Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Риши беойин ва як бому ду ҳавои Чин (аз мушоҳидаҳо)


Фарзони Муҳаммадӣ, рӯзноманигор, ровӣ ва филмбардори тоҷик

РИШ-барои иддае мардон мояи ифтихору савобу зебоист ва барои иддае мояи вақткушиву ҳатто "дарди сар". То замони таҳсил дар Чин барои ман на ину на он буд, вале бо баробари ворид шудан ба ҳудуди ин сарзамини ҳамеша дар ташвиш сиёсати "ин қадар риш чӣ маънӣ дорад"-ро бифаҳмидам. Фаҳмидани духӯра)))

РИШ ДАР ШИНҶОН- вилояти мухтори Чин, ки минтақаи дорои сокинони мусулмонтабор аз ҳисоби уйғурҳо, узбакҳо, дунганҳо, қазоқу қирғиз ва ҳатто тоҷикҳо аст, бештар мояи "дарди сар" аст. Ман дар кӯчаву бозорҳо ва ҳатто масҷидҳо боре ҳам сокинони ришдорро надидаам. Чӣ ҷавону чӣ пир. Дар ҳайрат меафтодам, ки шояд мазҳаби инҳо дигар бошаду риш носавоб аст. Вале баъдан дар мулоқотҳои аввали масъулини Донишгоҳи Давлатии Шинҷон (新疆大学 - Xinjiang Daxue), ки муҳассили онҷо гардида будам, чун таъкид ба надоштани риш гардид, фаҳмидам чаро онҳо ришашонро қоқ метарошидаанд.

Дар мавриди аҳамияти доштан ё надоштани риш дар Урумчӣ (маркази вилояти Шинҷон) шояд ҳеҷгоҳ фикр намекардам, агар шоҳид ба чолишҳои донишҷӯ-ришдорҳо намегардидам. Мушкил дар он буд, ки ин "сиёсат" нафақат барои мусулмонони мизбон, балки мусулмонони меҳмон ҳам роиҷ будааст. Яъне устодон дар мо- донишҷӯёни хориҷӣ агар андаке ҳам дар зер ва ё пушти лаб сабзиши мӯйро медиданд, аллакай ба суҳбатҳои хоса даъват мекарданд ва ё таҳдид ба ихроҷ менамуданд.

Дар зимн воқеан чанд тан аз ҳамдарсони мо бо ҳамин "риши пурташвиш" мувоҷеҳ ба қатъи таҳсил шудаанд. Аҷиб ин буд, ки ҳатто ҳамдарсони амрикову аврупоиямон, ки ба дин сару коре надоштанд маҷбур буданд бериш ба дарс биёянд. Яъне муносибат ба риш яксон ва дар чеҳраи дорандаи риш шахси машкукро медиданд...

РИШ ДАР ХАНГҶОУ маркази устони Ҷеҷианг, ки яке аз шаҳрҳои пешрафтаву мутараққӣ ва дорои чиниҳои қадима аст, як мояи ифтихору зебоист. Ман назар ба ун вилояти мусулмоннишин дар инҷо, ки чиниҳои асил зиндагӣ мекунанд бештар ришдорҳои мизбону меҳмонро медидам. Ришдорҳои мизбон ин ҳамон қавми ДУНГАНҳост, ки аз падари араб ва модари чинӣ пайдо шудаанд ва бештар дар равнақи ислом онҳо дар ин кишвари коммунистӣ устувор мондаанд. Ришдорҳои меҳмон ин ҳамаи донишҷӯёни сайёҳон ва тоҷирони тамоми кураи замин. Чун худи чинитаборҳо дар рӯй ва пушти лабашон мӯй намесабзад, ба як шахси ришдор хеле бо муҳаббат ва бо эҳтиром назар мекунанд. Ҳатто мехоҳанд аз наздик дӯстӣ пайдо кунанд ва ба нишастҳо даъват намоянд.

Аксари ҳамтаҳсилонам, ки дар коллеҷи муҳассилини хориҷии Ҷеҷианг (浙江外国学院- zhejiang waiguo xueyuan) мехондем риш доштанд. Чунки ҳам аз ҷониби масъулини колеҷ ягон маҳдудият набуд ва ҳам доштани риш боис ба пайдоиши шансу имконияти зиёд буд. Яъне чун чиниҳои дохилӣ (ғайримухторӣ) дар чеҳраи ришдор на инсони машкук ё тобеи дин, балки як фарди хориҷиро медиданд ба чорабиниҳои мухталиф, дискоклубҳо ва ҳатто сабти филму наворҳои таблиғотӣ ки дар паяш музди хуб ҳам ба даст меояд даъват менамуданд. Аммо чаро муносибат бо риш дар ин кишвари пурташвиш духӯра аст? Саволест ки ҳеҷ аз зеҳнам дур намеравад.

Аз Идора. Матолибе, ки дар гушаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG