Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Узбекистон 64 кудакро аз Ироқ ба Тошканд оварданд


Субҳи 11 октябр ҳамовпаймое дар фурудгоҳи Тошканд нишаст, ки 64 кудакро аз Ироқ ба Узбекистон рвард. Дар ин бора сафаири ин кишвар дар ИМА Явлон Ваҳҳобов хабар дод:

"39 писарбача ва 25 духтарча оварда шуданд, - хабар дод дипломат. - Аз ҷумла 14 нафари онҳо поинтар аз се сол доранд ва дуи дигар тифлони навзоданд".

Падару модари аксарияти ин кудакон барои он ба Ироқ ва Сурия рафтанд, ки ба гуруҳи ваҳшатафкани "Давлати Исломӣ" ва дигар ниҳодҳои тундгаро бипайванданд. Пас аз торумор шудани ДИ онҳо ё кушта ва ё боздошту ба маҳбасҳо фиристода шудаанд.

Ба гуфтаи Ваҳҳобов, бозгардони кудаконро шахсан раисиҷумҳури Узбекистон Узбекистана Шавкат Мирзиёев таҳти назорат дошт.

Моҳи майи соли 2019 гдар чаҳорҷчби чунин амалиёти башардустона Узбекистон 156 шаҳрванди худро аз Ховари Миёна бозгардонд. Чунин барномаҳоро Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Гурҷистон ва кишварҳои дигар низ пеш мебаранд.

Шаби 30-юми апрели соли равон мақомоти тоҷик 84 кӯдаку наврасро тавассути ҳавопаймои ширкати ироқии Fly Erbil аз Бағдод ба Душанбе оварданд.

Баъзеи ин кӯдакон чанд сол пеш ҳамроҳи волидони худ ба маҳалли ҷанг дар Ироқ рафта, бархеи дигар дар онҷо ба дунё омадаанд. Дар ҳоле ки падарони аксари онҳо ба ҳайси ҷангҷӯи ДИИШ кушта, фирорӣ ё беному нишон шудаанд, модаронашон дар зиндонҳои Бағдод нигаҳдорӣ мешаванд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз соли 2014 тақрибан 1900 шаҳрванди кишвар, аз ҷумла занону кӯдакон ба қаламравҳои Сурияву Ироқ рафтаанд. То ҳол хабари марги беш аз 300 нафари онҳо расидааст. Баъди кушта шудани аксар ҷанҷгӯён, оилаҳои онҳо бесарпаноҳ монда, бо тасмими мақомоти Сурияву Ироқ дар урдугоҳҳои махсус ҷой дода шуданд.

Додгоҳи вижаи Бағдод даҳҳо зани тоҷикро ба муддатҳои тӯлонии зиндон ва чанде аз онҳоро ба ҳабси абад маҳкум кард. Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Ироқ, ки барои баргардонидани кӯдакони тоҷик вазифадор шудааст, моҳи январ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, аз 43 зани тоҷик, 15 нафарашон ризоият надоданд, ки кӯдаконашон ба ватан фиристода шаванд. Сарнавишти ояндаи ин тифлон норӯшан боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG