 8-уми октябр бо нашри як видеое дар Ютуб ба раиси ҷумҳури Узбекистон муроҷиат кард. Дар ин видео мегӯяд, 3 сол пеш аз Русия ба ватанаш бозгашт, ки то дар “рушди мусиқии поп” дар Узбекистон саҳм гузорад.

Санҷар аз он ёдовар шудааст, ки чӣ гуна Шавкат Мирзиёев соли 2016, баъди расидан ба қудрат, аз ҳамватанонаш хост, барои хидмат ба ватанашон ба Узбекистон баргарданд, ки то ин замон зери дасти Ислом Каримов кишвари бастае буд.

Ба гуфтаи Сан Ҷей, ӯ дигар дар ҷашну маросими хусусӣ ҳунарнамоӣ мекунад, чун мақомот возеҳ нишон додаанд, ки барои ришаш ӯро ба ҷашну маросими давлатӣ роҳ намедиҳанд. Аз ҳаққи баргузор кардани консерт ҳам маҳрум аст.

Сан Ҷейи 41-сола ба Шавкат Мирзиёев муроҷиат мекунад, ки дар гирифтани иҷоза барои баргузории консерташ мусоидат намояд. Баъди бозгашт дар соли 2016 ӯ натавонистааст, дар Узбекистон консерт баргузор кунад.

Ӯ дар муроҷиати видеоиаш мегӯяд: "Як моҳ пеш тамоми санадҳои лозимӣ, аз ҷумла санадҳои Идораи умури дохилиро барои баргузории консерт пешниҳод кардам. Пули санадҳоро пардохтам, вале ба ман иҷоза надоданд."

Сан Ҷей як қабза риши мошубиринҷ дорад ва дар видеову аксҳо бо кулоҳ зоҳир мешавад. Роҷеъ ба ислом ҳам тарона намесарояд ва қиёфаи ҷавони эътиқодмандро ҳам надорад. Ӯ мегӯяд, “Риши ман маънои онро надорад, ки ман ният дорам, касеро насиҳат ва ё ба сиёсат дахолат кунам.”

Таронсарои узбек дар айни ҳол мегӯяд, қасди гирифтани ришашро ҳам надорад, чун қонун ҳеҷ касеро аз ҳаққи гузоштани риш маҳрум накардааст. Ӯ меафзояд: “Ман аз онҳое, ки риши маро хуш надоранд, узр мехоҳам, вале онро наметарошам.”

Баъд аз муроҷиати видеоии Санҷарбек Ҷавбердиев, дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Узбекистон ба он вокунише нишон надодааст. Овозхонҳои Узбекистон барои баргузории консерт, ширкат дар ҷашну маросимҳо ва ҳузур дар телевизиону радио, сабту нашри таронаҳояшон бояд иҷозанома дошта бошанд. Иҷозанома бештар аз 2 ҳазор доллар арзиш дорад ва бояд ҳар сол тамдид карда шавад.

Мақомоти Узбекистон дар гузашта баъзе аз овозхонҳоро барои ба гуфтаи онҳо либосҳои беадабона, ё сарпечӣ аз пахтачинӣ аз ҳаққи ҳунарнамоӣ маҳрум кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG