Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кормандони тибби Ӯзбакистон ба ҷамъоварии пору сафарбар шуданд


Соли 2015 дар водии Фарғона аз хонандагони мактаб тақозо шуда буд, ки пору ҷамъоварӣ кунанд
Соли 2015 дар водии Фарғона аз хонандагони мактаб тақозо шуда буд, ки пору ҷамъоварӣ кунанд

Кормандони Маркази давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ дар вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон шикоят доранд, ки бо дастури раҳбарият бояд ба ҷамъоварии пору машғул шаванд. Онҳо мегӯянд, ки аз боло дастур шудааст, то ба хонаҳои сокинони маҳаллӣ рафта, ҳаҷми поруро муайян ва рӯйхат карда, ба кишоварзон тақсим кунанд.

Солиёни зиёд аст, ки ҳукумати Ӯзбакистон дар гузоришҳои созмонҳои ҳуқуқи башар барои истифодаи нирӯи кории арзон ва бемузди кормандони сохторҳои буҷавӣ, аз ҷумла кормандони тиб дар мавсими чиниши ҳосили пахта ва гандум мавриди интиқод аст. Ин гурӯҳҳо мегӯянд, ки дар мавсими

Зеро дар деҳот газ нест ва мушкили барқ низ доранд. Мардум поруро тапак карда, ба ҷои сӯзишворӣ дар омода намудани ғизо ва гарм кардани хонаҳо истифода мебаранд.

пахтачинӣ тирамоҳи ҳар сол дар баробари мактабиёну донишҷӯён ва омӯзгорон, ходимони тиб ҳам аз фаъолиятҳои касбии худ канда шуда, ба ҷои муроқибати беморон бо кори сангини кишоварзӣ машғул мешаванд. Дар сурати рад шудани талаби мақомот, ба онҳо берун шудан аз кор таҳдид мекунад.

40 табибу парастор дар ҷустуҷӯи пору

Як парастор аз ноҳияи Шӯрчии Сурхондарё мегӯяд, мақомоти маҳаллӣ табибону омӯзгоронро ба нерӯи ройгону кормандони бидуни ихтисос табдил додаанд. "Ба корҳои бемузд ҳамеша табибон ва омӯзгорон ҷалб мешаванд. Ҳоло 40 табибу парастор ба гуруҳҳо тақсим ва ба деҳаҳо сафарбар шудаанд. Мо ба ҳар хона даромада, муайян мекунем, ки чанд тонна пору доранд ва оё соҳибхона мехоҳад онро фурӯшад ё не. Агар ӯ розӣ шавад, мо онро дар дафтар қайд мекунем ва ба кишоварзон мерасонем, то бихаранд", - афзуд вай. Ба гуфтаи табибон, бештари сокинон намехоҳанд, поруро фурӯшанд.

"Зеро дар деҳот газ нест ва мушкили барқ низ доранд. Мардум поруро тапак карда, ба ҷои сӯзишворӣ дар омода намудани ғизо ва гарм кардани хонаҳо истифода мебаранд. Ҳар вақт онҳо поруро нафурӯшанд, мо талаб мекунем, ки барои давлат 1-2 халта диҳанд", - изҳор дошт парастор.

"Пору аҳамияти ҷумҳуриявӣ дорад"

Мусурмон Эшонқулов, муовини сардухтури МДНСЭ Шурчи тасдиқ кард, ки кормандони ин ниҳод барои ҷамъоварии пору ба деҳот сафарбар шудаанд. "Пору масъалаест, ки аҳамияти давлатӣ ва ҷумҳуриявӣ дорад. Бо ин роҳ мо ба кишоварзон кумак мерасонем, то поруро дар пешорӯи мавсими кишт захира кунанд. Кормандони мо хона ба хона мегарданд, то вазъи тозагию санитариро назорат кунанд. Онҳо ба сокинон мефаҳмонанд, ки пору ё партовҳоро дар хонаҳо нигаҳ надоранд", - гуфт Эшонқулов.

Сурхондарё яке аз манотиқи кишоварзии Ӯзбакистон аст
Сурхондарё яке аз манотиқи кишоварзии Ӯзбакистон аст

Хабарнигорони бахши Ӯзбакии радиои Озодӣ мушаххас кардаанд, ки ходимони тиб ба ҷамъоварии пору бо як дастури бевоситаи раиси вилояти Сурхондарё ва ҳам нахуствазири ин кишвар сафарбар шудаанд. Як намояндаи ҳукумати маҳаллӣ ба шарти ошкор нашудани номаш гуфтааст, ки гаштҳои кормандони тиб дар ҷустуҷӯи пору аз рӯи рӯйхати сокинони маҳаллӣ сурат мегирад.

Табибон - нирӯи арзони корӣ

Ҳанӯз мушаххас нест, ки то куҷо дастури ҷамъоварии пору ба ходимони тиби дигар манотиқи Ӯзбакистон ҳам дода шудааст ё на. Ҳамчунин мақомот намехоҳанд масъаларо аз назари нақзи ҳуқуқи корӣ ва шаҳрвандии кормандони тиб бубинанд. Вале соли 2015 сокинони ноҳияи Учкӯпруки вилояти Фарғона гуфтанд, ки айни корро ходимони тибби маҳаллӣ анҷом додаанд. Ҳамон сол дар ноҳияи Уйчии вилояти Намангон аз ҳар як шогирди мактаб талаб шуда буд, ки як халтагӣ поруро ба мактаб супоранд.

Озодлик

XS
SM
MD
LG